ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РАМЗИ ВАҲДАТ, СОЗАНДАГӢ ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН
(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр)
Дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, бахусус дар самтҳои таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ободонии кишвар, истифодаи захираҳои об, рушди гидроэнергетика ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ, бо талошҳои пайваста ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ доранд. Заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди иншооти бузурги иқтисодию энергетикӣ ва баланд бардоштани мақому нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар таърихи навини давлатдории миллӣ ҷойгоҳи хосса доранд.
Эътимоду эҳтироми мардум ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама аз натиҷаҳои амалии сиёсати давлатдорӣ, ғамхорӣ ба рушди кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи аҳолӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ сарчашма мегирад. Ин эътимод ҳамзамон масъулияти бузурги ҳар як шаҳрванд, бахусус аҳли зиё, олимону муҳаққиқон ва ҷавононро дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи Ватан тақозо менамояд.
Бешубҳа, ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, садоқат ба Ватан, рушди илм ва заҳмати созандаи ҳар як шаҳрванди он вобаста аст. Маҳз бо чунин рӯҳияи ватандӯстӣ ва масъулияти миллӣ мо метавонем дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ҳифз намуда, барои ободии Ватан ва зиндагии шоистаи наслҳои оянда саҳми арзанда гузорем.
Таърихи давлатдории ҳар як миллат аз рӯйдодҳое иборат аст, ки дар ташаккул ва муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди он нақши муҳим мегузоранд. Барои мардуми тоҷик оғози солҳои 90-уми асри гузашта яке аз марҳилаҳои мураккаб ва тақдирсози таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо буҳрони сиёсиву иқтисодӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, вайрон гардидани инфрасохтори истеҳсолӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Дар чунин шароит масъалаи ҳифзи истиқлоли давлатӣ, барқарор намудани сохторҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо намуд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи таърихиро боз намуд. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳилаи нави масъулияти сиёсӣ барои ҳифзи давлатдорӣ ва таъмини ояндаи миллат гардид. Бо роҳбарии Сарвари давлат раванди музокироти сулҳ ва барқарорсозии сохторҳои давлатӣ идома ёфта, ниҳоят Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 ба имзо расид.
Барқарор гардидани сулҳу субот барои оғози марҳилаи нави созандагӣ, эҳёи иқтисоди миллӣ ва истифодаи имкониятҳои табиӣ, истеҳсолӣ ва илмии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз дар ҳамин марҳила масъалаҳои рушди энергетика, истифодаи самараноки захираҳои об, бунёди инфрасохтори миллӣ ва ҳифзи муҳити зист ба самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат табдил ёфтанд.
Яке аз самтҳои муваффақи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ин пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи оби тоза, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳоро ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил доданд.
1 октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» пешниҳод гардид. Ин ташаббус бо дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қабул шуда, барои густариши ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об замина гузошт.
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим тайи ду даҳсолаи охир марҳила ба марҳила инкишоф ёфта, бо қабули қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ касб намуданд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Тоҷикистон солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон гардид, ки ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои истифода ва ҳифзи захираҳои об равона шуда буд. Дар идомаи ин раванд, соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон гардид, ки аҳаммияти ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳо ва густариши ҳамкориҳоро дар ҳалли мушкилоти марбут ба об боз ҳам тақвият бахшид.
Мантиқан идомаи ин ташаббусҳо қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 гардид, ки бо ташаббуси Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба пешбурди ҳадафҳои рушди устувор, таъмини дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдошт, инчунин таҳкими идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об мусоидат менамояд. Ҳамзамон, бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон шуда, 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» муқаррар гардид. Ин иқдом бо эътирофи аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими захираҳои оби ширин ва зарурати ҳифзи онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим алоқаманд мебошад. Дар идомаи мантиқии ин раванд, солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» эълон гардид, ки ба рушди таҳқиқоти илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омӯзиши равандҳои тағйирёбии ҷузъҳои криосфера, аз ҷумла пиряхҳо, барф ва ях, равона шудааст.
Ин ташаббусҳо сиёсати байналмилалии Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим инъикос намуда, барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкилоти норасоии об, обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, инчунин пешбурди истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои табиӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон рушди энергетика ва истифодаи захираҳои об бо масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва таъмини мувозинати экологӣ алоқамандии зич доранд. Бо дарназардошти таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши ҳодисаҳои хатарноки гидрометеорологӣ, обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии низоми гидрологии дарёҳо, масъалаи ҳифзи экосистемаҳои табиӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо намудааст.
Татбиқи сиёсати экологӣ танҳо бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳдуд намегарданд, балки омӯзиши илмии равандҳои табиӣ, назорати сифати обу ҳаво, ҳифзи гуногунии биологӣ, истифодаи технологияҳои каммасраф ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири мониторингро низ тақозо менамояд.
