ТАҲКИМИ РОБИТАҲОИ ТИҶОРАТӢ, ИҚТИСОДӢ, САНОАТӢ ВА ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ
(Дар ҳошияи сафари кории Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 ноябри соли 2026)
Мусаллам аст, ки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва энергетикӣ байни Тоҷикистон ва Россия яке аз меҳварҳои асосии шарикии стратегӣ буда, сафари кории Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Душанбе дар рӯзи 20 ноябри соли 2026 барои густариши минбаъдаи он такони тоза мебахшад. Тибқи иттилои расмии АМИТ «Ховар» ва Хадамоти матбуоти Кремл, сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ҷараёни ин сафар рушди робитаҳои тиҷоратӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки армоягузорӣ ва масъалаҳои минтақавиро баррасӣ мекунанд.
Қобили тазаккур аст, ки Россия шарики пешсафи тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2025 ҳаҷми гардиши савдо байни дукишвар ба 2,4 миллиард доллар расид (бо афзоиши 25,1%) ва дар нимаи аввали соли 2026 боз 25% афзоиш ёфт. Мувофиқи барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2024-2027, ҷонибҳо нақша доранд, ки ҳаҷми тиҷорати мутақобиларо то соли 2030 2,5 баробар зиёд кунанд. Беш аз 96%-и амалиёти молиявӣ ва тиҷоратӣ байни Душанбе ва Маскав тавассути асъори миллӣ (рубл ва сомонӣ) анҷом дода мешаванд. Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 320 корхона бо иштироки сармояи Россия дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар доираи форумҳои тиҷоратӣ (аз ҷумла форуми «Суғд-2026»), ширкатҳо беш аз 10 минтақаиРоссия (Маскав, Санкт-Петербург, Красноярск, Нижний Новгород ва ғайра) барои таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва коркард изҳори ҳавасмандӣ кардаанд. Ҳамзамон вазоратҳои рушди иқтисоди ду кишвар содироти меваю сабзавоти тару тоза, хушкмева ва ангурро аз Тоҷикистон ба бозорҳои Россия густариш медиҳанд. Дар мулоқоти қаблии сарони давлатҳо (12 ноябри соли 2026 дар Маскав) ва дар рӯзномаи музокироти Душанбе таҳкими ҳамкорӣ дар бахши энергетика, гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ мавқеи муҳим доранд.
Ёдовар мешавем, ки яке аз самтҳои афзалиятноки рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Россия гузариш аз модели анъанавии мубодилаи молу маҳсулот ба модели ҳамкории истеҳсолӣ, сармоягузорӣ ва ташаккули занҷираҳои муштараки арзиши иловашуда мебошад. Ин масъала дар шароити тағйирёбии сохтори иқтисоди ҷаҳонӣ, аз навсозии роҳҳои нақлиётиву логистикӣ ва афзоиши рақобат дар бозорҳои минтақавӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад.
Бо вуҷуди ин, таҳлили сохтори савдои дуҷониба нишон медиҳад, ки масъалаи муҳим натанҳо зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол, балки беҳтар намудани таносуби содироту воридот, васеъ кардани номгӯйи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи коркарди ашёи хоми ватанӣ мебошад. Дар ин замина, Тоҷикистон дорои имкониятҳои назаррас дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавоти тару тоза, хушкмева, ангур, маҳсулоти нассоҷӣ, алюминий, маъдан ва дигар маҳсулоти саноатӣ мебошад.
Бозори Россия бо шумораи зиёди истеъмолкунандагон ва талаботи гуногун ба маҳсулоти озуқаворӣ ва саноатӣ барои истеҳсолкунандагони Тоҷикистон имкониятҳои васеи тиҷоратӣ фароҳам меорад. Аммо истифодаи самараноки ин имкониятҳотакмили инфрасохтори нигоҳдорӣ, бастабандӣ, коркард, сертификатсия ва интиқоли маҳсулотро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, таъсиси марказҳои логистикӣ, анборҳои муосири нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва корхонаҳои муштараки коркард дар Тоҷикистон метавонад ба зиёд гардидани ҳаҷми содирот ва баланд бардоштани рақобатпазири имаҳсулоти ватанӣ мусоидат кунад.
