НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ БОҒПАРВАРИИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН

emomali-rahmon-posetil-selhozpredpriyatiya-v-tursunzade.jpg

Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ дар таъмини аҳолӣ бо ғизои зарурӣ аст. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши боғҳои мевадиҳанда мусоид буда, манбаи меваҷоти болаззат, ашёи хом барои саноати кишвар ва содирот мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар асоси ташаббусу тадбирҳои судманди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи истиқлолияти давлатӣ то имрӯз 209024 гектар боғу токзор бунёд ва барқарор карда шуданд, ки нисбат ба солҳои 90-уми асри гузашта 4-5 маротиба зиёд мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи таҳқиқотҳои стратегӣ ва тавсияҳои илман асосноки ватаниро ба назар гирифта пешниҳод намуд,ки Тоҷикистон метавонад дар истеҳсол ва содироти меваю сабзавоти аз нуқтаи назари экологӣ тоза ва ба стандартҳои байналмилалӣ чавобгӯ, дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши калидиро дошта бошад.

Аз ин рӯ, рушди соҳаи боғпарварӣ дар ҷумҳурӣ тақозои замон буда, яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Он дар таъмини аҳолӣ бо ғизо, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолии кишвар нақши муҳим мебозад.

Хоку иқлими мусоид ва анъанаҳои боғпарварии мардуми Тоҷикистон имконият медиҳанд, ки майдонҳои боғу токзорро аз ҳисоби ниҳолҳои сермаҳсул ҳамасола зиёд намуда, талаботи аҳолӣ ва муассисаҳои коркардро бо ашёи хоми аз нуқтаи назари экологӣ тоза пурра таъмин намояду қисми зиёди он барои содирот равон карда шавад.

Барои қонеъ гардонидани талаботи истеъмолии мардум мувофиқи меъёри физиологӣ, 300-350 гр мева дар як рӯз муқаррар гардидааст ва барои таъмини талаботи дохилии мамлакат дар як сол 800-850 ҳазор тонна ва бо дарназардошти таъмини маҳсулоти мевагии корхонаҳои коркард 1,0-1,5 млн. тонна меваю ангур истеҳсол намудан зарур аст. Шароити хоку иқлими чумҳурӣ имконият медиҳад, ки дар ҳолати дар асоси илму технологияи навин ба роҳ мондани парвариши дарахтони мевадиҳанда Тоҷикистон метавонад дар ояндаи наздик зиёда аз 2,0-2,5 млн. тонна меваҳои шаҳдбор истеҳсол намуда, талаботи бозори дохилиро таъмин намояд ва иқтидори содиротии кишварро афзун гардонанд.

Афзоиши аҳолӣ, талаботи рӯзафзуни бозор, кам будани заминҳои корами обӣ ва тағйирёбии иқлими сайёра олимону мутахассисони соҳаро водор менамояд, ки рушди соҳаи мазкурро самаранок ба роҳ монанд. Иҷрои масъалаи мазкур на ба роҳи зиёд намудани майдони боғу токзор ва на бо истифодаи технологияи пешина, балки тавассути бунёди боғҳои замонавӣ бо истифода аз технологияи инноватсионӣ амалӣ бояд гардад. Дар давраи 35 соли соҳибихтиёрӣ, дар асоси таҳқотҳою тавсияҳои илман асосноки олимони кишвар дар ҷумҳурӣ зиёда 209 ҳазор гектар боғу токзор бунёд карда шуд, ки аз он зиёда аз 2000 гектар боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивии себ, нок, олу, зардолу, шафтолу, писта, бодом ва чормағз мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти рушди соҳаи боғу токпарварӣ, таъмини бозори дохилӣ ба меваю ангур, афзун намудани иқтидори содиротии кишвар, таъмини амнияти ғизоии мамлакат, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мардум ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварии ҷумҳурӣ қабул карда шуд:

1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004 таҳти рақами 499 «Дар бораи барномаи барқарорсози ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010»

2.Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009, № 683 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2010-2014.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 793 дар бораи“Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2016-2020.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 октябри соли 2024, № 521 дар бораи“Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2025-2029.

