ПАРЧАМ ЧУН РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

85685685698.jpg

Имрӯз яке аз рамзҳои муҳимми соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як кишвар ин Парчами он мебошад, ки дар фазои дохилӣ ва байналмилалӣ ифодагари ҳастиву ҳузури он мебошад. Парчам таҷассумгари хостаҳову ниёзҳои мардуми кишвар, ормонҳои таърихии он, ифодагари хотираи гузаштаи миллат, рамзи давлатсозиву давлатдории сокинони кишвар ва рўҳияву маром ва мақсаду нияти тамоми бошандагони ҳар як ҳамамлакату давлат мебошад.

Дар ҳама нишастҳову чорабиниҳои давлатӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра намояндаи ҳар як кишвару ҳар як халқ халқ зери Парчами худ саф ороста, фаъолияти ин чорабиниро ба роҳ мемонанд. Сари ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд карда буд, ки: «Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии он буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос менамояд». Он кас доир ба масъалаи ифтихору арҷгузорӣ бо ин муқаддасоти миллӣ фикрашро идома дода, зикр кардааст: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад.

Арҷ гузоштан ба муқадасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад».

Мардуми кишвари мо имрӯз ҷиҳати арҷгузорӣ аз истиқлол, давлатдории миллӣ ва суботу пешравии ҷомеа дар самти ташаккули давлатдорӣ ва низоми сиёсии мамлакатамон Парчамро чун дигар рамзҳои давлатӣ азизу гиромӣ медоранд ва онро рамзи пешравию комёбиҳои нави ҷамъият меҳисобанд. Дар иртиботи ин ҳама, Парчами давлатӣ ҳастии давлати моро, истиқлолияти миллии моро дар пайвастагӣ бо ғояҳои баланду эҷодкориву бунёдкорӣ инъикос менамояд. Ҳамин тариқ, Парчам нишонаи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо, таҷассумгари рӯҳия, ғурури миллӣ ва номуси ватандории мо мебошад. Он воқеан, имрӯз ба сифати таҷассумгари розу ниёз, бахту саодат ва ҳаёти накӯаҳволонаи мардуми шарафманди кишвар дар нишастҳои баланди расмӣ, чорабиниҳои низомӣ, дар бунгоҳҳои сарҳадию гумрукӣ, ҳатто дар чорабиниҳои мухталифи оммавӣ ва ғайраҳо афрохта мешавад.

Парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ифодагари

ваҳдату ягонагӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳангсозӣ ва саъю талошҳои созандаи миллати тоҷикро таҷассум намояд. Омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон нишон медиҳад, ки ҳокимону роҳбарон барои ифодаи қудрати салтанати хеш рамзу нишон, ишораву аломат ва рангҳоро қабулу истифода намудаанд. Ба ин маънӣ, Парчам дар марҳалаи тӯлонии таърихи пуршебу фарози мо дорои маъно ва тарзу услуби хоси истифодабарӣ буда, ҳамзамон як ҷузъи муҳимми таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба ҳисоб меравад.

Бемуҳобот, Парчам худ ифодагари иттиҳоди миллӣ ва ягонагиву сарҷамъии мардуми кишвар аст. Он на танҳо рамз, балки мудаъӣ ва даъваткунандаи сарҷамъию муттаҳидии мардум дар маъракаҳои мухталифи иҷтимоию сиёсӣ низ мебошад. Дар тӯли таърих мебинем, ки гузаштагони миллати тоҷик зерии дирафши ковиёнӣ, яъне парчам чандин маротиб саф кашида, аз Ватану кишвар, озодиву истиқлол, дину фарҳанг ва муҳимтар аз ҳама, аз марзу буми поки худ дифоъ намудаанд. Имрӯз, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати истиқлоли сиёсӣ ва соҳиддавлатӣ соҳиби парчами миллӣ, ки рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр мебошад, сарҷамъ омадаанд ва ба сӯйи оянда равонанд.

