ПАРЧАМ – МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХ, ФАРҲАНГ ВА ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Дар таърихи ташаккул ва рушди давлату миллатҳо рамзҳои миллӣ ҳамчун таҷассумгари ҳувият, арзишҳои фарҳангӣ, ормонҳои сиёсӣ ва истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим доранд. Дар миёни ин рамзҳо Парчам ҷойгоҳи хоссаеро соҳиб буда, ҳамчун нишонаи соҳибдавлатӣ, ифодагари хотираи таърихӣ, ифтихори миллӣ ва муттаҳидкунандаи ҷомеа дар атрофи ғояҳои умумӣ эътироф гардидааст. Парчам дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ мардумро барои ҳифзи сарзамин, мубориза ба хотири озодӣ, ба даст овардани истиқлол ва пойдории давлатдорӣ муттаҳид намуда, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва таҳкими арзишҳои ватандорӣ нақши муассир гузоштааст.
Таърихи парчамдорӣ дар байни тоҷикон аз решаҳои амиқи таърихӣ сарчашма гирифта, бо ташаккули давлатҳои қадим, рушди тамаддунҳои бостонӣ ва муборизаҳои ниёгон барои озодӣ, истиқлол ва ҳифзи сарзамини аҷдодӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Ниёкони тоҷикон дар давраҳои гуногуни таърихӣ парчамро ҳамчун рамзи сарҷамъӣ, муқовимат ба истилогарон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва талош барои барқарор намудани давлатдории мустақил истифода намудаанд. Аз Коваи оҳангар, Спитамен, Деваштич, Абумуслим, Муқаннаъ ва Темурмалик то Куруши Кабир, Аршак, Куҷула Кадфиз, Тоҳир ибни Ҳусайн, Яъқуб ибни Лайс ва Исмоили Сомонӣ – корномаи таърихии фарзандони барӯманди миллати тоҷик бо ормонҳои озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва бунёди давлатҳои муқтадир иртиботи зич дорад.
Парчам дар тасаввури таърихии халқҳо танҳо як нишонаи зоҳирии давлат ё неруи сиёсӣ набуда, балки таҷассумгари нангу номус, шараф, ваҳдат, худшиносӣ ва ормонҳои миллӣ мебошад. Барои ниёкони тоҷикон парафшон нигоҳ доштани парчам маънои ҳифзи шаъну шарафи миллат, муқаддасоти сарзамин ва идомаи суннатҳои давлатдориро дошт. Аз ин рӯ, дар набардҳои таърихӣ парчам ҳамчун рамзи сарҷамъӣ ва иродаи устувори мардум мавқеи муҳимро ишғол намуда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси сарбозону ҳомиёни давлат ба ҳисоб мерафт. Ин суннати таърихӣ дар тӯли асрҳо идома ёфта, имрӯз низ Парчами давлатӣ ҳамчун муаррифгари таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва ҳастии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хизмат мекунад.
Воқеан, парчам пеш аз ҳама рамзи номуси миллат мебошад, ки ин номус танҳо тавассути озодӣ ва истиқлол ҳифз карда мешавад. Тоҷикон таърихи зиёда аз 6 ҳазорсолаи парчамдориро доро мебошанд. Ниёкони тоҷик аллакай дар ҳазораи 3-2 то милод парчами худро доштанд, ки дар осори Ибни Балхӣ, Фирдавсӣ ва Табарӣ ба таври муфассал зикр шудааст. Аз давраи ҳукумати сулолаи Каёниён то Сомониён садҳо фарзандони фарзонаи миллат баҳри ҳифзи ин рамзи озодӣ ва истиқлол ҷони худро нисор намудаанд. Дар тамоми набардҳо парчам муқобили душман чун рамзи сарҷамъӣ ва муттаҳиддӣ истифода мешуд. Барои ҳифзи он ҳар як аскарро лозим буд, ки то охирин нафас мубориза бурда, ин рамзи муқаддасро дифоъ намояд. Парчами Ҳахоманишиҳо дар дунёи қадим дар шарқ то сарҳади Чин дар шимол то Қафқоз дар ҷануб то Халиҷи Форс ва дар ғарб то Осиёи Хурду Миср парафшон буд, ки ин рамзи ҳукумати муқтадири ниёгони тоҷикон дар ин минтақаҳои тамаддунхез ба шумор мерафт. Шоҳони ҳахоманишӣ чун Куруши Кабир ва Дорюши Кабир парчами хешро, ки ранги сурх дошту дар он уқоб инъикос мешуд, дар тамоми набардҳо алайҳи душман ҳифз карда, парафшонии онро дар ду қитъаи олам Осиё ва Африқо таъмин намуданд. Минбаъд сулолаҳои тоҷиктабори Ашкониёну Кушониён талош намуданд, ки парчами ақвоми ориёитаборро дар сарзаминҳои Вароруд, Хуросон, Эрон, Шарқи Наздик ва Қафқоз парафшон намоянд ва ба ин муяссар ҳам шуданд. Парчами Ашкониён ва Кушониён дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим ҳамчун рамзи қудрати ориёиҳо насб шуда буд. Шоҳони Парфия ва Кушон ба монанди Меҳрдод ва Канишкаи Кабир қудрати юнону мақдуниҳо ва румиҳоро дар минтақаҳои ҳамҷавор шикаста, парчами хешро дар шарқ то Ҳиндустон ва дар ғарб то Кападокия ва Шому Ироқ парафшон намуданд.