Дар ин раванд, ҳамкории минтақаҳои Федератсияи Россия бо вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аҳаммияти махсус дорад. Тақвияти робитаҳои мустақими байни минтақавӣ имкон медиҳад, ки корхонаҳо, соҳибкорон ва сармоягузорони ду кишвар бемаҳдуд шудан ба механизмҳои марказонидашудаи ҳамкорӣ робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва истеҳсолиро ба роҳ монанд. Махсусан, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои саноатии Россия дар соҳаҳои мошинсозӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ метавонад ба ташкили корхонаҳои муштараки дорои аҳаммияти содиротӣ замина гузорад.
Дар ин замина, фаъолияти беш аз 330 корхона бо иштироки сармояи Россия дар қаламрави Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳамкории сармоягузорӣ хусусияти устувор касб намудааст. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми сармоягузории ҷамъшудаи соҳибкорони Россия ба иқтисоди ҷумҳурӣ аз 1,6 миллиард доллари ИМА зиёд буда, робитаҳои байниминтақавӣ низ фарогири беш аз 70 субъекти Федератсияи Россияме бошанд.
Бо вуҷуди ин, барои марҳилаи минбаъдаи ҳамкорӣ муҳим аст, ки сармоягузорӣ на танҳо ба фаъолияти тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ, балки ба соҳаҳои истеҳсолӣ, коркарди ашёи хом, технологияҳои муосир ва ташкили ҷойҳои нави корӣ равона карда шавад. Аз нигоҳи иқтисодӣ, маҳз чунин равиш метавонад таъсири сармоягузории хориҷиро ба рушди дарозмуддати иқтисоди миллӣ афзоиш диҳад.
Дар низоми ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Россия соҳаи энергетика низ яке аз самтҳои дорои аҳаммияти стратегии дарозмуддат ба ҳисоб меравад. Захираҳои бузурги гидроэнергетикииТ оҷикистон, зарурати рушди инфрасохтори энергетикӣ ва талаботи афзоянда ба неруи барқ барои густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва техникӣ имкониятҳои муҳим фароҳам меоранд.
Яке аз намунаҳои мушаххаси ҳамкории дуҷониба дар ин соҳа Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» мебошад, ки дар заминаи созишномаҳои байниҳукуматӣ ҳамчун лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ амалӣ гардида аст. Созишномаи ҳамкории Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба истифодаи НБО «Сангтӯда-1», ки 30 июли соли 2009 ба имзо расида аст, заминаи ҳуқуқии ҳамкории тарафҳоро дар ин самт муайян менамояд. Дар соли 2025 ба созишномаи мазкур тағйироту иловаҳов орид карда шуданд.
Аҳаммияти чунин лоиҳаҳо дар он аст, ки онҳо ҳамзамон ба рушди иқтидори истеҳсолии кишвар, таъмини амнияти энергетикӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таҳкими ҳамкории иқтисодии байни давлатӣ мусоидат менамоянд. Дар ин замина, густариши ҳамкорӣ дар самти навсозии таҷҳизоти энергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф, рақамикунонии идоракунии шабакаҳои барқӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос низ аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, бо назардошти имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика, ҳамкорӣ бо ширкатҳои Россия метавонад ба рушди лоиҳаҳои хурду миёнаи энергетикӣ, истифодаи технологияҳои муосири назорату идоракунӣ ва баланд бардоштани самаранокии инфрасохтори мавҷуда равона карда шавад. Дар ин самт зарур аст, ки манфиатҳо ииқтисодӣ, талаботи экологӣ ва принсипҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ба таври ҳамоҳанг ба назар гирифта шаванд.
