ШАРИКИИ СТРАТЕГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ: МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ, ТЕХНОЛОГӢ ВА РАҚАМӢ

5188469679717030626.jpg

(Дар ҳошияи сафари кории Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ноябри соли 2026)

Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон бо сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тавсиф мешаванд. Ҷонибҳо ба сӯи иттифоқи боз ҳам амиқтар ҳаракат мекунанд. Нуқтаҳои асосии рушд — муштаракоти саноатӣ ва парки саноатии Русияву Тоҷикистон, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, энергетикаи атомӣ, долонҳои нақлиётӣ ва робитаҳои байниминтақавӣ мебошанд, ки зиёда аз 70 субъекти Федератсияи Русия бо вилоятҳои Тоҷикистон созишномаҳои мустақим доранд. Дар чор соли охир президентҳои ду кишвар — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Владимирович Путин — 20 вохӯрӣ анҷом доданд.

Боиси зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 320 корхона бо иштироки сармояи Русия фаъолият мекунанд, ки зиёда аз 96%-и ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ сурат мегиранд. Москва ва Душанбе барномаи ҳамкории иқтисодиро барои солҳои 2024–2027 амалӣ менамоянд ва нақша доранд, ки то соли 2030 ҳаҷми савдои мутақобиларо 2,5 баробар афзоиш диҳанд.

Робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ду кишвар тамоюли мусбатро нишон медиҳанд. Дар соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 2 млрд. 472,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 24,8% зиёд мебошад. Афзоиш дар соли 2026 низ идома ёфт: дар моҳҳои январ–август ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 1 млрд. 676,5 млн. доллари ИМА расид, ки аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 16,4% зиёд аст.

Ҳамкории илмӣ яке аз самтҳои асосии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия ба шумора меравад, ки дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ рушд меёбад. Он табодули таҷриба, гузаронидани таҳқиқоти муштарак ва таҳкими робитаҳоро байни идораҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмӣ, иттиҳодияҳо ва озмоишгоҳҳо фаро мегирад.

Дар робитаҳои илмӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), ки зиёда аз 20 муассисаи илмӣ-таҳқиқотиро муттаҳид мекунад, нақши муҳим мебозад. Қисми зиёди олимони намоёни ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии собиқ шуравӣ ва Русия таҳсил ва омодагии илмӣ гирифтаанд. Ин ба ҳифзи робитаҳои касбӣ ва институтсионалӣ бо ҷомеаи илмии Русия мусоидат мекунад.

Институтсионализатсияи робитаҳои илмӣ дар сатҳи зерсохторҳои махсусгардонидашуда идома дорад. Мутобиқи қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2023 дар назди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Бахши таҳқиқоти Русия таъсис дода шуд. Дар заминаи он чорабиниҳои муштараки илмӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, 27 октябри соли 2026 Институти илмӣ-таҳқиқотии рушди равобит дар ҳамбастагӣ бо Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ мизи мудаввари байналмилалиро таҳти унвони «ИДМ: самтҳо ва дурнамо» баргузор намуд, ки дар он намояндагони ҷомеаи илмӣ ва коршиносии ду кишвар иштирок карданд.

Қобили қайд аст, ки ба самтҳои ояндадори ҳамкории технологӣ таъсиси технопарки саноатӣ дар Душанбе тибқи модели «Химград»-и Қазон дохил мешавад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, оғози сохтмон ба соли 2026 ва ба истифода додани иншоот то соли 2030 ба нақша гирифта шудааст. Масоҳати эҳтимолии парк 20 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Лоиҳа ҳамчун воситаи ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии тиҷорати инноватсионӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ мешавад.

Рушди технопарк бо вазифаи васеътари ташаккули иқтисоди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст. Натиҷабахшии амалии лоиҳа аз шароити ҷалби сармоягузорон, дастрасии инфрасохтори муосир, омодасозии кадрҳо, инчунин ҳамкории устувори мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ вобаста хоҳад буд.

Ҳамкории рақамӣ

Таҷрибаи Русия дар самти табдили рақамии идоракунии давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки низомҳои давлатии худро навсозӣ мекунад, ҷолиб аст. Ширкатҳои технологияи иттилоотӣ (IT) -и Русия низ дар лоиҳаҳои рақамии Ҷуҳирии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Роҳкорҳои ҶС «ИРТех» ҳангоми навсозии низоми иттилоотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ истифода шуданд; дар мактабҳои кишвар рӯзномаҳои электронӣ дар асоси коркарди русиягӣ ҷорӣ гардиданд. Гурӯҳи ширкатҳои «ЭРА» якҷо бо маъмурияти шаҳри Душанбе лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд»-ро амалӣ менамояд, ки истифодаи маълумоти рақамӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини геодезиро барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии шаҳр пешбинӣ мекунад.

Самти муҳими ҳамкорӣ мубодилаи байнидавлатии иттилоот мебошад. 23 феврали соли 2022 Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаро дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар шакли электронӣ оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ ба имзо расониданд. Ҳуҷҷат мубодилаи иттилоотро бо истифода аз низомҳои иттилоотӣ ва воситаҳои барномавию техникии ҷонибҳо пешбинӣ мекунад.

Таҷрибаи ВКД Русия дар соҳаи рақамикунонии идоракунии давлатӣ истифодаи низомҳои ҳамгирошудаи иттилоотӣ, захираҳои таҳлилӣ ва шабакаҳои телекоммуникатсиониро дар бар мегирад. Барои рушди минбаъдаи таъминоти иттилоотии мақомоти корҳои дохилӣ технологияҳои коркарди маълумоти калон (Big Data) ва зеҳни сунъӣ, алгоритмҳои дастгирии қабули қарорҳо, робототехника ва шабакаҳои ҳифзшудаи интиқоли маълумот муҳим мебошанд. Ҳамзамон, табдили рақамӣ методологияи ягонаи ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва ҳифзи иттилоот, инчунин муайянкунии аз ҷиҳати илмӣ асосноки дараҷаи автоматикунонии равандҳои идоракуниро талаб мекунад.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи тандурустӣ омодасозии мутахассисон, табодули таҷриба, кумаки техникӣ ва ташаббусҳои муштараки таҳқиқотиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, мутахассисони тоҷик дар Маркази миллии таҳқиқоти тиббии акушерӣ, гинекология ва перинатология ба номи В. И. Кулаков ва Институти илмӣ-таҳқиқотии сироятҳои кӯдаконаи Санкт-Петербург таълим гирифтанд. Ғайр аз ин, мутахассисони Маркази ба номи В. И. Кулаков дар Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ гузарониданд.

Дар ин замина, соли 2023 байни ду кишвар созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, таҳсилоти тиббӣ ва илм ба имзо расид. Дар соли 2024, тибқи маълумоти пешниҳодшуда, харитаи роҳи татбиқи он тасдиқ гардид. 10 октябри соли 2025 вазоратҳои тандурустии ҷонибҳо харитаи роҳи ҳамкориро барои солҳои 2026–2027 имзо карданд. Ба қатори самтҳои афзалиятнок мубориза бо бемориҳои сироятӣ, табобати бемориҳои дилу раг ва саратоншиносӣ, рақамикунонии тандурустӣ, рушди телетиб, мубодилаи академӣ ва гузаронидани таҳқиқоти муштарак дохил карда шудаанд.

Аз соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи кӯмаки техникии Русия оид ба мубориза бо ВНМО (ВИЧ) ва дигар бемориҳои сироятӣ иштирок мекунад. Дар доираи барнома ҷумҳурӣ маҷмааҳои тиббии сайёр, озмоишгоҳҳо ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ гирифт. Ҳамчунин омӯзиши кормандон ва таъмини низомҳои тестӣ пешбинӣ шуда буданд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар солҳои 2013–2024 барои ин барнома тақрибан 400 млн. рубл ҷудо карда шудааст.

Ба самтҳои ҳамкорӣ хизматрасониҳои клиникӣ-ташхисӣ низ дохил мешаванд. Ширкати «Гемотест» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаҳои озмоишгоҳӣ, озмоишгоҳ, маркази таълимӣ ва дар соли 2023 маркази машваратӣ-тиббиро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Дар кишвар инчунин ҳузури ширкатҳои дорусозии Русия васеъ мешавад.

Самтҳои ояндадор рақамикунонии хизматрасониҳои тиббӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои телетиббӣ боқӣ мемонанд. Рушди онҳо метавонад дастрасиро ба кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ, аз ҷумла барои сокинони ноҳияҳои дурдаст васеъ намояд. Шартҳои муҳими амалисозии ин вазифаҳо омодасозии кадрҳо, мутобиқати техникии низомҳо ва такмили заминаи меъёрию ташкилӣ мебошанд.

Хулоса

Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар соҳаҳои илмӣ, рақамӣ, тиббӣ ва гуманитарӣ ба шабакаи васеи робитаҳои байниидоравӣ ва институтсионалӣ такя мекунад. Ба унсурҳои калидии он ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Русия, гузаронидани таҳқиқоти муштарак, рушди лоиҳаҳои технологӣ, табодули таҷриба дар соҳаи табдили рақамӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва омодасозии мутахассисон дохил мешаванд.

Фарида Қурбонзода, ходими илмии шуъбаи ИДМ - и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

readers loved this