ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, СОҲИБИХТИЁРӢ ВА ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

images (50).jpg

Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти асосӣ ва рамзҳои муҳими давлатдорӣ ба шумор рафта, таҷассумгари таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳастии сиёсии миллат мебошад. Он на танҳо нишонаи зоҳирии давлат, балки ифодаи ғояҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ, озодӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аст. Барои ҳар як халқу миллат парчам рамзи ягонагӣ ва пайванди наслҳо буда, дар лаҳзаҳои муҳими таърихӣ мардумро дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ муттаҳид месозад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ мақоми хос дошта, дар худ ормонҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву ҳуқуқии мардуми тоҷикро таҷассум менамояд.

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ гардид. Дар ин раванди тақдирсоз қабули рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Парчами давлатӣ, аҳаммияти бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дошт. 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии кишвар қабул гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ сурат гирифта, ифодаи иродаи давлат ва миллати тоҷик барои бунёди давлати мустақил, соҳибихтиёр ва дорои рамзҳои миллии худ буд. Бинобар ин, Парчами давлатӣ на танҳо натиҷаи як қарори сиёсӣ, балки нишонаи оғози марҳилаи нави таърихи давлатдории тоҷикон маҳсуб мешавад.

Мақоми Парчами давлатӣ дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конститутсия ва қонунгузории миллӣ муайян гардидааст. Мутобиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистон мебошанд. Ин меъёри конститутсионӣ аҳаммияти махсус дошта, нишон медиҳад, ки рамзҳои давлатӣ ҷузъи ҷудонашавандаи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ мебошанд. Илова бар ин, тартиби истифода, ҷойгиркунӣ ва эҳтироми Парчами давлатӣ бо қонунгузории дахлдор танзим карда мешавад. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» заминаҳои ҳуқуқии ҳифз ва истифодаи рамзҳои давлатиро муайян менамояд.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ Парчами давлатӣ дорои мақоми махсус буда, эҳтироми он вазифаи ҳар як шаҳрванд, новобаста аз синну сол, касбу кор ва мавқеи иҷтимоӣ мебошад. Эҳтиром ба Парчам танҳо дар муносибати эҳтиромона ба матои дорои рангҳои муайян маҳдуд намегардад, балки эҳтиром ба давлат, Конститутсия, қонунҳо, таърихи миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро низ дар бар мегирад. Аз ин рӯ, муносибати беэҳтиромона ба рамзҳои давлатӣ метавонад на танҳо нишонаи паст будани маърифати ҳуқуқӣ, балки беэътиноӣ нисбат ба арзишҳои давлатдорӣ бошад. Қонунгузорӣ бо мақсади ҳифзи мақом ва шаъну эътибори рамзҳои давлатӣ барои муносибати номуносиб нисбат ба онҳо ҷавобгарии ҳуқуқӣ пешбинӣ менамояд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқии ранга сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудаанд. Ҳар як унсури он дорои мазмуни рамзӣ ва маънои муайяни таърихию фарҳангӣ мебошад. Ранги сурхро метавон рамзи ҷасорат, мубориза барои озодӣ ва фидокориҳои фарзандони миллат дар роҳи ҳифзи давлату Ватан маънидод кард. Ранги сафед таҷассумгари покӣ, сулҳ, нияти нек ва ормонҳои созанда мебошад. Ранги сабз бошад, рамзи ҳаёт, сарсабзӣ, ободӣ ва умед ба ояндаи дурахшон аст. Тоҷ дар маркази Парчам нишонаи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва соҳибтамаддунии миллати тоҷик буда, ҳафт ситора рамзи саодат, хушбахтӣ ва ормонҳои неки мардумро ифода мекунанд. Ҳамин тавр, таркиби рангҳо ва нишонаҳои Парчами давлатӣ дар маҷмӯъ симои таърихӣ ва маънавии Тоҷикистонро таҷассум менамояд.

Аҳаммияти Парчами давлатӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар низ хеле бузург аст. Он дар биноҳои мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти дорои аҳаммияти давлатӣ парафшон гардида, ҳузури давлатро дар муносибатҳои дохиливу байналмилалӣ ифода мекунад. Дар чорабиниҳои расмӣ, мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дигар ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон нишонаи муаррифии давлат, эътирофи соҳибихтиёрӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Вақте ки Парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ парафшон мегардад, дар баробари он таъриху фарҳанг, тамаддун ва дастовардҳои мардуми тоҷик низ муаррифӣ мешаванд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии шаҳрвандӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Парчами давлатӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон мебошад. Махсусан, дар байни насли ҷавон баланд бардоштани эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ бояд ба самти муҳими фаъолияти оила, муассисаҳои таълимӣ ва ниҳодҳои давлатӣ табдил ёбад. Зеро ватандӯстӣ танҳо бо сухан ифода намеёбад, балки пеш аз ҳама дар риояи қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, меҳнати софдилона ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа зоҳир мегардад.

Ҳамзамон, эҳтироми Парчами давлатӣ бояд хусусияти воқеӣ ва амалии шаҳрвандӣ дошта бошад. Шаҳрванд бояд на танҳо дар рӯзҳои ҷашнӣ ва чорабиниҳои расмӣ, балки дар тамоми фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба арзишҳои давлатдорӣ арҷ гузорад. Риояи Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муносибати масъулона ба моликияти давлатӣ, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҳифзи ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки эҳтироми воқеӣ ба Парчами давлатиро ифода мекунанд. Зеро рамзи давлатӣ танҳо дар сурате арзиши воқеии худро нигоҳ медорад, ки ғояҳои таҷассумнамудаи он дар рафтору кирдор ва муносибати шаҳрвандон таҷассум ёбанд.

Бо мақсади баланд бардоштани мақоми Парчами давлатӣ ва гиромидошти он, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда мешавад. Ин сана имконият фароҳам меорад, ки аҳли ҷомеа бори дигар ба таърихи давлатдории миллӣ, арзиши истиқлолият ва масъулияти шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ намоянд. Таҷлили ин рӯз набояд танҳо ба баргузории чорабиниҳои тантанавӣ маҳдуд гардад, балки бояд бо корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ҳамроҳ бошад.

Дар маҷмӯъ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ҳувияти миллӣ ва ягонагии мардуми кишвар мебошад. Арҷгузорӣ ба он маънои арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлолро дорад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки ҳифзи мақому манзалати Парчами давлатӣ танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки қарзи маънавӣ ва масъулияти ҳуқуқии тамоми ҷомеа мебошад. Зеро давлатдорӣ дар баробари заминаҳои сиёсиву иқтисодӣ, пеш аз ҳама, ба худшиносӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои муқаддаси миллӣ такя мекунад.

Пас, Парчами давлатӣ барои мо танҳо як рамзи расмӣ нест, балки нишонаи ҳастии миллат, ифтихори давлатдорӣ ва паймони наслҳои гузаштаву имрӯза барои бунёди ояндаи ободу осуда мебошад. То замоне ки ин рамзи муқаддас дар қалби ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон эҳтиром дошта бошад, эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулият дар назди Ватан низ пойдор хоҳад монд.

Азизқулова Маликабону, докторанти PhD-и Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

readers loved this