РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

RUZI-PREZIDENT-9 (1).jpg

Дар таърихи давлатдории ҳар як миллат санаҳое мавҷуданд, ки ҳамчун рамзи сарнавишти таърихӣ ва марҳилаҳои муҳими ташаккули давлатдорӣ сабт гардидаанд. Дар таърихи навини тоҷикон 16 ноябр аз ҷумлаи чунин санаҳои муҳим ба шумор меравад. Ин рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва мазмуну муҳтавои муҳими сиёсӣ, таърихӣ ва иҷтимоиро дар бар мегирад.

Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон вобаста ба хусусиятҳои таърихӣ ва анъанаҳои миллӣ рӯзҳои марбут ба сарварони давлат бо шаклу усулҳои мухталиф таҷлил карда мешаванд. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз чунин рӯзҳо ба гиромидошти Ҷорҷ Вашингтон - нахустин Президенти ин кишвар, ки яке аз бунёдгузорони давлати Амрико эътироф шудааст, бахшида шудааст. Ҷашни мазкур, ки имрӯз бо номи «Рӯзи президентҳо» маъруф аст, аз анъанаҳои муҳими сиёсӣ ва таърихии ин кишвар ба шумор меравад. Боиси зикр аст, ки ҷашни мазкур аз маҳбубияти ҳар як президент ё шахси сиёсии кишвар сарчашма мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Рӯзи Президент мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад. Ин рӯз рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳматҳо, хизматҳои шоиставу таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми босазо гузоштаанд. Таҷлили ин рӯз ҳар як шаҳрванди кишварро ба меҳру садоқат ба Ватан, ягонагӣ ва заҳмати созанда водор месозад. Сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Пешвои миллат на танҳо барои таҳкими давлатдорӣ ва истиќлол, балки барои тарбияи насли ҷавон ҳамчун шаҳрвандони содиқ ва ватандӯст низ намуна аст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Вазифаи муқаддаси мо - ҳифз ва таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу субот, ваҳдати комил ва якпорчагии Ватан аст».

Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд, миллат дар остонаи нестӣ қарор дошт. Маҳз дар чунин лаҳзаи душвор шахсе ба майдон омад, ки бо иродаи қавӣ, ҷасорати сиёсӣ ва муҳаббати беандоза ба Ватан тавонист кишвари парокандаро аз нобудӣ наҷот диҳад. Суханони таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ садо дод, имрӯз ҳам ҳамчун рамзи умед дар дилҳои мардум садо медиҳад:

«Ман ба хотири сулҳи тоҷикон ҷони худро низ фидо мекунам!»

Ин сухан танҳо ваъда набуд - ин қасам ба халқи тоҷик буд. Дар натиҷаи талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат, сулҳу ризоияти миллӣ таъмин гардид ва Тоҷикистони навин ба роҳи рушду шукуфоӣ ворид шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Тадриҷан заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохторҳои асосии давлатдории миллӣ ташаккул ёфта, барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди устувори кишвар шароити мусоид фароҳам гардид.

Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ рушди иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии кишвар мебошад. Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун», бунёди роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, пулҳо ва корхонаҳои саноатӣ барои рушди иқтисодиёт ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ замина гузоштанд. «Мо бо дастони худ Тоҷикистонро обод месозем, то ки наслҳои оянда бо ифтихор гӯянд, ки ин Ватанро падарону модарони ватандӯст барпо карданд.» - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар баробари рушди иқтисодӣ, ба соҳаи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар саросари мамлакат муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, иншооти варзишӣ ва фарҳангӣ бунёд ва азнавсозӣ карда шуданд. Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.

Маориф ва илм ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа дар сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи муҳим доранд. Зеро пешрафти устувори ҳар як давлат пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, маърифат, тафаккури илмӣ ва касбияти шаҳрвандони он вобаста мебошад. Дар ин замина, барои рушди муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, дастгирии омӯзгорону олимон ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илм тадбирҳои гуногун амалӣ мегарданд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷомеа, рушди тафаккури илмӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» роҳандозӣ гардиданд. Ин иқдомҳо барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, омӯзиши илм, рушди қобилияти эҷодӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мусоидат менамоянд.

Эҳё ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар даврони истиқлол мебошад. Бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти кишвар ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон ва Сада мақоми хос пайдо карда, барои эҳёи суннатҳои неки ниёгон ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ замина фароҳам оварданд.

Дар баробари ин, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мавқеи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким бахшиданд. Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ як қатор қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи об қабул гардиданд. Аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 бо ташаббуси Тоҷикистон эълон гардид. Ин иқдом аҳамияти захираҳои обиро дар таъмини рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ боз ҳам равшан сохт.

Дар маҷмӯъ, дастовардҳои даврони истиқлол дар соҳаҳои гуногун ба ташаккули давлатдории муосири тоҷикон, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд гардидани нуфузи байналмилалии кишвар мусоидат карданд. Дар ин раванд нақши роҳбарияти давлат, фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад.

Воќеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дили мардум, бо кору пайкори созандаашон, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон маълуму машҳур гардид.

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардаанд. Ҳамчун як шахсияти таърихӣ халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохтанд, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот доданд, ҷон дар кафи даст мухолифинро оғўш карданд, ҷинояткоронро авф карданд, гурезаҳоро ба Ватан баргардонданд, ба миллат ваҳдат, субот, амният оварданд, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон гузоштанд, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуданд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо карданд.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон бо ифтихор аз роҳбарии Пешвои худ ёд мекунанд. Маҳз таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мафҳуми ваҳдат, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар ҷомеа реша давидааст.

Ҷавонон имрӯз бо намуна гирифтани Пешвои миллат, ба илмомӯзӣ, заҳмат, ихтироъ ва хизмат ба Ватан рӯ овардаанд. Чуноне ки Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Ҷавонон ояндаи давлатанд. Агар онҳо бо илму хирад ва ахлоқи нек парвариш ёбанд, миллат наҷот меёбад.»

Ҳамин тавр, Рӯзи Президент - ин танҳо ҷашни як шахсият нест, балки ҷашни давлатдории тоҷикон, рамзи ваҳдат, сулҳ ва ифтихори миллӣ аст. Ин рӯз моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба Ватан даъват мекунад.

Бигзор ин рӯз ҳамеша моро ба ваҳдат, меҳр ба Ватан ва масъулият дар назди наслҳои оянда ҳидоят намояд. Тоҷикистон зери парчами сулҳу ваҳдат, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамеша дар роҳи шукуфоӣ ва пешрафт қадамҳои устувор гузорад!

Назарова З.К., Назарова Ш.К. Лаборантони калони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

readers loved this