КӮЛИ ҚАРОКӮЛ — ОСОРИ БАРХӮРДИ ҶИРМИ КАЙҲОНӢ БО ЗАМИН: ЯК ПАДИДАИ НОДИРИ КАЙҲОНӢ ДАР ПОМИРИ ТОҶИКИСТОН
Кайҳон ҳамеша саршор аз падидаҳои аҷибу ҳодисаҳои бузурги табиӣ мебошад. Бархӯрди астероидҳо, метеороидҳо ва дигар ҷирмҳои осмонӣ бо сайёраҳо аз ҷумлаи равандҳое мебошанд, ки дар ташаккул ва таҳаввули сатҳи ҷирмҳои низоми Офтоб нақши муҳим бозидаанд. Сайёраи Замин низ дар тӯли таърихи чандмиллиардсолаи худ борҳо ба чунин бархӯрдҳои кайҳонӣ дучор гардидааст.
Яке аз осори эҳтимолан боқимондаи чунин ҳодисаи азими кайҳонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар минтақаи баландкӯҳи Помир ҷойгир мебошад. Сухан дар бораи кӯли машҳури Қарокӯл меравад, ки на танҳо бо манзараҳои нотакрори табиӣ, балки бо хусусияти нодири геологӣ ва пайдоиши импактии худ таваҷҷуҳи олимонро ба худ ҷалб менамояд. Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти геологӣ, ҳавзаи Қарокӯл сохтори бузурги импактӣ буда, эҳтимолан дар натиҷаи бархӯрди ҷирми кайҳонӣ бо сатҳи Замин ташаккул ёфтааст. Ин падида Тоҷикистонро ба яке аз минтақаҳои ҷолиб барои омӯзиши таърихи бархӯрдҳои кайҳонӣ дар Осиёи Марказӣ табдил медиҳад.
Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва хусусиятҳои кӯли Қарокӯл
Кӯли Қарокӯл дар қисми шарқии Помир, дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст. Он дар баландии тақрибан 3928 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, яке аз кӯлҳои баландкӯҳи минтақа ба ҳисоб меравад. Масоҳати кӯл ва шакли ҳавзаи он хусусияти хос доранд. Диаметри кӯл тақрибан 25 километр буда, диаметри сохтори бузурги импактӣ, ки кӯл дар дохили он ҷойгир аст, тақрибан 52 километр арзёбӣ мешавад. Кӯлро қаторкӯҳҳои баланд, нишебиҳои санглох ва манзараҳои хоси Помир иҳота кардаанд. Дар қисматҳои дохилии ҳавза ҷазира ва нимҷазираҳо низ мавҷуданд, ки бо болоравии марказии сохтори импактӣ алоқаманд дониста мешаванд. Ин хусусиятҳо Қарокӯлро на танҳо объекти муҳими ҷуғрофӣ, балки намунаи ҷолиби сохтори мураккаби геологии сайёраи Замин мегардонад.
Таърихи кашфи пайдоиши кайҳонии Қарокӯл
Яке аз ҷанбаҳои ҷолиби омӯзиши Қарокӯл таърихи муайян гардидани пайдоиши он мебошад. Дар гузашта хусусиятҳои ғайриодии ҳавзаи кӯл асосан аз нуқтаи назари равандҳои геологӣ ва тектоникӣ баррасӣ мешуданд. Аммо бо рушди технологияҳои аксбардории кайҳонӣ ва таҳлили тасвирҳои моҳворавӣ, имкониятҳои нави омӯзиши сохтори сатҳи Замин ба вуҷуд омаданд. Таҳқиқоти тасвирҳои кайҳонӣ имкон доданд, ки шакли қариб даврашакли ҳавза ва хусусиятҳои сохтории он ҳамчун нишонаҳои эҳтимолии бархурди ҷирмҳои кайҳонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд. украинӣ Е. П. Гуров ва Ҳ. П. Гурова корҳои саҳроиро дар минтақа анҷом доданд.Дар натиҷаи таҳқиқоти онҳо далелҳои муҳим ба даст омаданд, ки пайдоиши импактии сохтори Қарокӯлро дастгирӣ мекарданд. Солҳои 1987 ва 1989–1991 гурӯҳи муҳаққиқон таҳти роҳбарии Гуров Е.П. дар ҳавзаи Карокӯл таҳқиқоти геологӣ гузарониданд ва натиҷаҳои ин таҳқиқотро дар конфронси илмии Lunar and Planetary Science Conference пешниҳод намуданд. Дар ин кор Қарокӯл ҳамчун аввалин сохтори импактии шинохташуда дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуда, мавриди таваҷҷуҳи олимон қарор гирифт.
