ПАРЧАМ РАМЗИ СОҲИБИХТИЁРИИ ДАВЛАТӢ ВА ОСУДАҲОЛИИ ТОҶИКОН

images (51).jpg

Парчами давлатӣ яке аз муқаддасот ва рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад. Он таҷассумгари истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ҳувияти таърихию фарҳангии ҳар як миллат мебошад. Барои мардуми тоҷик Парчами давлатӣ на танҳо як рамзи расмӣ, балки нишонаи ҳастии миллӣ, озодӣ, ифтихор ва эҳтиром ба Ватани азиз аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқадасоти миллии ҳар фарди милат ба шумор рафта дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа нақши муҳим дорад.

Парчами давлатӣ дар ҳаёти ҷомеа на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ, балки рамзи сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ низ мебошад. Таърихи навини Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои пойдории давлат аҳаммияти бузург доранд. Парчам ҳамчун рамзи умумимиллӣ шаҳрвандони кишварро новобаста аз маҳалли зист, касбу кор ва вазъи иҷтимоӣ муттаҳид мекунад. Парчами давлати дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Аз замонҳои қадим аҷдодони тоҷикон аз дирафшу ливоҳо ҳамчун нишонаи давлатдорӣ, қудрат, ҷасорат ва муттаҳидӣ истифода мебурданд. Яке аз намунаҳои машҳури таърихии он Дирафши Ковиёнӣ мебошад, ки дар ривоятҳои таърихию адабии мардуми ориёӣ ҳамчун рамзи озодӣ, мубориза бар зидди зулм ва истиқлолият ёд мешавад.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули рамзҳои нави давлатӣ ба миён омад. Аз санаи 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид, ки ин яке аз рӯйдодҳои таърихии давлатдории навини тоҷикон аҳаммияти бузург дошта, оғози марҳилаи нави эҳёи рамзҳои миллию давлатӣ гардид. Ҳамасола дар ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябр ҳамчун рузи парчами давлати таҷлил мегардад, ки ин яке аз ҷашнҳои муҳими давлати ба ҳисоб рафта баҳри тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва эҳтироми рамзҳои давлатӣ аҳаммияти калон дорад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, аз се ранг иборат аст Рангҳои он сурх, сафед ва сабз мебошанд. Ҳар як ранги Парчами давлатӣ дорои маънои хоси худ мебошад: Ранги сурх рамзи ҷасорат, шуҷоат, мубориза барои озодӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу осоиш, нияти нек, адолат ва бахту саодат аст. Инчунин ранги сафедро ҳамчунин бо барфу пиряхҳои кӯҳҳои сарбаланди Тоҷикистон ва пахтаи сафед алоқаманд менамоянд. Ранги сабз рамзи табиат, ҳаёт, сарсабзӣ, ободонӣ, умед ва шукуфоии Ватан мебошад. Дар маркази парчам ва болои ранги сафед тоҷи зарин ва ҳафт ситора ба шакли нимдоира ҷой гирифтааст, ки рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва сарбаландии миллати тоҷик аст. Инчунин ҳафт ситораро ҳамчун рамзи бахту саодат, хушбахтӣ, камолоту ягонагӣ ва ормонҳои неки халқи тоҷик маънидод мекунанд. Рақами ҳафт дар фарҳанги мардуми тоҷик низ мақоми хос дошта, аз қадим ҳамчун рақами рамзӣ истифода мешавад. Парчами давлатӣ дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсус дорад. Асоси ҳуқуқии он Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки қонуни мазкур 12 майи соли 2007 қабул гардида, тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муайян менамояд. Ин талабот барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон аҳаммияти муҳим дорад. Хушбахтона имрузҳо натанҳо дар ҷумҳури балки дар тамоми ҷаҳон ҷавонони мо бо пирузиҳои худ дар тамоми самтҳои варзиши ва илму ҳунар бо садо додани суруди милли ва баланд афрухтани парчами давлати, ҷумҳуриамонро дар ҷаҳон муарифи мекунанд. Ин ҳамма боис мегардад, ки наслҳои оянда баҳри ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кушиш намуда, худро ҳамчун фардҳои ватандусту масъулиятнок эҳсос менамоянд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои асосии соҳибихтиёрии давлат ба ҳисоб меравад. Он таҷассумгари таърихи пурифтихори миллати тоҷик, истиқлолияти сиёсӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ормонҳои неки мардуми кишвар мебошад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд Парчами давлатиро ҳамчун рамзи озодӣ, истиқлолият ва ҳастии миллӣ эҳтиром намояд. Зеро эҳтиром ба Парчам пеш аз ҳама эҳтиром ба Ватан, миллат, таърих ва давлатдории миллӣ мебошад.

Хуҷаев Муҳаммадсидиқ Сидқуллоевич - ходими илмии шуъбаи флора ва систематикаи растаниҳои Институти ботаника физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ

readers loved this