ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУҲБАЛАНДКУНАНДА ВА БА ВАҶДОВАРАНДА
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоте мебошад, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишвар, дар қатори Нишон, Конститутсия ва Суруди миллӣ дар Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ 24 ноябри соли 1992 қабул гардидааст.
Парчам танҳо аз як матоъи дорои се ранг иборат набуда, балки яке аз он рамзҳои муқаддасе мебошад, ки ҳастии миллат ва нишони соҳибистиқлолиро инъикос намуда, яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчам дар ҳақиқат яке аз он муқаддасоте мебошад, ки обрӯю эътибор, озодӣ, соҳибдавлатӣ ва мустақилияти ҳар як давлатро ҳам дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ҳам дар замони муборизаҳо мардумро дар пояаш муттаҳид карда, онҳоро барои меҳнати софдилона, созанда ва ободкорона завқ дода, пеш мебарад. Дар замони муборизаҳову муноқишаҳо бошад, муборизонро ба по хезонида онҳоро барои ғалаба бар душман рӯҳбаланд карда, яке аз омилҳои таъминкунандаи пирӯзӣ ба ҳисоб меравад. Вақте, ки Парчами давлатӣ дар фазо парафшон мегардад, қалби ҳар як фарди тоҷик аз эҳсоси шодию фараҳ, ифтихори миллӣ ва муҳаббати бепоён ба Ватани азиз лабрез мешавад.
Парчами давлатии Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз баландтарин парчамҳои миллии ҷаҳон ба шумор рафта, ба китоби Гиннес дохил гардидааст ва тақрибан аз тамоми гӯшаву канори пойтахт ба назар мерасад. Парчами давлатӣ имрӯзҳо ҳамчун рамзи озодиву итиқлолият дар тамоми марказҳои ноҳияву шаҳрҳо, бисёре аз ҷамоатҳову деҳоти алоҳидаро зеб дода, ҳамчун ҷойи муқаддас барои нишастану дам гирифтан ва фароғати мардум дар вақтҳои холигӣ аз кор хидмат карда истодааст.
Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки тоҷикон дар Осиёи Марказӣ, яке аз халқҳои бумӣ ва қадимии ин сарзамин ба шумор рафта, ҳанӯз аз давраҳои пеш аз ислом дорои рамзҳо ва муқаддасоте буданд, ки миёни онҳо Парчам яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.
Дар замони аввалин давлати тоҷикон-давлати Сомониён (асрҳои IХ ва Х), ки поягузори аввалин давлати тоҷикон ба шумор меравад, онҳо парчами рангаш сафедро ҳамчун нишони покӣ ва адолат истифода мекарданд.
Дар асрҳои баъдӣ бошад, бо тағйир ёфтани шароити сиёсӣ, парчам низ тағйири рангу шакл карда бошад ҳам, тоҷикон ҳеҷ гоҳ рамзҳои миллии худро фаромӯш накардаанд, зеро онҳо дар қалби миллат ҷой гирифтаанд.
Дар асри ХХ баъди таъсиси Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929) ҷумҳурии мо соҳиби парчами худ гардида буд, ки шабоҳат ба парчами Иттиҳоди Шуравӣ дошт. Парчами мазкур дорои ранги сурх-рамзи инқилоб ва меҳнат буда, дар гӯшааш нишонаҳои болға, дос ва ситора ҷой дода шуда буд, ки аз ҳамбастагии коргару деҳқон хабар медод.
Пас аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ, халқи тоҷик ба орзуву ормонҳои деринаи худ расид ва соҳиби давлати мустақил гардид. 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Баъди як сол, рӯзи 24 ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи 16 Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар Қасри таърихии Арбоб (Хуҷанд) баргузор шуд, Парчами давлатии Тоҷикистон расман қабул гардид. Ин рӯйдод дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон бо ранги тиллоӣ сабт гардидааст. Аз ҳамон сол инҷониб 24 ноябр ҳамчун “Рӯзи Парчами давлатӣ” дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон ба таври тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад.
Парчам дар Қувваҳои Мусаллаҳ дорои мавқеи бисёр ҳам муҳим мебошад. Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ, Парчам ҳамчун пости рақами 1 шинохта шуда, дорои аҳамияти бузург мебошад ва дар ин пост на ҳамаи сарбозонро нигоҳбон мегузоранд. Дар ин пост, сарбозону ефрейторҳо ва сержантҳое гузошта мешаванд, ки дорои интизоми оҳанин, иродаи қавӣ буда, аз назари сиёсӣ ҳушёру зирак ва аз назари саломатӣ солим мебошанд ва дар пости рақами 1 нигоҳбон буданро барои худ шараф ва ифтихори бузург медонанд.