Чӣ гуна бархӯрди ҷирми кайҳонӣ метавонад чунин кӯлро ба вуҷуд оварад?
Барои фаҳмидани пайдоиши кӯли Қарокӯл зарур аст, ки механизми бархӯрди ҷирмҳои кайҳониро бо сатҳи сайёра баррасӣ намоем. Вақте ки астероид ё ҷирми дигари кайҳонӣ бо суръати хеле баланд ба сатҳи Замин бармехӯрад, дар муддати ниҳоят кӯтоҳ миқдори бузурги энергия озод мешавад. Суръати бархӯрди ҷирмҳои кайҳонӣ бо Замин метавонад ба даҳҳо километр дар як сония расад. Дар чунин шароит фишор ва ҳарорати маҳаллӣ ба таври фавқулода баланд мешаванд.
Раванди ташаккули кратери импактӣ одатан аз чанд марҳила иборат аст:
1. Марҳилаи бархӯрд. Ҷирми кайҳонӣ ба сатҳи Замин бархӯрда, энергияи бузурги кинетикии худро дар минтақаи маҳдуд озод мекунад.
2. Марҳилаи фишурдашавии зарбавӣ. Мавҷҳои пурқуввати зарбавӣ дар қабатҳои сангӣ паҳн шуда, сохтори минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳиро тағйир медиҳанд.
3. Марҳилаи кандашавӣ ва партоби мавод. Қисми зиёди ҷинсҳои кӯҳӣ пора шуда, ба атроф пош мехуранд. Дар натиҷа фурӯрафтагии азиме дар сатҳи Замин ба вуҷуд меояд.
4. Марҳилаи ташаккули сохтори марказӣ. Дар кратерҳои бузурги мураккаб қабатҳои марказӣ метавонанд боло бардошта шаванд. Ин раванд боиси пайдоиши сохтори марказии баландшуда мегардад.
5. Марҳилаи таҳаввули минбаъда. Дар тӯли миллионҳо сол боришот, эрозия, ҳаракати пиряхҳо ва дигар равандҳои табиӣ метавонанд кратерро тағйир диҳанд. Агар шароити ҷуғрофӣ мувофиқ бошад, об дар дохили он ҷамъ шуда, кӯлро ташкил медиҳад. Эҳтимол меравад, ки чунин равандҳо дар ташаккули ҳавзаи Қарокӯл низ нақш доштаанд.
Далелҳои илмии пайдоиши импактии Қарокӯл
Муҳимтарин масъала дар муайян кардани пайдоиши импактии ягон сохтори геологӣ танҳо шакли даврашаклии он нест. Барои исботи чунин пайдоиш далелҳои минералогӣ, петрографӣ ва геофизикӣ заруранд. Дар мавриди Қарокӯл муҳаққиқон як қатор нишонаҳои хоси таъсири зарбавиро муайян намудаанд.
Аз ҷумла:
- Брекчияҳо: ҷинсҳои кӯҳие, ки аз пораҳои гуногуни сангҳо ва минералҳо иборат буда, дар натиҷаи таъсири механикии шадид ташаккул меёбанд.
- Тағйироти зарбавӣ дар кварс: дар намунаҳои кварс аломатҳои сохтории хоси таъсири фишори зарбавӣ мушоҳида шудаанд.