Самти дигари муҳимми ҳамкории иқтисодӣ рушди инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ мебошад. Ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон ва хусусияти кӯҳистонии қисми зиёди қаламрави он аҳаммияти роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва долонҳои байналмилалии нақлиётиро зиёд менамояд. Барои рушди содирот ба бозори Россия, пеш аз ҳама, таъмини мунтазамии интиқоли бор, коҳиш додани хароҷоти логистикӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ ва истифодаи технологияҳои рақамии назорати ҳаракати мол зарур мебошад.
Аз ин рӯ, ҳамкории ду давлат дар соҳаи нақлиёт бояд натанҳо ба зиёд намудани ҳаҷми интиқоли мол, балки ба ташаккули низоми ҳамоҳангшудаи логистикӣ, рушди марказҳои тақсимоти маҳсулот ва беҳтар намудани дастрасии истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ба бозорҳои Россия ва дигар кишварҳои минтақа нигарони дашавад.
Дар шароити тағйирёбии низоми молиявии байналмилалӣ масъалаи таъмини устувории ҳисоббаробаркуниҳои байнидавлатӣ ва рушди ҳамкории бонкӣ омилҳои муҳимми рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Россия маҳсуб меёбад. Истифодаи асъори миллӣ дар муомилоти тиҷоратӣ метавонад вобастагии амалиёти иқтисодиро аз тағйирёбии қурби асъорҳои сеюм коҳиш дода, барои соҳибкорон шароити мусоиди ҳисоббаробаркунӣ фароҳам оварад. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Россия, ҳиссаи асъорҳои миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои тиҷоратии ду кишвар аз 97 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, механизмҳои интиқоли фаромарзии маблағҳо тавассути низоми пардохтҳои фаврӣ ва рушди ҳамкории бонкӣ барои осон гардидани амалиёти молиявии шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор замина фароҳам меоранд.
Бо вуҷуди ин, густариши чунин механизмҳо бояд бо риояи талаботи қонунгузории миллӣ, меъёрҳои мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада, пешгирии маблағгузории терроризм ва таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ амалӣ карда шавад. Аз ин ҷиҳат, ҳамкории мақомоти молиявӣ ва бонкии ду давлат натанҳо аҳаммияти иқтисодӣ, балки ҷанбаи муайяни амниятӣ низ дорад.
Дар маҷмуъ, амнияти иқтисодӣ танҳо бо нишондиҳандаҳои афзоиши савдо ва сармоягузорӣ маҳдуд намегардад. Он ҳамчунин устувории занҷираҳои таъминот, дастрасӣ ба бозорҳо, амнияти энергетикӣ, фаъолияти мунтазами низоми пардохт, ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ва пешгирии хавфҳои молиявиро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, таҳкими ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Россия бояд ҳамчун ҷузъи муҳимми сиёсати таъмини амнияти ҳамаҷонибаи минтақавӣ арзёбӣ карда шавад.
Бояд зикр намуд, ки танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва осон гардонидани интиқоли маблағҳо, аз ҷумла тавассути низоми пардохтҳои фаврӣ, яке аз омилҳоимуҳимми робитаҳои иқтисодию иҷтимоии ду кишвар маҳсуб мешавад. Илова бар ин бо дастгирии молиявии Россия дар шаҳри Душанбе сохтмони Маркази рушди кӯдакони болаёқат ва бинои нави Театри давлатии драмавии рӯсии ба номи В. Маяковский идомадорад.
Дар воқеъ, Президенти Россия Владимир Путин рӯзи 20 ноябри соли 2026 пас аз анҷоми саммити Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором дар шаҳри Шэнчжэни Чин бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омад.
Дар назар аст, ки дар баробари масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва фаъолияти пойгоҳи низомии 201-ум, инчунин роҳбарони ду давлат роҳҳои нави ҳамгироии иқтисодӣ, ҷалби сармояи мустақим ва таҳкими занҷираҳои таъминоти молу маҳсулотро дар минтақа ҳамоҳанг месозанд.
ДАВЛИЁРОВА Сафаргул Тешаевна, ходимии пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳоифалсафа, дотсент.