Соли 2009 бо ибтикори Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи таърихӣ минбаъд ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат таҷилил мегардад. Ин санаи таърихӣ ифодагари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муққаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатии мо мебошад. Парчаме, ки ҳастии давлати моро, ифтихори миллии моро ифода мекунад ва он муаррифгари барҷастаи истиқлолияти давлатии мо, таҷассумгари ғурури миллӣ ва розу ниёзи ватандории мост.

Дар ин ҷо, маврид ба зикр аст, ки Парчами миллии мо мувофиқи расму ойини парчамдорӣ бо рангу рамзҳо ва шаклу нишонаҳои миллияш инъикоскунандаи таърихи гузаштаи халқи фарҳангофару тамаддунофар мебошад. Инчунин, мояи ифтихори ҳар яки мо мебошад, ки халқи тоҷик яке аз халқиятҳои соҳиби фарҳангу анъаноти куҳани парчамдорӣ мебошад. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Парчами миллии мо мазмун, ғоя ва мундариҷаи моҳиятии худро нигоҳ дошта, имрӯз ҳамчун баёнгари орзуву ормони аҷдоди парчамдори мо соҳиби эҳтироми хосса мебошад. Ҳамин тариқ, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи ифтихор ва ғурури ҳар як шаҳрванди миллатдӯст ва ватандӯсту ватанпарвари кишварамон ба ҳисоб рафта, онҳо рӯзи ҷашни онро бо камоли ифтихору эҳтиром чун арҷгузорӣ ба рамзи муҳимми соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатӣ ҷашн мегиранд. Аз ҳамин рӯ, дар арафаи таҷлили ин санаи фархунда, ки ҳамасола ба хотири арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ҷараён мегирад, эҳсоси ватанпарастию кишвардории мардуми мо боз рангу бори дигар мегирад. Зеро муносибати ифтихоромез ба Парчам ва дӯст доштани он ифодаи бедорӣ ва худогоҳии аҳли ҷомеа мебошад. Ҳамин тавр, фарҳангии посдорӣ ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам бояд дар андешаи ҳар як фард аз овони хурдӣ тарбия карда шавад, ки ин рисолати муҳим вазифаи оила, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён ва аҳли ҷомеа мебошад.

Дар равандҳои имрӯза Парчами давлатии Тоҷикистони азизи мо дар гӯшаҳои мухталифи олам, ҳам дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳам дар мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ баланд гашта, аз музаффарият ва пешрафти давлати тоҷикон, инчунин дар сатҳи байналмилалӣ баланд гаштани мақому манзалати он гувоҳӣ медиҳад. Ҳамин тариқ, Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои давлату миллат, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқамон мебошад. Зикр намудан лозим аст, ки Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳуввияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб меёбад. Он ҳамчун ситораи қутбӣ раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардои нек ва ба истиқболи ояндаи дурахшон мебошад. Парфишонии он дар чорабиниҳои мухталиф ин нерӯи тавонои олами маънавӣ, қуввати дилу дидаи ҳар як шахси ватандӯсту миллатдӯст мебошад. Дар чорабиниҳои давлатию байналмилалӣ ҷилвагар шудани он таҷассуми ҳастии давлату миллат, истиқлоли кишвар ва пойдорию устувории он аст.

Ҳамин тариқ, бо назардошти ин мулоҳизаҳо ва аҳамияти ин арзиши муқаддаси миллӣ ҳамватанони моро лозим аст, ки арзанда ва посдори он бошанд, зеро Парчами миллӣ ин рамзи ватандорӣ, кишвардорӣ, иттиҳод, пирӯзӣ, ҳамдилӣ, ҳамфикрӣ, ваҳдат, оромию осоиштагӣ ва суботу шукуфоии ватану кишварамон мебошад. Аз ҳамин рӯ, ҳар як фарди кишварамон бояд нисбат ба ҳама рамзҳои миллӣ ва махсусан ба Парчами давлатӣ эҳтирому муносибати хосса дошта бошад.

Мирзоев Ғ.Ҷ., д.и.ф., сарходими илмии Шубаи масъалаҳои фалсафии дин

reader loved this