РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ТАЪРИХӢ
(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар таърихи давлатдории ҳар як миллат санаҳое мавҷуданд, ки аҳаммияти онҳо аз доираи як воқеаи тақвимӣ фаротар рафта, ба рамзи марҳалаи муҳими рушти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷомеа табдил меёбанд. 16- ноябр- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи чунин санаҳои дорои аҳаммияти таърихӣ ба шумор меравад. Ин рӯз ба марҳилаи нави ташаккули ниҳоди президентӣ ва таҳкими низоми давлатдории соҳибистиқлоли тоҷикон алоқаманд буда, барои дарки арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва масъулияти он тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ муайн карда мешаванд. Моҳияти ин ниҳод дар таъмини фаъолияти муназзами низоми давлатӣ, ҳифзи асосҳои конститутсионӣ, намояндагии давлат ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ифода меёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ва таҳаввули низоми президентӣ бо раванди мураккаби эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла ташкили низоми нави идоракунӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлат, таъмини суботи сиёсӣ ва барқарор намудани муносибатҳои созандаи ҷамъиятӣ қарор гирифтанд.
Дар ин замина, Иҷлосияи XVI - и шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 - ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи навини кишвар мавқеи махсус дорад. Ин иҷлосия дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ баргузор гардида, барои барқарорсозии сохти консититутсионӣ ва ташаккули заминаҳои минбаъдаи давлатсозӣ аҳаммияти муҳим касб намуд.
Марҳилаи дигари сарнавиштсоз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6- ноябри соли 1994 мебошад. Бо қабули ин санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу орзодиҳои инсон ва шаҳрванд ва мақоми ниҳоди президентӣ муайян гардиданд.
Мувофиқи моддаи 64 - уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмиллалии Тоҷикистон мебошад”. Ин муқаррарот масъулияти конститутсионии президенти кишварро дар ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои олии давлату ҷомеа таҷассум менамояд.
16- ноябри соли 1994 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Ин рӯйдод дар таърихи ташаккули ниҳоди президентӣ ва рушди низоми конститутсионии кишвар ҷойгоҳи хосса дорад.
Бо мақсади таъқид намудани аҳаммияти ин сана ва мақоми он дар таърихи давлатдории миллӣ, тибқи Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14- майи соли 2016, №1320 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид гардида, 16- ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд.
Моҳияти конститутсионӣ ва ҳуқуқии ниҳоди президентӣ
Ниҳоди президентӣ яке аз рукнҳои муҳими низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии давлатҳои муосир ба шумор меравад. Мазмуни фаъолияти он пеш аз ҳама Конститутсия, қонунгузории амалкунанда ва салоҳиятҳои муаянгардидаи ҳуқуқӣ алоқаманд мебошад. Мувофиқи моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат мебошад. Бояд таъқид намуд, ки мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо ба ваколатҳои конститутсионӣ, балки бо масъулиятҳои иҷрои уҳдадориҳои муаяншуда дар назди давлат ва ҷомеа тавсиф меёбад. Дар низоми муосири давлатдорӣ, эҳтиром ба Конститутсия, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ аз ҷумлаи меъёрҳои асосии арзёбии идоракунии давлатӣ ба шумор мераванд.
Истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун арзишҳои давлатдорӣ
Яке аз масъалаҳои меҳварии рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.Таҷрибаи таърихии солҳои аввали истиқлолият нишон дод, ки ҳифзи давлатдорӣ танҳо бо мавҷудияти сохторҳои сиёсӣ маҳдуд намешавад, балки ба ҳамдигарфаҳмӣ, масъулияти умумимиллӣ ва ҳамкориҳои созандаи ҷомеа вобастагии амиқ дорад. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун арзишҳои бунёдии ҷомеаи Тоҷикистон барои фаъолияти муътадили ниҳодҳои давлатӣ ва рушди соҳаҳои иқтисод, маориф, илм фарҳанг ва иҷтимоиёт замина фароҳам меоранд.Омӯзиши ин таҷриба барои насли ҷавон аҳаммияти махсус дорад, зеро дарки арзиши истиқлолият бе шинохти таърихи давлатдории миллӣ комил буда наметавонад.
Дар ин замина Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳамчун фурсати таҳлили роҳи тайкардаи давлат, баррасии масъалаҳои рушди ҷомеа ва муаян намудани вазифаҳои минбаъда истифода шавад.
Президенти ҷумҳурӣ ва масъулияти насли ҷавон.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ масъалаи тарбияи шаҳрвандони дорои ҷаҳонбинии миллӣ, тафакури таҳлилӣ ва ҳисси баланди масъулит аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад. Ояндаи давлат на танҳо ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, балки ба сатҳи дониш, маърифат, касбият ва мавқеи фаъоли шаҳрвандони он низ вобаста мебошад. Аз ин рӯ муассисаҳои таълимӣ, марказҳои илмӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва ватандӯстии насли ҷавон нақши муҳим дорад. Ҷавонон бояд таърихи истиқлолият, мазмуну моҳияти Конститутсия, сохтори мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандиро амиқ омӯзанд. Зеро ватандӯстии воқеӣ на танҳо дар эҳсоси муҳаббат ба ватан, балки дар донишандӯзӣ, фаъолияти созанда, эҳтироми қонун ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа таҷассум меёбад.
Хусусан дар шароити имрӯза рушди илм ва маориф, омода намудани мутахассисони соҳибкасб, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои таҳлилу фаъолияти илмӣ бояд аз самтҳои афзалиятоноки сиёсати иҷтимоии давлат боқӣ монанд.
16 - ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки ба таърихи давлатдории навини миллӣ бо нигоҳи таҳлилӣ назар афканем, арзишҳои истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва соҳибихтиёриро қадр намоем ва масъулияти худро дар назди ҷомеа амиқтар дарк созему амалӣ кунем.
Мазмуни аслии сана дар арҷгузорӣ ба Конститусия, эҳтиром ба қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими фарҳанги давлатдорӣ ифода меёбад. Давлати соҳибистиқлол танҳо бо сохторҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии худ устувор намемонад; пойдори он аз маърифати сиёсӣ, худшиносии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва иштироки фаъолонаи ҳар як узви ҷомеа вобастагӣ дорад.
Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд на танҳо ба ёдоварии рӯйдодҳои таърихӣ, балки ба омӯзиши таҷрибаи давлатдорӣ, рушди тафаккури миллӣ ва таҳкими масъулият дар назди ояндаи давлату миллат мусоидат намояд.
Истиқлолият арзиши олӣ, ваҳдати миллӣ омили пойдории давлат ва масъулияти шаҳрвандӣ кафили рушди ҷомеаи муосир мебошад.
Хайринисо Холиқзода - мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони назди Раёсати АМИТ