- Мозаикии кварс: тағйироти дохилии сохтори минерал, ки бо таъсири мавҷҳои пурқуввати зарбавӣ алоқаманд аст.
- Тағйироти минералии биотит: дар баъзе намунаҳо деформатсияи сохтории минералҳо муайян шудааст.
Махсусан, мавҷудияти аломатҳои деформатсияи зарбавӣ дар кварс аҳаммияти калон дорад, зеро чунин нишонаҳо барои муайян намудани сохторҳои импактӣ истифода мешаванд. Дар таҳқиқоти илмии соли 1993 инчунин нишон дода шудааст, ки сохтори марказии баландшудаи Қарокӯл ва нишебиҳои дохилии он дорои ҷинсҳои сахт тағйирёфта мебошанд. Ин далелҳо фарзияи пайдоиши импактии ҳавзаи Қарокӯлро дастгирӣ менамоянд, аммо масъалаи пайдоиши он то ҳол мавзуи баҳси олимон мебошад.
Синну соли кратери Қарокӯл: масъалаи ҳанӯз баҳсбарангез
Яке аз масъалаҳои муҳими илмӣ муайян намудани вақти дақиқи бархӯрди ҷирми кайҳонӣ мебошад. Дар баъзе манбаъҳо синну соли сохтори импактии Қарокӯл тақрибан 25 миллион сол нишон дода шудааст. Масалан, NASA дар тавсифи тасвири моҳворавии худ аз соли 2004 ҳамин арзёбиро пешниҳод кардааст. Аммо дар пойгоҳи илмии Earth Impact Database, ки аз ҷониби Маркази илмҳои сайёравии Донишгоҳи Ню-Брансуики Канада дастгирӣ мешавад, синну соли ин сохтор камтар аз 5 миллион сол оварда шудааст. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки синну соли дақиқи сохтори Қарокӯл ҳанӯз ба таври ниҳоӣ муайян карда нашудааст. Бинобар ин, аз нуқтаи назари илмӣ дуруст аст, ки синну соли он ҳамчун масъалаи таҳқиқотии боз боқӣ монда арзёбӣ шавад. Барои муайян кардани синну соли дақиқ таҳқиқоти иловагии геохронологӣ ва таҳлили намунаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ заруранд.
Аҳаммияти Қарокӯл барои астрономия ва илми ҷаҳонӣ
Қарокӯл танҳо як кӯли зебои баландкӯҳ нест. Он метавонад ҳамчун лабораторияи табиии омӯзиши таъсири бархӯрдҳои кайҳонӣ бо сатҳи сайёраи Замин хизмат намояд.
Омӯзиши чунин сохторҳо барои якчанд самти илм аҳаммияти муҳим дорад:
Астрономия ва илмҳои сайёравӣ. Таҳқиқи кратерҳои импактӣ барои фаҳмидани таърихи бархӯрдҳои ҷирмҳои кайҳонӣ дар низоми Офтоб ва таҳаввули сатҳи сайёраҳо мусоидат мекунад.
Геология ва минералогия. Омӯзиши ҷинсҳои кӯҳӣ ва минералҳои деформатсияшуда имкон медиҳад, ки таъсири фишорҳои ниҳоят баланд ба сохтори моддаҳо муайян карда шавад.
Геофизика. Таҳқиқи сохтори дохилии ҳавза бо истифода аз усулҳои геофизикӣ метавонад дар бораи сохти қабатҳои Замин маълумоти муҳим диҳад.
Илмҳои иқлимшиносӣ ва палеогеография. Таҳшинҳои кӯл метавонанд маълумоти арзишмандро дар бораи тағйироти иқлими гузашта нигоҳ доранд. Таҳқиқоти илмии соли 2010 дар кӯли Қарокӯл намунаҳои таҳшинҳоро омӯхта, маълумоти иқлимии тақрибан 4200 соли охирро баррасӣ кардааст.
