ПАРЧАМ - НИШОНАИ СОҲИБИХТИЁРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

images (51).jpg

Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои ҳар як давлат ба шумор меравад ва таҷассумгари истиқлолу озодӣ, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандории мардум мебошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами давлатӣ на танҳо рамзи муқаддаси миллӣ, балки нишонаи шинохти давлат дар арсаи байналмилалӣ низ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо парчами худ муаррифӣ мегардад. Ҳар куҷое, ки парчами серангаи Тоҷикистон, аз ҷумла сурх, сафед ва сабз барафрохта мегардад, он аз мавҷудияти давлати мустақил, таъриху фарҳанги қадима ва миллати соҳибтамаддуни тоҷик дарак медиҳад.

Бояд иброз кард, ки парчам рамзи эҳтиром ба гузашта, масъулият дар назди имрӯз ва умед ба ояндаи дурахшони кишвар мебошад. Маҳз тавассути ин рамзи муқаддас Тоҷикистон дар чорабиниҳои сиёсӣ, дипломатӣ, фарҳангӣ ва варзишии ҷаҳон ҷойгоҳи худро нишон медиҳад. Яке аз муҳимтарин самтҳои муаррифии соҳибихтиёрии Тоҷикистон иштироки он дар ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад, ки парчам ҷойгоҳи хосса дорад. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид. Аз соли 1992 инҷониб парчами Тоҷикистон дар назди қароргоҳи СММ дар қатори парчамҳои давлатҳои ҷаҳон парафшон аст.

Ин рӯйдод аҳаммияти бузурги таърихӣ дорад, зеро парчами Тоҷикистон дар ин ҷо нишонаи расмии эътирофи байналмилалии давлат, истиқлол ва соҳибихтиёрии он мебошад. Тоҷикистон инчунин дар созмонҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ иштирок мекунад. Дар нишастҳо, ҳамоишҳо ва конфронсҳои сатҳи баланд парчами Тоҷикистон дар баробари парчамҳои кишварҳои дигар гузошта мешавад. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун шарики баробарҳуқуқ дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ саҳм мегузорад.

Ҳамин тавр, парчам дар ташкилотҳои байналмилалӣ на танҳо рамзи давлатӣ, балки нишонаи ҳузури сиёсӣ, эътибор ва мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ намояндагиҳои расмии давлати мо мебошанд. Парчами давлатӣ дар назди ин муассисаҳо ҳамчун рамзи ҳузури Тоҷикистон дар қаламрави давлатҳои дигар парафшон мегардад, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ, таҳсил ё фаъолият мекунад, ҳангоми дидани парчами миллӣ эҳсоси ифтихор ва пайванди маънавӣ бо Ватанро эҳсос менамояд. Дар баробари он мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Нишонаи расмии намояндагии дипломатии Тоҷикистон мебошад. Эҳтироми давлатҳои хориҷиро нисбат ба рамзҳои миллии Тоҷикистон ифода намуда, барои ҳамватанони бурунмарзӣ рамзи пайванд бо Ватан ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Дар ҷараёни мулоқотҳои расмии сарони давлатҳо, вохӯриҳои дипломатӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ низ парчами Тоҷикистон дар баробари парчами кишвари мизбон гузошта, ин амал нишонаи эҳтироми тарафайн, дӯстӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки соҳаи варзиш яке аз воситаҳои муҳимми муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт низ парчами давлатии Тоҷикистон нақши махсус дорад. Ҳар вақте ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, чемпионатҳои ҷаҳон, Бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои бонуфуз иштирок менамоянд, онҳо на танҳо шарафи шахсии худ, балки шаъну шарафи давлату миллатро ҳимоя ва муаррифи менамоянд. Лаҳзаи баланд шудани парчами Тоҷикистон дар маросими ҷоизасупорӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар ифтихори бузург аст. Вақте ки варзишгари тоҷик ғолиб мегардад ва Суруди миллии Тоҷикистон садо медиҳад, парчами мо дар пеши назари ҳазорон тамошобин ва миллионҳо бинандаи телевизионӣ парафшон мегардад, эътибори кишвари мо дар сатҳи байнилалмилалӣ муаррафи мешавад. Яке аз намунаҳои барҷастаи чунин дастовардҳо пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейрои соли 2016 мебошад. Ӯ бо ба даст овардани медали тилло нахустин қаҳрамони олимпӣ дар таърихи варзиши Тоҷикистон гардид. Имрӯз низ варзишгарони тоҷик дар риштаҳои гуногун, аз ҷумла гӯштини ҷудо, самбо, бокс, таэквондо, гӯштингирӣ ва дигар намудҳои варзиш парчами кишварро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд. Пирӯзӣ на танҳо дастоварди бузурги варзишӣ аст, балки рӯйдоди муҳими таърихӣ барои тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Зеро баланд шудани парчами давлатӣ дар маросими ҷоизасупорӣ рамзи эътирофи истеъдод, заҳмат ва қобилияти варзишгарони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳар як медал, ҳар як пирӯзӣ ва ҳар як баромади муваффақонаи варзишгарони мо ба боло рафтани обрӯю эътибори Тоҷикистон мусоидат менамояд. Парчами давлатӣ моро новобаста аз миллат, забон, маҳалли зист ва мавқеи иҷтимоӣ муттаҳид сохта, рамзи ягонагии мардум ва эҳтиром ба давлату Ватан мебошад.

Дар сатҳи байналмилалӣ парчам моро ҳамчун миллати дорои таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва давлати соҳибистиқлол муаррифӣ намуда, дар назди созмонҳои ҷаҳонӣ, сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ паёми ягона дошта, имрӯз Тоҷикистонро давлати мустақил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро дорад.

Аз ин рӯ, эҳтиром ба парчами давлатӣ танҳо эҳтиром ба як порча матоъ нест, балки эҳтиром ба таърих, истиқлол, арзишҳои миллӣ ва шарафи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Ҳамин тариқ, парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҷассумгари соҳибихтиёрӣ, истиқлол, эътирофи байналмилалӣ ва шарафи миллии мардуми тоҷик мебошад. Аз СММ то сафоратхонаҳои Тоҷикистон, аз нишастҳои дипломатӣ то минбарҳои мусобиқаҳои олимпӣ дар ҳама ҷо парчами мо рамзи ҳастии давлат ва ифтихори миллат аст.

Мо, насли ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд парчами давлатиро эҳтиром намоем, онро гиромӣ дорем ва барои баланд бардоштани обрӯю эътибори Ватани азизамон саҳм гузорем. Бигзор парчами давлатии Тоҷикистон ҳамеша дар осмони софу беғубори Ватан ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон бошад!

Парчами мо - ифтихори мо, ҳастии мо ва нишонаи соҳибихтиёрии давлати мост!

Соҳиби Баҳруло, ходими калони илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

readers loved this