ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

588474525_122261456912192650_5876974029462618131_n (1).jpg

“Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем”. Эмомалӣ Раҳмон.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи истиқлолият, дӯстиву бародарӣ ва ягонагии давлат мебошад.

Пайдоиши аввалин парчамҳо ба замонҳои қадим рафта мерасад, ки сарчашмаҳои таъриҳӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд.

Парчамҳои аввалин дар шаклҳои гуногун бо инъикоси ҳайвонот, аз ҷумла шер, хирс, асп, гов, гург, уқоб, боша, бум ва ғайраҳо мавҷуд буданд. Масалан, давлати Миср, ки онро 26 сулолаи Фиръавнҳо идора мекарданд, соҳиби парчами худ буд. Мисриёни қадим, ки шоҳинро муқаддас мешумориданд, парчами худро низ дар шакли шоҳин сохта буданд.

Ҳамзамон гуфт, ки дар соли 550 пеш аз милод аз ҷониби бузургтарин шахсияти таърихӣ - Куруши Кабир империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиниҳо таъсис дода шуд. Ин давлат низ соҳиби парчами миллии худ буд. Дар парчами Ҳахоманишиниҳо уқоби болкушода ва дар болои сари уқоб офтоб тасвир ёфта буд.

Ҳар як давлати соҳибистиқлолро зарур аст, ки муқаддасоти миллии худро нигоҳ дорад, аз ҷумла парчам, нишон, суруди миллӣ ва ё дигар рамзҳое, ки истиқлолияти давлатиро ифода менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд, баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебоист баъд аз ба даст овардани истиқлолият парчами милли худро тасдиқ намояд, аз ин хотир, то санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус бо роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш қарор медод.

Ҳамаи иштирокчиёни озмуни беҳтарин парчами давлатӣ матои серанга - сурх, сафед ва сабзро пешниҳод намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик мебошад.

Ҳамин тавр, комиссия кори худро бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби З. Ҳабибуллоев, А. Заневский, Л. Додхудоева, Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев пешниҳод шуда буд, ба анҷом расонид. Аввалин рамзи давлатӣ - парчам 24 – уми ноябри соли 1992 бо қабули Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Боиси хушнудист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст.

Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон аст, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии мо мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки 34 сол муқаддам дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором, масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи сиёсӣ ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид.

Воқеан моҳи ноябр барои миллати мо моҳест пур аз санаҳои саршор аз рӯйдодҳои таърихӣ, яъне аз таҷлили Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) сар карда то ба Иҷлосияи тақдирсози миллат XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистону Рӯзи Президенти ҶТ, инак боз як санаи муҳим, 24-уми ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аст, ки дар моҳи ноярб ба вуқӯъ пайвастааст. Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон - яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Тоҷикистон қабул гардида, ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад ва рӯзи корӣ ба шумор меравад. Парчам рамзи ягонагиву соҳибистиқлолии ҳар як миллату давлат буда ба шаҳрвандони онҳо муқаддас аст.

Вакилони мардумӣ бо дарки аҳамият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.

Қабули Парчами давлатӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ, ки дар масири таърих бо номи «Дирафши Ковиён» ёд карда мешавад, ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ, эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

Тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.

Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.

Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчам ҳамчун рамзи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳнамоиҳои Эҳёгари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд ва ҳамин Парчами давлатиро буса намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд.

Маврид ба ёдоварист, ки 3 ноябри соли 2009 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Ин сана ҳамасола дар кишварамон ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо қабули рамзҳои сиёсӣ, махсусан Пачами давлатӣ, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонисориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон ба даст омад ва давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқии давлат дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ Парчами давлатиро рамзи давлатӣ эълон карда, онро ба ҳайси яке аз унсурҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ эътироф намудаст.

Минбаъд тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рамзҳои давлатии мо, аз ҷумла тартиби афрохтану истифодаи Парчами давлатӣ танзим гардида, эҳтиром ва садоқат ба онҳо ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ дар сатҳи олии қонунӣ қарор дода шуд.

24 ноябри соли 2009 бори нахуст мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намуданд.

Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.

Бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо дар таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастовардҳои рӯзафзун орзӯ менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол байни зиёда аз 220 давлати ҷаҳон ҷилва намуда, аз дигар парчамҳо фарқ мекунад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як шакли матои росткунҷа, ки дар рӯи он се рахи рангаш ба таври уфуқи ҷойгирифташуда кашида шудааст ва байни рахи сафед тоҷ ва нимдавраи ситорадор ҷойгир аст.

Ранги сурхи парчам – нишонаи муборизаҳои халқи тоҷик баҳри ободӣ ва сулҳу суботи давлату миллат аст.

Ранги сафед – бахту иқболи сафед, покизагӣ ва хушбахтии халқи тоҷик аст.

Ранги сабз – маънои сарсабзӣ, фаровонӣ, табиати зебои Тоҷикистон ва абадияти мулки тоҷикон мебошад.

Парчам ҳамчун рамзи давлат дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва гузаронидани чорабиниҳои расмии фарҳангӣ, варзишӣ дар муносибатҳои байналмилаливу дохилӣ мавқеъ ва нақши хосаро дорост. Бинобар ин, Парчам суннати асосии давлатдорӣ буда, арзиши олӣ ва муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад.

Аз ин лиҳоз ҳар як Тоҷику Тоҷикистониро ба ин рӯзи таърихӣ -Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқану самимона шодбош гуфта, фазои софу беғубор бо партавафшонии Парчами Миллӣ таманно дорам. Худо кунад, ки Парчами Миллиамон ҳамеша бо воқеаҳои хушҳолкунандаву таърихӣ дастболо бошад. Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонида, дар фазои сулҳу субботи кишвар ҳамеша парафшон бошад.

Хулоса, миллати куҳанбунёди тоҷик аз замонҳои қадим то ба ин рӯз соҳиби парчам буд ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон масъул ва вазифадоранд, ки Парчами давлатии кишварро эҳтиром намуда, ба ин муқаддасот арҷ гузоранд, зеро, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.

Раҳмонов Раҳмон Охонович – д.и.х., муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

readers loved this