Парчам ҳамчунон дар замони ҷанг дорои аҳамияти хоса мебошад. Ҷанговарон дар зери партавафшонии парчам ба ҳамла бархоста, ба душман зарбаҳои ҷонкоҳ мезананд. Дар ҳақиқат парчам дорои як қувваи воқеии руҳбаландкунанда ва ба ваҷдоваранда буда, барои расидан ба пирӯзӣ омили беҳтарин мебошад. Дар баробари ин ҳама омилҳои беҳтарин, парчам дорои душманони зиёде низ мебошад. Дар ҷангҳои рӯ ба рӯ душман кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сараввал байрақбардоронро аз байн бурда, парчамро аз дасташон рабояд. Ҳар қисми ҳарбие, ки парчамашро аз даст медиҳад, шарманда ва белаёқат ҳисобида шуда, командираш ҳабс ва ё парронида мешуд, (дар замони ҷанг). Ҳайати шахсии қисми ҳарбии парчамгумкарда ҳатман муталошӣ гашта ба қисмҳои дигар гузаронида мешуданд ва бо ҳамин омил ин қисми ҳарбӣ аз байн мерафт.
Дар паради ҳарбии соли 1945, ки бештар ба паради Ғалаба машҳур аст, садҳо парчами қисмҳои ҳарбии немисҳоро, ки сарбозони мо ба даст оварда буданд, ба пояи мақбараи В.И.Ленин партофта шуданд. Аз ин рӯ, дар замони ҷанги Бузурги Ватанӣ байрақбардоронро бештар аз ҳисоби ҷанговарони пурқувват ва чусту чолок таъйин намуда, боз гурӯҳеро барои ҳимояти онҳо вазифадор мекарданд. Дар Қувваҳои Мусаллаҳ боз парчамҳое мавҷуданд, ки онҳоро парчамҳои сайёр низ мегӯянд. Ин парчамҳо дар ҷаласоти ҷамбастӣ ба қисми ҳарбие дода мешаванд, ки дар давраи омӯзишӣ ва амалӣ нишондиҳандаҳои беҳтаринро ба даст оварда бошад. Парчам боз дар маъракаҳои калону сернуфуси байналхалқӣ барои он ки мардум роҳгум назананд, ҳамчун роҳнамо хидмат менамояд. Ғайр из ин, парчам ё байрақро хамчун мукофот (Ордени байрақи Сурх-яке аз аввалин мукофотҳои ҷангӣ, ки соли 1918 аввал дар РСФСР ва баъдан дар СССР таъсис дода шуда буд ва Байрақи Сурхи меҳнат-дар байни нишонҳои ин соҳа аввалин нишон ба ҳисоб меравад) низ истифода менамоянд. Чунин нишонҳо, чи тавре дидем, дар миёни дигар мукофотҳо дорои дараҷаи баланд буда, яке аз ҷойҳои аввалро мегиранд.
Хулоса, Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳим ва муқаддасоти давлатдорӣ ба шумор рафта, ҳам дар замони сулҳу осоиштагӣ ва ҳам дар давраҳои ҷанг нақши муҳим доштааст. Он дар ҳама давру замон мардумро ба ҳимояи Ватан, меҳнатдӯстӣ, мубориза ва расидан ба пирӯзиҳо раҳнамун сохта, рӯҳбаланд менамояд. Дар замони Истиқлоли давлатӣ Парчами Тоҷикистон бо талошу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолии давлат мавқеи хосса пайдо намуд. Пешвои миллат бо эҳтирому арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва парафшон намудани он дар арсаи байналмилалӣ дар муаррифии симои Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол саҳми муҳим гузоштаанд. Имрӯз Парчами давлатӣ на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки мояи ифтихору сарфарозӣ, ваҳдату сарҷамъӣ ва худшиносии миллии ҳар як фарди тоҷик мебошад. Парафшонии он дар арсаи ҷаҳонӣ нишонаи шинохти Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҷомеаи байналмилалӣ аст.
...Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем,
кашидаем....
Холназаров Назар, ходими илмии шуъбаи Шарци Миёна ва Наздики Институти oмӯзиши масъалаҳoи давлатҳoи oсиё ва аврупoи АМИТ