НАҚШИ ТАШАББУСКОРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ, ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИНТАҚАВӢ ВА ПЕШБУРДИ СИЁСАТИ МУТАВОЗИНИ ХОРИҶӢ
(Дар ҳошияи сафари Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон,20 ноябри 2026)
Дар марҳилаи кунунии таҳаввулоти геополитикӣ, ки бо мураккабшавии низоми муносибатҳои байналмилалӣ тавсиф меёбад, нақши шахсиятҳои таърихӣ ва роҳбарони дурандеш дар ҳифзи субот ва таъмини манфиатҳои миллии давлатҳо аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Сафари кории Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба шаҳри Душанбе дар рӯзи 20 ноябри соли 2026 ва музокироти пурмуҳтавои ӯ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани эътирофи мақоми баланди байналмилалии Тоҷикистон ва мактаби дипломатияи Пешвои миллат мебошад. Таваҷҷуҳи хоссаи роҳбари яке аз абарқудратҳои ҷаҳон ба ташрифи алоҳида ба Душанбе — он ҳам бевосита пас аз иштирок дар нишасти сатҳи олии АТЭС дар Чин — аз он шаҳодат медиҳад, ки мавқеъ, таҷриба ва дидгоҳи стратегии Президенти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои асосии минтақавӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Яке аз дастовардҳои бузурги сиёсати хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи муваффақонаи консепсияи «дарҳои боз» мебошад, ки ба Тоҷикистон имкон дод бо тамоми қудратҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои созанда ва баробарҳуқуқ барқарор намояд. Баргузории мулоқотҳои сатҳи баланд бо намояндагони ИМА дар Душанбе (18 ноябри соли 2026) ва пас аз ду рӯз пазироии расмии Президенти Федератсияи Русия нишондиҳандаи санъати олии дипломатии Сарвари давлати Тоҷикистон аст.
Аз нигоҳи илми сиёсӣ, Пешвои миллат тавонистанд чунин муҳити эътимоди мутақобиларо эҷод кунанд, ки шарикони стратегӣ Душанберо на ҳамчун майдони рақобат, балки ҳамчун шарики боэътимод ва сулҳофар мешиносанд. Ҳамин обрӯву эътибори шахсии Президенти Тоҷикистон боис гардид, ки масъалаҳои ҳассостарини минтақавӣ маҳз дар мизи музокироти Душанбе мавриди баррасӣ ва ҳамоҳангсозӣ қарор гиранд.
Дар меҳвари музокироти сатҳи олии Душанбе масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистон қарор доштанд. Бояд таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи даҳсолаҳои охир ҳамчун огоҳтарин ва соҳибтаҷрибатарин сиёсатмадори минтақа оид ба қазияи Афғонистон шинохта шудаанд. Мавқеи устувор ва принсипиалии Сарвари давлати Тоҷикистон дар мавриди таъмини сулҳу суботи пойдор, ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Афғонистон ва таҳкими сарҳадҳои ҷанубии ИДМ имрӯз аз ҷониби шарикони байналмилалӣ ҳамчун меъёри асосӣ эътироф мегардад.
Маҳз ба ҳамин хотир, сафари Владимир Путин ба Душанбе пас аз боздиди ҳайати ҳукуматии Русия аз Кобул ва мубодилаи иттилооти муфассал бо Президенти Тоҷикистон баёнгари он аст, ки Маскав ба арзёбиҳо, тавсияҳо ва таҷрибаи ғании Пешвои миллат дар масъалаи Афғонистон арҷ мегузорад ва қадамҳои минбаъдаи амниятии худро дар минтақа бо Душанбе ҳамоҳанг месозад.
Нақши роҳбарикунандаи Пешвои миллат дар таъмини амнияти дастаҷамъӣ дар шароите боз ҳам равшантар мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба уҳда гирифтани раёсати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар соли 2027 омодагӣ мебинад. Бо ибтикори бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи беамон бо терроризму экстремизм ҳамчун ҳадафи асосии ин раёсат муайян шудааст. Дар ҷараёни музокироти 20 ноябр таъкид гардид, ки ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ ва фаъолияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар партави ҳамин ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат барои таҳкими суботи тамоми фазои Авруосиё хизмат мекунанд.
Дар баробари масъалаҳои сиёсиву амниятӣ, сиёсати созандаи иқтисодии Пешвои миллат заминаи мусоидро барои ҷалби сармоя ва густариши тиҷорат фароҳам овардааст. Афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия ба андозаи тақрибан 19 дарсад дар нӯҳ моҳи соли 2026 ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни вилоятҳои Тоҷикистон ва беш аз 70 субъекти Федератсияи Русия натиҷаи мустақими ҳидоятҳо ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат мебошад. Ин раванд на танҳо ба татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат мекунад, балки сатҳи некуаҳволии иҷтимоии аҳолиро низ таҳким мебахшад.
Ҳамин тариқ, таҳлили илмӣ-сиёсии сафари кории Президенти Федератсияи Русия ба Душанбе дар моҳи ноябри соли 2026 собит месозад, ки мактаби дипломатияи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили асосии табдили Тоҷикистон ба давлати соҳибнуфуз ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Хиради сиёсӣ, дурандешии стратегӣ ва мавқеи устувори Сарвари давлат имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир манфиатҳои миллии худро ба таври шоиста ҳифз намуда, шарикии стратегиро бо Русия дар сатҳи сифатан нав ба нафъи сулҳу субот ва рушди устувори минтақа густариш диҳад
Мубодилаи афкори муфассал оид ба вазъи Афғонистон ва ҳамоҳангсозии қадамҳои минбаъдаи амниятӣ боз як бори дигар тасдиқ намуд, ки дидгоҳи стратегии Пешвои миллат нисбат ба масоили минтақавӣ барои шарикони стратегӣ ҳамчун роҳнамои боэътимод хизмат мекунад. Мавқеи устувор ва дурандешонаи Президенти Тоҷикистон имкон медиҳад, ки таҳдидҳои фаромарзӣ сари вақт пешгирӣ шуда, суботи пойдор дар ҷануби ИДМ таъмин гардад.
Музокироти сатҳи олии Душанбе саҳифаи наверо дар таърихи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия боз намуд. Хиради сиёсӣ, иродаи қавӣ ва дипломатияи дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафолати асосии он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир истиқлолият, амният ва рушди устувори худро боз ҳам таҳким бахшида, ҳамчун давлати соҳибэҳтиром ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ устуворона ба пеш қадам мегузорад.
РАҲИМОВ Дилшод, - ходими хурди илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши маъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