СИЁСАТИ МУВАФФАҚ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
(Дар ҳошияи сафари кории Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19.11.2026)
Дар шароити мураккабу тағйирёбандаи низоми муносибатҳои байналмилалии муосир, ки бо таҳаввулоти босуръати геосиёсӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои минтақавӣ ва зуҳури чолишҳои нави амниятӣ тавсиф мешаванд, тақвияти муколамаи доимии сиёсӣ ва густраиши ҳамкориҳои байнидавлатӣ аҳаммияти рӯзафзун касб намудааст. Дар ин замина, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва ҳифзи муносибатҳои устувору мутақобилан судманд бо ширикони байналмилаӣ, яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати хориҷӣ ба шумор меравад.
Дар низоми муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи Русия ҳамчун яке аз шарикони калидии сиёсӣ ва стартегӣ мавқеи хосса дорад. Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия марҳилаҳои мухталифи ташаккул ва таҳаввулро паси сар намуда, дар заминаи робитаҳои таърихӣ, манфиатҳои муштараки сиёсиву иқтисодӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба тадриҷан ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти худ ба ҳайси Сарвари давлат рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ бо Федератсияи Русияро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии кишвар арзёбӣ намуданд, ки ин мавқеъ дар заминаи манфиатҳои миллӣ ва зурурати тақкими давлатдории миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамчун давлатҳои соҳибистиқлол манфиатҳои зиёди муштарак, минтақавӣ ва байналмилалӣ доранд, аз қабили таҳкими ҳамаҷонибаи пояҳои истиқлолият, рушди устувору динамикӣ, сулҳу суботи дохилӣ, амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ғайраҳо. Алоқаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, технологӣ, ҳарбию стратегӣ, маданӣ ва анъанаҳои ҳамкории байни ин давлатҳо дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ташаккул ёфтаанд. Мураккабтарин равандҳои динамикии дорои хусусияти минтақавию ҷаҳонӣ, ки дар охири ҳазораи дувум ва ибтидои ҳазораи сеюм ба вуқӯъ пайваст, ҳамкории пайваста ва пурмазмуни ҳарду давлатро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тақозо кард, ки самараи ҳамкориҳои дуҷониба дар солҳои соҳибистиқлоли даҳҳои маротиба афзуд. Равобити Тоҷикистону Русияро дар солҳои истиқлолият сафару мулоқотҳои судманд ташкил медиҳад, ки ин раванд заминаи мусоидро барои рушд ва таҳкими ҳамкории бисёрҷонибаи устувор фароҳам оварда, имкониятҳои навро барои ҳамкории дарозмуддат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, илм ва маориф, сайёҳӣ, нақлиёт ва логистика ва муҳоҷирати меҳнатӣ фароҳам овардааст. Ҳамин тариқ, муносибатҳои Тоҷикистону Русия хусусияти ҳамаҷониба пайдо кардаанд ва ба густариши робитаҳои байнидавлатӣ, тақвияти робитаҳои байни ниҳодҳо ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои афзалиятнок нигаронида шудаанд.
Ду давлати бародар дар як муддати нисбатан кӯтоҳи истиқлолият таҷрибаи пурқиммати ҳамкории фаъолона ва пурмазмун ҷамъ кардаанд, ки омӯзиши холисона ва ҳаматарафаро талаб мекунад. Шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни давлатҳо заминаи мустаҳками тавсеаи рӯзафзуни ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мебошанд. Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатии ду давлат дар давраи соҳибистиқлолии ҳарду кишвар ба ранги дигар касб карда, давра ба давра тақвият ёфтаанд. Дар ин раванд, муколамаи мунтазами сиёсӣ ва тамосҳои сатҳи олӣ ҳамчун омили муҳимми таҳкими эътимоди мутақобила ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳои ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ нақши назаррас доранд. Иродаи сиёсӣ ва мавқеи ягонаи Роҳбариятии Олии ҳарду кишвар дар ҳалли хатарҳои воқеиву эҳтимолӣ, таҳдидҳо ба истиқлолу амнияти кишварҳо, робитаҳои ду давлатро боз ҳам мустаҳкам намудааст.
Аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар дар 8 апрели соли 1992, президентҳои Русия 16 маротиба, ҳам бо сафарҳои расмӣ ва ҳам корӣ, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид кардаанд. Владимир Путин ҳамчун раҳбари Федератсияи Русия 13 маротиба аз Тоҷикистон боздид кардааст, аз ҷумла сафари давлатӣ аз 8 то 10 октябри соли 2025, сафари расмӣ аз 16 то 18 октябри соли 2004, 4 то 5 октябри соли 2012 ва 27 то 28 феврали соли 2017. Владимир Путин инчунин ҳамчун сарвазири Федератсияи Русия дар солҳои 1999 ва 2010 аз Тоҷикистон боздид кардааст. Инчунин чанд маротиба бо сафарҳои корӣ (5 июли соли 2000, 26-28 апрели соли 2003, 5-6 октябри соли 2007, 27-28 сентябри соли 2018, 14-15 июни соли 2019 ва 28 июни соли 2022) аз Тоҷикистон боздид анҷом додааст.
Дар ин замина, сафари кории навбатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 19 – 20 ноябри соли 2026, аз рӯйдодҳои муҳимми рӯзномаи сиёсӣ ва дипломатии муносибатҳои дуҷониба ба шумор меравад. Сафари мазкур бо даъвати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон сурат гирифта, дар меҳвари он баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русия, муайян намудани самтҳои афзалиятҳои ҳамкориҳои минбаъда, таҳкими заминаҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ, инчунин табодули назар атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ қарор доранд. Аз ин ҷиҳат сафари мазкурро метавон дар заминаи идомаи муколамаи сатҳи олии сиёсӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ унвон кард.
Ин сафар дар замоне сурат гирифт, ки ҳамкории байни Тоҷикистон ва Русия, на танҳо бо сатҳи баланди муколамаи сиёсӣ, балки бо фарогирии васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар масъалаҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ тавсиф мешаванд. Аз ин лиҳоз, ин сафарро на танҳо ҳамчун идомаи мантиқии муколамаи сиёсӣ, балки ҳамчун имконияти муҳим барои баррасии дурнамои мавҷуда, муайян кардани уфуқҳои нави ҳамкорӣ ва тақвияти пояҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии муносибатҳои Тоҷикистону Русия низ метавон дид. Аз ҷумла, таваҷҷӯҳ ба амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика, инчунин робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона метавонад ба муайян кардани афзалиятҳои нав дар рӯзномаи дуҷониба мусоидат мекунад. Умуман, аҳамияти ин сафар дар он аст, ки он барои ҳамоҳангсозии манфиатҳои миллӣ ва мутобиқ кардани шаклҳо ва усулҳои нави ҳамкорӣ ба талаботи марҳилаи нави рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ки реша дар муносибатҳои таърихан муқарраршудаи байни ду кишвар дорад, фароҳам меорад.
ШАРИФЗОДА Искандар - ходими илмии шуъбаи ИДМ – и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