Қобили зикр аст, ки зарурияти қабули барномаҳои мазкур як таконе буд дар рушди боғпарварии муосир бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон, таъмини иҷрои “Консепсияи сиёсати аграрии Тоҷикистон”, “Барномаи амнияти ғизоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Мувофиқи қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 –феврали соли 2022 № 76 меъёри истеъмолии меваю ангур дар як сол 122,5 кг. дар як шабонарӯз бошад 340г- ро ташкил медиҳад.

Бо ташабуссу дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ва татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди соҳаи боғпарварӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ ҳамасола намоиши фурӯши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда баргузор мегардад. Дар намоишҳои мазкур бо супоришу дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷикистон, олимону мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур оид ба омода намудан, ташкили мизҳои машваратӣ, таъмини тавсияномаҳои илман асоснок барои боғдорон фаъолона иштирок намуда, маслиҳату тавсияҳои худро пешкаш менамоянд, ки барои боғпарварон руҳу илҳоми нав бахшида, фарҳанги боғпарварии онҳоро баланд мегардонад.

Бо ташабуссу дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон барномаҳои нави рушди боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ бароисолҳои 2025-2029 қабул карда шуд, ки он дар ҷумҳурӣ чунин ҷабҳаҳои нав ва самтҳои пойдор намудани заминаи моддию техникии соҳаи мазкурро дар бар мегирад:

- бунёди боғу токзорҳою гармхонаҳои ситруспаварӣ бо таъмини технологияи парвариши инноватсионӣ;

- иваз намудани боғу токзорҳои куҳна;

- иваз намудани навъҳои камҳосилу пастсифат ба навъҳои серҳосилу хушсифати барои содирот нигаронидашуда;

- бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ;

- бунёди боғҳои растаниҳои ситрусӣ бо истифодаои технология инноватсионӣ;

- ташкил намудани ниҳолхонаҳо бо мақсади таъмини зерпайвандҳоли нашвӣ, қаламчаи ниҳол, тагпайвандҳои тухмӣ;

- ҷойгиркунии минтақабоб будани навъҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби заминҳои партов, аз гардиши кишоварзи берунмонда, корами лалмӣ, чарогоҳ ва заминҳои ғайрикишоварзии минтақаҳои бо намнокӣ таъминбуда;

- ҳифз намудани боғу токзорҳо, ниҳолҳо, боғҳои модарӣ аз касалию зараррасонҳо дар асоси пешниҳодҳои илман асоснок;

- таъмини раванди иҷрои барнома бо техникаю технологияи пешрафтаи кишоварзӣ, нуриҳои минералию органикӣ ва заҳрдоруҳо;

- таъминоти пурраи аҳолии мамлакат бо меваҷот ва маҳсулоти коркарди он дар тамоми фасли сол, содироти маҳсулот, бунёди анбору сардхонаҳои саноатии меванигоҳдорӣ, коргоҳҳои истеҳсоли зарф, масолеҳ барои бастабандӣ ва сеху корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулот;

Яке аз ҳадафҳои рушди соҳаи боғдорӣ бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивии сермаҳсули себ, нок, зардолу, олу, гелос, шафтолу, писта ва чормағз бо истифода аз зерпайвандҳои қадкӯтоҳ мебошад. Ҳосилнокии чунин боғҳо 40-80 тонна аз як гектар буда, ҳосилнокии онҳо нисбат ба боғҳои муқаррарӣ 8-10 маротиба баланд мебошад, усули обёрии қатрагии ин технология имконият медиҳад, ки об сарфакорона истифода шавад. Имрӯз боғҳои интенсивии бунёдшулаи ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна дар соли дуюм 5-6 тонна ва дар синни 7-8 солагӣ аз 30-35 тоннагӣ хосил дода истодаанд, ки ва ҳосилнокии онҳо сол аз сол афзун гардида истодааст.

Бунёд ва парвариши боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок буда дар 4-5 соли аввали парвариш хароҷоти сарфшуда ҷуброн шуда, боз 18-20 соли дигар даромади соф ба андозаи тақрибан 250-300 ҳазор сомонӣ аз як гектар ба даст меояд.

Ҷиҳати амалӣ гардидани Барномаҳои давлатии соҳавӣ, таъкиду супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимону мутахассисони ҷумҳурӣ тамоми қувваю заковати худро барои бунёди боғҳои замонавии содиротӣ равона намудаанд.

Гулзода Саидалӣ Маъмур – узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор

readers loved this