Дар ин замина, рушди иқтисодиёти сабз, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, кам кардани таъсири манфии фаъолияти инсон ба муҳити зист ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими сиёсати давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳияи барномаҳо ва стратегияҳои дарозмуддат мебошад, ки рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, захираҳои об ва ҳифзи муҳити зистро ба таври маҷмуӣ фаро мегиранд.
Дар ин самт «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун ҳуҷҷати муҳими муайянкунандаи ҳадафҳои дарозмуддати рушди кишвар хизмат менамояд. Таъмини истиқлоли энергетикӣ, рушди инфрасохтор, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини рушди устувор аз ҷумлаи самтҳои муҳими ин стратегия мебошанд.
Ҳамчунин, «Барномаи рушди соҳаи гидроэнергетика ва сарфаи неруи барқ барои солҳои 2012-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, №551 қабул гардидааст, барои рушди иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ ва таҳкими амнияти энергетикии мамлакат заминаи сиёсиву барномавӣ фароҳам овард.
Дар соҳаи захираҳои об қабул гардидани «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2024, №627) қадами муҳим дар самти ташаккули низоми муосири идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об мебошад. Стратегияи мазкур масъалаҳои истифода ва ҳифзи захираҳои об, идоракунии ҳавзавӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии таъсири манфии об, барқарорсозӣ ва рушди инфрасохтори соҳаи об, инчунин баланд бардоштани сатҳи бехатарии иншооти гидротехникиро фаро мегирад.
Дар баробари ин, «Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2023-2028», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №53 тасдиқ шудааст, ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ равона гардидааст.
Қабули чунин ҳуҷҷатҳои стратегӣ нишон медиҳад, ки рушди энергетика, идоракунии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист ҳамчун самтҳои бо ҳам алоқаманди сиёсати давлатӣ баррасӣ гардида, барои татбиқи онҳо ҳамкории сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, таҳкими иқтидори илмӣ ва истифодаи имкониятҳои илм барои ҳалли масъалаҳои стратегӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ ба рушди илм, дастгирии олимону муҳаққиқон, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва истифодаи дастовардҳои илмию техникӣ дар пешрафти иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Маҳз чунин муносибат барои ташаккули низоми илмии кишвар ва тақвияти нақши муассисаҳои илмӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ замина фароҳам овард.
Дар шароити рушди босуръати илму технология ва тағйирёбии мураккаби вазъи геополитикии ҷаҳон, баланд бардоштани нақши илм дар ҳалли масъалаҳои стратегии кишвар аҳаммияти рӯзафзун пайдо менамояд. Барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обӣ, иқтидори назарраси гидроэнергетикӣ ва экосистемаҳои нодири табиӣ мебошад, рушди таҳқиқоти илмӣ дар самтҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об, омӯзиши тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди энергетика ва ҳифзи муҳити зист аҳаммияти махсус дорад.
Дар ин раванд, фаъолияти муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва институтҳои соҳавии он, барои таъмини заминаи илмии қабули қарорҳои давлатӣ, таҳияи тавсияҳои илман асоснок ва татбиқи барномаҳои стратегии мамлакат нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, дастгирии олимону муҳаққиқон, рушди инфрасохтори илмӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омода намудани насли нави кадрҳои илмӣ бояд ҳамчун самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ идома ёбанд.
Дар маҷмуъ, роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ бо саъю талошҳои пайваста ва муттаҳидии ҷомеа робитаи ногусастанӣ доранд. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати муносибест барои арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории навин, дарки аҳаммияти истиқлоли давлатӣ ва қадршиносии талошҳое, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона гардидаанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти давлатдорӣ ва ташаббусҳои созандаи худ масъалаҳои муҳими рушди кишварро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ матраҳ намуда, барои пешбурди равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ заминаҳои заруриро фароҳам овардаанд. Ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим, таваҷҷуҳ ба рушди энергетика, дастгирии соҳаи илм ва татбиқи стратегияҳои дарозмуддати миллӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими ин раванд мебошанд.
Эҳтиром ба Пешвои миллат пеш аз ҳама дар эҳтиром ба истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва идомаи корҳои созандагӣ таҷассум меёбад. Ин эҳтиром бо масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа пайванди ногусастанӣ дорад.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва ҷавонон, аз он иборат аст, ки бо дониш, маърифат, ташаббускорӣ ва меҳнати софдилона дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳм гузоранд. Зеро ояндаи давлат на танҳо ба имкониятҳои иқтисодию табиӣ, балки ба иқтидори зеҳнӣ, сатҳи маърифат, ваҳдат ва масъулияти шаҳрвандони он вобаста мебошад.
Ҳамин тариқ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди илм ва идомаи сиёсати созанда заминаи асосии пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз бо такя ба ин арзишҳо ва сафарбар намудани неруи зеҳнию созандаи ҷомеа метавон ҳадафҳои стратегии давлатро амалӣ намуда, барои наслҳои имрӯзу оянда Тоҷикистони ободу пешрафта ва дорои мавқеи устуворро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мерос гузошт.
Фирдавс Алиев - муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.