Ҳамин тариқ, Қарокӯл метавонад ҳам барои омӯзиши таърихи бархӯрдҳои кайҳонӣ ва ҳам барои таҳқиқи таърихи табиию иқлимии Помир аҳаммияти махсус дошта бошад.
Имкониятҳои таҳқиқоти минбаъда дар Тоҷикистон
Бо дарназардошти аҳаммияти илмии ин минтақа, гузаронидани таҳқиқоти муштараки байнисоҳавӣ метавонад натиҷаҳои арзишманд ба бор оварад. Аз ҷумла, истифодаи аксҳои моҳворавӣ, моделсозии компютерӣ, таҳлили минералогӣ ва геофизикӣ барои муайян намудани хусусиятҳои сохтори импактии Қарокӯл имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Ҳамкории мутахассисони соҳаҳои астрономия, астрофизика, геология ва геофизика метавонад ба омӯзиши амиқтари таърихи ин минтақа мусоидат намояд.
Барои муассисаҳои илмии Тоҷикистон, аз ҷумла Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ин мавзӯъ метавонад заминаи хубе барои рушди ҳамкориҳои илмӣ бо марказҳои байналмилалии омӯзиши ҷирмҳои хурди низоми Офтоб ва сохторҳои импактӣ гардад.
Кӯли Қарокӯл яке аз намунаҳои нодири мероси табиию геологии Тоҷикистон мебошад, ки бо сохтори эҳтимолан импактии худ таваҷҷуҳи ҷомеаи илмии ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст. Натиҷаҳои таҳқиқоти геологӣ нишон медиҳанд, ки ҳавзаи ин кӯл дорои нишонаҳои муҳими таъсири зарбавии ҷирми кайҳонӣ мебошад. Диаметри тақрибан 52-километраи сохтори импактӣ, мавҷудияти сохтори марказии баландшуда ва тағйироти зарбавии минералҳо далелҳои муҳими илмӣ ба ҳисоб мераванд. Ин падида бори дигар нишон медиҳад, ки таърихи Замин аз таърихи кайҳон ҷудонопазир аст. Бархӯрдҳои ҷирмҳои кайҳонӣ на танҳо дар сатҳи Моҳ, Миррих ва дигар ҷирмҳои осмонӣ, балки дар сайёраи мо низ осори худро боқӣ гузоштаанд.
Қарокӯл барои Тоҷикистон на танҳо як сарвати нодири табиӣ, балки объекти муҳими илмӣ ва имконияти арзишманд барои рушди таҳқиқоти астрономӣ, геологӣ ва сайёравӣ мебошад. Омӯзиши чунин падидаҳо метавонад ба баланд бардоштани мақоми илми тоҷик дар таҳқиқи равандҳои кайҳонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи муҳаққиқони байналмилалӣ ба имкониятҳои илмии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Импактӣ (аз калимаи англисии Impact — зарба, бархӯрд) дар илм маънои падида ё сохтореро дорад, ки дар натиҷаи бархӯрди ҷирми кайҳонӣ бо сатҳи ягон ҷирми осмонӣ ба вуҷуд омадааст. Масалан, вақте ки астероид ё метеор бо суръати хеле баланд ба Замин бармехӯрад, дар сатҳи он фурӯрафтагии бузурге ба вуҷуд меояд, ки онро кратери импактӣ меноманд.
Кратерӣ (аз калимаи юнонии Krater — зарфи косашакл) маънои чуқурӣ ё фурӯрафтагии гирдшаклро дорад.
Дар астрономия кратер — чуқуриест, ки дар сатҳи сайёра, Моҳ ё дигар ҷирми осмонӣ пайдо мешавад.
Кратерҳо метавонанд дар натиҷаи:
Бархӯрди астероид ё метеорит;
Фаъолияти вулқонӣ;
Равандҳои геологӣ ба вуҷуд оянд.
Ҳабибзода Ш.Т. xодими хурди илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Пирхониён М. лаборанти калони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон