ПАРЧАМ - МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ
Дар сарнавишти тақдирсози ҳар як давлату миллат аз номи худ, дар арсаи байналмилалӣ ва мақоми ҳуқуқии худ ва дар фазои маънавию фарҳангӣ бо нишонаҳо, таърих, забон ва арзишҳои миллиаш шинохта мешавад. Аммо миёни ҳамаи воситаҳои муаррифкунандаи давлат як рамз мавҷуд аст, ки метавонад бидуни иштирок ва сухан аз ҳастии як миллат, соҳибихтиёрӣ ва шахсияти таърихии он дарак медиҳад . Ин рамз Парчами давлатӣ мебошад. Парафшонии Парчам дар ҳар гӯшаи ҷаҳон маънои муарифи, ҳузури як давлат, эътирофи соҳибихтиёрии он ва муаррифии миллатеро дорад, ки соҳиби таърих, фарҳанг ва сарзамини мустақил аст.
Парчамро ҳамчун шиносномаи рамзии давлат метавон номид. Агар ҳуҷҷатҳои расмӣ мақоми ҳуқуқии кишварро муайян намоянд, Парчам бошад, симои онро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Маҳз тавассути он давлат дар чорабиниҳои давлати, байналмилалӣ, ҳамоишҳои сиёсӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва муносибатҳои дипломатӣ давлат ва миллатро муаррифӣ менамояд. Аз ин ҷиҳат, Парчам на танҳо нишонаи соҳибихтиёрӣ, балки воситаи муҳими муаррифии шаъну эътибори миллат мебошад.
Парчами давлатии Тоҷикистон бо таркибу ливои рангҳо ва унсурҳои хоси худ симои миллии кишварро ифода менамояд. Рангҳои сурх, сафед ва сабз дар якҷоягӣ бо тоҷ ва ҳафт ситора на танҳо сохтори зоҳирии Парчам, балки маҷмӯи маъниҳои таърихию фарҳангиро таҷассум мекунанд. Ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисориҳо дар барқарорсози, озодиву истиқлолият,ранги сафед рамзи покӣ, сулҳ,амн ва осоиштагӣ , ормонҳои нек,ранги сабз нишонаи сарсабзиву хуррамӣ ва шукуфоии сарзамини мо мебошад. Тоҷ ва ҳафт ситора низ ҳамчун унсурҳои рамзӣ соҳибдавлатӣ ва ормонҳои миллии миллатро ифода менамоянд.
Муаррифии давлат тавассути Парчам танҳо ба нишон додани рамзи он маҳдуд намешавад. Ҳар лаҳзае ки Парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ парафшон мегардад, дар баробари он номи миллат, фарҳанги куҳанбунёд, забони тоҷикӣ ва дастовардҳои мардуми кишвар низ муаррифӣ мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар бо рафтору фаъолияти шоиста симои Ватани худро муаррифӣ менамояд, дар асл ба баланд гардидани эътибори рамзи миллии худ низ мусоидат мекунад.
Мисоли ин дастовардҳо дар соҳаи варзиш ба назар мерасад,ки варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медал мегардад ва Парчами давлатӣ ба хотири дастоварди ӯ боло бурда мешавад. Ин муваффақият ба рӯйдоди дорои аҳамияти умумимиллӣ табдил ёфта, қобилият, ирода ва имкониятҳои ҷавонони миллатро ба ҷаҳониён нишон медиҳад. Ҳамин гуна дар мисоли дастовардҳои олимон, муҳаққиқон, ҳунармандон ва дигар намояндагони кишвар низ метавонанд Тоҷикистонро дар фазои байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.
Аз навовариҳои ҷаҳони муосир, ки рақобати иттилоотӣ ва фарҳангӣ торафт густариш меёбад, масъалаи муаррифии давлат аҳамияти бештаро касб менамяд. Барои шинохта шудани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ танҳо доштани рамзҳои давлатӣ кофӣ нест. Зарур аст, ки ин рамзҳо бо дастовардҳои воқеии кишвар дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иқтисод, технология ва ҳифзи мероси табиӣ пайваст бошанд. Парчам метавонад рамзи ягонаи ин дастовардҳо бошад, аммо мазмуни муаррифии онро фаъолияти созанда ва натиҷаҳои меҳнати шаҳрвандон ифода мегардонанд.
Парчами давлати дар дохили кишвар низ вазифаи муҳимми маънавӣ ва муттаҳидкунанда дорад. Он шаҳрвандонро ба дарки мансубияти умумӣ ба як давлат ва эҳтиром ба арзишҳои муштарак раҳнамун месозад. Дар шароите, ки ҷомеа бо тағйироти гуногуни иҷтимоӣ ва таъсири фарҳангҳои мухталиф рӯ ба рӯ мешавад, рамзҳои миллӣ метавонанд ҳамчун омили ҳифзи худшиносӣ ва пайванди наслҳо хизмат намоянд. Аз ин рӯ, омӯзиши таърих ва моҳияти Парчами давлатӣ бояд дар тарбияи маънавии наврасону ҷавонон мавқеи муҳим дошта бошад.
Мақсади асосӣ дар он аст, ки муаррифии давлат танҳо вазифаи сохторҳои расмӣ нест. Ҳар як шаҳрванди кишвар дар ин раванд саҳми худро дорад. Мутахассисони соҳаи илм бо таҳқиқоти арзишманди илми, омӯзгор бо тарбияи насли донишманд, соҳибкор бо ташкили истеҳсолоти ватанӣ, ҳунарманд бо ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва ҷавонон бо донишандӯзиву навоварӣ метавонанд симои Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд. Дар чунин муносибат Парчам аз як рамзи маросимӣ ба нишонаи масъулияти умумимиллӣ табдил меёбад.
Аз ин лиҳоз, эҳтиром ба Парчами давлатӣ бояд на танҳо дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои миллӣ, балки дар тамоми фаъолияти ҳаррӯзаи шаҳрвандон зоҳир гардад. Эҳтироми ҳақиқи дар садоқат ба Ватан, риояи қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, меҳнати ҳалол ва саҳмгузорӣ дар ободии ватан таҷассум меёбад.
Дар фарҷоми гуфтаҳо бояд қайд намуд, ки Парчам яке аз равшангари нишонаҳои шинохти давлатдори дар ҷаҳони муосир мебошад. Он аз таърихи миллат, соҳибихтиёрии давлат ва ормонҳои созандаи мардум дарак медиҳад.
Парчам номи давлатро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, ки ин рафтору корномаи миллат аст, ва ба он ном эътибор мебахшад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани Парчами давлатӣ на танҳо эҳтиром ба рамзи миллӣ, балки масъулияти ҳар яки мо дар назди давлату миллат ва наслҳои ояндаи он мебошад.
Садирдинов А.З. - Ходими илмӣ Муассисаи давлатии “Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”