ПАРЧАМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ, ОЗОДӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Парчами миллӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ ба шумор рафта, таҷассумгари таърих, фарҳанг, ҳувияти миллӣ, истиқлолият ва ормонҳои неки ҳар як халқу миллат мебошад. Ҳар як давлат бо рамзҳои муқаддаси худ шинохта мешавад ва парчам дар байни онҳо мақоми хосса дорад. Парчами миллӣ танҳо як порча матои ранга нест, балки таҷассумгари ҳастии миллат, соҳибихтиёрии давлат, ваҳдати мардум ва ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик Парчами давлатӣ рамзи эҳёи давлатдории миллӣ, озодӣ ва саодати оянда аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Дар ин давра зарурати қабули рамзҳои давлатии мустақил, ки орзуву ормонҳои мардуми тоҷикро таҷассум намоянд, ба миён омад. Ҳамин тавр, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии кишвар қабул гардид. Ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад. Аз ҳамон рӯз сар карда, парчами серангаи Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ягонагӣ ва давлатдории миллӣ дар фазои кишвар парафшон аст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ иборат мебошад: рахи боло сурх, рахи миёна сафед ва рахи поён сабз аст. Дар маркази рахи сафед тоҷи тиллоӣ ва болои он ҳафт ситора ҷойгир шудаанд. Ин рангҳо ва унсурҳои миллӣ ҳар кадом дорои маънои амиқи таърихию рамзӣ мебошанд ва маҷмӯи онҳо симои фарҳангиву маънавии миллати тоҷикро таҷассум мекунанд.

Ранги сурх дар парчами миллӣ рамзи муборизаи халқ барои озодӣ, истиқлолият, ҷасорат ва фидокорӣ мебошад. Ин ранг моро ба ёди корнамоиҳои гузаштагон, муборизаҳои таърихии миллат барои ҳифзи сарзамин ва арзишҳои миллӣ мебарад. Ранги сурх инчунин рамзи неру, матонат ва иродаи қавии халқ аст.

Ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу оромӣ, нияти нек ва саодати инсонӣ мебошад. Он ҳамчунин ба барфҳои сафеди қуллаҳои баланду сарбафалаки кӯҳҳои Тоҷикистон ишора мекунад. Кӯҳҳои сарбаланди Ватани мо аз қадимулайём мояи ифтихори мардуми тоҷик буда, зебоӣ ва сарватҳои табиии кишвари моро ифода мекунанд. Ранги сафед моро ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ростқавлӣ ва зиндагии осоишта ҳидоят менамояд.

Ранги сабз рамзи табиат, баҳор, шукуфоӣ, сарсабзӣ ва ҳаёти ҷовидона мебошад. Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои осмонбӯс, дарёҳои мусаффо, боғҳои сабзу хуррам ва водиҳои ҳосилхез аст. Аз ин рӯ, ранги сабз зебоии табиати кишвар, умед ба ояндаи дурахшон ва пешрафту ободии Ватанро таҷассум менамояд.

Дар маркази парчам тоҷи тиллоӣ ва ҳафт ситора ҷой гирифтаанд. Тоҷ рамзи соҳибдавлатӣ, соҳибтамаддунӣ ва давлатдории миллати тоҷик мебошад. Он инчунин аз номи таърихии миллати тоҷик ва мероси пурғановати фарҳангии он дарак медиҳад. Ҳафт ситора бошад, рамзи бахту саодат, камолот ва ормонҳои неки мардум маҳсуб меёбад. Рақами ҳафт дар фарҳангу ҷаҳонбинии мардуми тоҷик аз қадим ҷойгоҳи хос дошта, ҳамчун рақами муқаддас ва рамзи комилӣ шинохта мешавад.

Парчами миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши бузург дорад. Он дар назди биноҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо ва дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ парафшон мегардад. Ҳангоми баргузории мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, ҳамоишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ парчами Тоҷикистон ҳамчун намояндаи миллату давлат барафрохта мешавад.

Яке аз лаҳзаҳои ифтихорбахш барои ҳар як тоҷикистонӣ он аст, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ варзишгарони мо ғолиб омада, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд мебардоранд. Дар чунин лаҳзаҳо тамоми мардуми кишвар худро узви як оилаи бузург эҳсос намуда, аз муваффақияти фарзандони миллат ифтихор мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки парчам на танҳо рамзи давлат, балки омили муттаҳидсозандаи ҷомеа низ мебошад.

Ҳамзамон, Парчами миллӣ барои насли ҷавон аҳаммияти бузурги тарбиявӣ дорад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки эҳтиром ба парчам танҳо бо сухан маҳдуд намешавад. Эҳтироми ҳақиқӣ дар дӯст доштани Ватан, омӯзиши илму дониш, аз худ намудани касбу ҳунар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, риояи қонун ва саҳмгузорӣ дар пешрафти давлат зоҳир мегардад. Ҳар як ҷавон бояд бо рафтору кирдори намунавии худ исбот намояд, ки сазовори номи фарзанди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Мо бояд таъриху фарҳанги пурғановати халқи худро омӯзем, забони модариро гиромӣ дорем, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем ва барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии сарзамини азизамон талош намоем. Зеро ояндаи давлат ба дониш, маърифат, худшиносӣ ва масъулиятшиносии насли ҷавон вобастагии калон дорад.

Имрӯз дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе — яке аз рамзҳои муҳими давлатдории миллӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос парафшон аст. Баландии ин рамзи муқаддас барои ҳар як сокини кишвар нишонаи сарбаландӣ, соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром ба давлату миллат мебошад. Он ба ҳар як бинанда ёдрас мекунад, ки истиқлолият неъмати бебаҳо буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Бояд таъкид намуд, ки парчам моро ба ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва созандагӣ даъват мекунад. Дар шароите, ки ҷаҳони муосир бо мушкилоту таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ мебошад, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Танҳо миллати муттаҳид, соҳибмаърифат ва ватандӯст метавонад давлати худро ободу пешрафта гардонад.

Парчами миллии Тоҷикистон рамзи муқаддаси озодӣ, истиқлолият, ваҳдат, худшиносӣ ва сарбаландии миллати тоҷик мебошад. Он таърихи пурифтихори гузашта, воқеияти имрӯза ва ормонҳои фардои дурахшони моро бо ҳам мепайвандад. Ҳар як ранг ва ҳар як унсури он моро ба эҳтироми таъриху фарҳанг, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дӯст доштани Ватан ҳидоят менамояд.

Мо — шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, махсусан насли ҷавон, бояд ҳамеша ба Парчами давлатии худ эҳтиром гузорем ва барои парафшонии он дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро гузорем. Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ободиву пешрафт парафшон бошад!

Парчами мо — ифтихори мо, ҳастии мо ва нишони сарбаландии миллати мост!

Поянда бод Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Ҷовидон бод Парчами миллии тоҷикон!

Ҷумъаева Мавҷуда Бердиевна - ходими калони илми озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия тобовар”

readers loved this