НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОМӮЗИШ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Пиряхҳои яке аз муҳимтарин сарватҳои табиии Тоҷикистон буда, дар таъмини амнитяти обӣ, нигоҳдории мувозинати экологӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши муҳим доранд.Тоҷчикистон бо мавқеи кӯҳсори ҷугрофии худ дорои захираҳои бузурги пиряхӣ буда, онҳо манбаи асосии ташаккули маҷрои як қатор дарёҳои минтақа ба ҳисоб мераванд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи омӯзиши ва ҳифзи пиряхҳо бо сабаби тағйирёбии иқлим ва афзоиши ҳарорати ҳаво аҳамияти маҳсус пайдо намуд. Мутаасифина, таъсири ин равандҳо боиси коҳиш ёфтани масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳо гардида, тибқи маълумоти илмӣ, то имрӯз беш аз 1000 пиряхҳ Тоҷикистон пурра аз байн рафтааст.
Бо дар назардошти ин вазъ, дар кишвар ҷиҳати таҳқиқ, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 қабул ва соли 2014 Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд. Ҳамзамон, бо ташаббусҳои байналмиллалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон масълаи ҳифзи пиряхҳо ба яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонии экологӣ табдил ёфт.
Бояд қайд кард, ки масъалаи омӯзиши пиряхҳо ва ҳифзи онҳо ду самти ҳам алоқаманд, вале аз ҷиҳати илмӣ фарққунанда мебошанд. Омӯзиш муайян намуданиА ҳолати пиряхҳо, ҳаҷм, супаъти обшавӣ, таӯйирёбии онҳо ва таъсири иқлим. Аммо ҳифз бошад – таҳияи тадбирҳои мутобиқшавӣ, мониторинги доимӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва пешгирии оқибатҳои манфии обшавии пиряхҳот мебошад. Ҳамчун далели муҳим метавон маълумоти Атласи таӯйирёбии муҳити зисти Тоҷикистонро, ки соли 2025 бо иштироки Барономаи муҳити зисти СММ нашр шудааст, истифода бурд.
Дар ин замина, омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо на танҳо вазифаи муҳими илмӣ ва экологӣ, балки масъалаи стратегии таъмини амнияти обӣ ва рушди устувори Тоҷчикистон ва тамоми минтақа ба ҳисоб меравад.
Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи обшавии босуръати онҳо заминаи муҳим фароҳам оварданд. Бо пешниҳоди Тоҷикистон Маҷмааи Умумии Созмони милали Мутаттаҳид қатъномаи элон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилали ҳифзи пиряҳҳо ва 21 мартро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул намуд. Ин ташаббус дар шароите пешниҳод гардид, ки тагйирёбиииқлим ва афзоиши харорати ҳаво боиси коҳиш ёфтани масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳо дар саросари ҷаҳон гардида истодааст.
Аҳамияти ин ташаббус дар он зоҳир мегардад, ки масъалаи хифзи пиряхҳо аз доираи таваҷҷуҳи кишварҳои алоҳида берун рафта, ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкории байналмилалӣ табдил ёфт. Ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеаи ҷаҳонӣ, густариши таҳқиқоти илмӣ, тақвияти мониторинги пиряхҳо ва ҷалби заҳираҳои молиявию техникии байналмилалӣ мебошад. Дар маҷмуъ, ин ташаббус барои муттаҳид намудани талошҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои илмӣ ҷиҳати пешгирии оқибатҳои манфии обшавии пиряхҳо ва ҳифзи заҳираҳои обии сайёра заминаи муҳим фароҳам овард.
Яке аз самтҳои муҳими татбиқи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди заминаҳои илмӣ ва ташкили ҳамкории минтақавию байналмилалӣ дар омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо мебошад. Дар ин раванд, масъалаи таъсиси Марказӣ минтақавии ҳамоҳангсозии омӯзиши пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аҳамияти маҳсус дорад, зеро чунин сохтор метавонад барои муттаҳид намудани имкониятҳои илмӣ, табодули маълумот ва ҳамоҳансозии фаъолияти муассисаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ замина гузорад.
Ҳамзамон рушди мониторинги илмӣ бо истифода аз техологияҳои муосири моҳворави, мушоҳидаҳои заминӣ, таҷҳизоти автомати ва усулҳои ракамӣ имкон медиҳад, ки тағйирёбии масоҳат, ҳаҷм ва ва тавозуни массаи пиряхҳо дақиқтар муайян карда шавад. Экспидитсияҳои байналмилалӣ бошанд, барои омӯзиши ҳамаҷонибаи пиряхҳои баландкӯҳӣ Помир, арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ва таҳияи тавсияҳои илмӣ мусоидат менамоянд. Масъалан, дар соли 2024 дар Тоҷикистон 52 экспедитсияи таълимӣ, илмӣ ва таҳқиқотӣ гузаронида шудааст.
Инчунин, таъсиси маркази минтақавӣ, тақвияти мониторинги илмӣ ва густариши экпедитсияҳои байналмилалӣ метавонанд ба ташаккули низоми ягонаи мушоҳида ва таҳқиқи пиряхҳо, пешгӯии хатарҳои табиӣ ва таъмини амнияти обии минтақа саҳми назаррас гузоранд.
Ҳамин тариқ, омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини экологӣ ва стратегии замон мусир табдил ёфтааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими байналмилалӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ дар ин самт заминаи муҳим фароҳам оварданд. Дар ин раванд, тақвияти мониторинги илмӣ, фаъолияти марказҳои таҳқиқотӣ ва баргузории экспедитсияҳои байналмилалӣ аҳамияти маҳсус дорад. Ҳифзи пиряхҳо масъулияти муштараки давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳони буда, аз ҳамоҳансозии талошҳои илмӣ, сиёсӣ ва амалӣ вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, ҳифзи ин сарвати нодири табиӣ кафолати муҳимми амнияти обӣ, суботи экологӣ ва рушди усувори наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Эшонқулова Р.У - ходими калони илмӣ бахши иттилоот ва кор бо шарикони рушд, Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