Дигар аз марҳалаи парафшонии парчами тоҷикон ба аҳди ҳукумати сулолаи Сосониён рост меояд. Сосониён бо сарварии Ардашери Бобакон, Шопури 1, Хусрави Анушервон ва Хусрави Парвиз анъанаи давлатдории ниёгон, махсусан Ҳахоманишиҳоро идома дода, як шоҳаншоҳии бузургеро ташкил карданд, ки дар он зиёда аз 70 қавму халқиятҳо муттаҳид буданд. Шоҳаншоҳони сосонӣ дар ғарб мақоми Румро ба танг оварда, доираи парафшонии парчами хешро, ки аз се ранг сурх, зард ва бунфш иборат буд, васеъ намуданд. Оини парчамдорӣ дар аҳди Сосониён шаклу услуби хоссаи худро дошта, дар тамом набардҳо парчамдор дар сафи пеш қарор дошт. Ҳайтолиён, ки бо ҷасурӣ ва далерӣ маъруф гардида буданд, дар парчами хеш расми шерро инъикос менамуданд, ки ин рамзи нотарсӣ ва мубориза бо душманон буд. Дар зери ҳамин рамз ба Ҳайтолиён муяссар гардид, ки зиёда аз 150 сол зимоми давлатдориро дар сарзаминҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистон ба даст бигиранд. Муборизаи онҳо ба муқобили ақвоми турктабори кучманчии қисми шимоли Осиёи Марказӣ дар зери парчами шердор, ки дар осори муаррихони асримиёнагӣ зикр шудааст, аз хусусияти рамзи ягонагӣ ва истиқлолхоҳии ин парчам хабар медиҳад. Дар зери ин парчам, ки ифодагари нангу номуси ин қавми ориёитабор буд, муяссар гардид, ки як қисми бузурги Роҳи абрешим муддати зиёд дар зери назорати онҳо қарор дошта бошад.
Дар замони Сомониён парчами давлатӣ дар асоси суннатҳои давлатдории ниёкон ва омезиш ба суннатҳои исломӣ қабул шуда буд. Парчам дар болои арки амир овезон буд, ки он шакли идории давлатиро инъикос менамуд. Сомониён талош мекарданд, ки суннатҳои неки давлатдории ниёгонро эҳё бахшанд. Исмоили Сомонӣ дар зери парчами хеш ба Туркистони Шарқӣ ҳуҷум намуда, туркони бояднишинро, ки ҳамеша ба шаҳрҳои минтақа хатар эҷод мекарданд, шикаст дода, дар он минтақаҳои ҳукумати хешро барқарор сохт. Бо барҳам хӯрдани давлати Сомониён новобаста аз он ки дар минтақа сулолаҳои ғайритоҷик ба қудрати сиёсӣ расиданд ба анъанаҳои давлатдории эҷодкардаи Сомониён идома бахшиданд. Мувофиқи маълумоти Низоммулмулк, ки дар «Сиёсатнома» хабар додааст, низоми идорӣ ва аркони давлатдории Сомониён барои сулолаҳои вопасин чун намуна мавриди истифода қарор гирифт.
Дигар аз марҳалаҳои соҳибпарчамии тоҷикон ба даврони шуравӣ марбут аст. Соли 1924 пас аз тақсимоти миллӣ-марзӣ ва ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон дар баробари дигар аз аркони давлатдорӣ парчами давлатӣ низ дар такя ба парчами Иттиҳоди Шуравӣ тасдиқ гардид, ки ранги сурх дошту ифодагари ҳукумати синфи коргару деҳқон буд.
Истиқлоли давлатӣ, ки нодиртарин арзиш барои миллат аст, ба тоҷикон имкон дод, ки аркони муҳимми давладории хешро бо такя ба суннатҳои неки ниёкон интихоб ва тасдиқ намоянд. Дар Иҷлосияи тақдирсоз дар баробари қабули рукнҳои дигари давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ қабул ва тасдиқ гардид. Парчами давлатии Тоҷикистон, ки аз се ранг иборат аст, матои хушку холӣ набуда, он таърих, тамаддун, фарҳанг, имрӯз ва ояндаи дурахшони миллату давлати тоҷиконро дар худ инъикос менамояд. Ин рамзест, ки номуси миллиро баланд бардошта, заминаи устувории ваҳдату ягонагии миллиро таъмин месозад. Парчам ҷомеаро ба ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу созиш ва меҳнати софдилона баҳри рушди босуботи кишвар даъват менамояд. Парчам ваҳдати миллиро таҳким бахшида, мондагории истиқлоли давлатиро таъмин месозад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар атрофи Парчами давлатӣ муттаҳид шуда, баҳри рушду инкишофи Ватан талош варзем. Имрӯз пачами миллӣ ҳамчун рамзи ваҳдатофар миллату давлати моро дар миқёси ҷаҳон муррифӣ менамояд.
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик