ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФОДАИ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА НИШОНАИ ҲУҚУҚИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИЗОМИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ

images (50).jpg

(ба муносибати 24 ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар ҳаёти ҳар як миллат рӯзҳое ҳастанд, ки маънои онҳо аз доираи ҷашни муқаррарӣ хеле фаротар меравад. Барои мардуми Тоҷикистон 24 ноябр маҳз чунин санаест. Соли 1992, дар фазои мураккаби сиёсӣ, вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд дар қатори қарорҳои тақдирсоз Парчами давлатии кишварро низ қабул карданд. Ҳамин тариқ, рамзи давлатдории навини тоҷикон дар як вақт бо оғози раванди сулҳ ва барқарории ҳокимияти конститутсионӣ ба вуҷуд омад. Ин ҳамзамонӣ тасодуфӣ нест: парчам ҳамеша дар он лаҳзае пайдо мешавад, ки миллат дар бораи мавҷудияти худ ҳамчун давлати мустақил эълон мекунад.

Ба ин сана мақоми ҷашни расмӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2009, №563 дода шуд, ки ба Қонуни «Дар бораи рӯзҳои ид» иловаи дахлдорро ворид намуд. Аз ҳамон сол инҷониб Рӯзи Парчам на танҳо ҳамчун иди ватандӯстӣ, балки ҳамчун фурсати андеша дар бораи маънои ҳуқуқии ин рамз таҷлил мегардад.

Барои дарки маънои ҳуқуқии Парчам бояд аз таърихи он оғоз кард. Худи вожаи «парчам» аслан суғдӣ буда, дар ибтидо на худи байрақ, балки пӯпаки абрешимин ё мӯйе, ки бар нӯги дирафш мебастанд, номида мешуд; баъдтар маънои он ба тамоми байрақ интиқол ёфт. Дар забони тоҷикӣ ҳамин мафҳум бо вожаҳои дирафш, алам, байрақ, ливо ва роят низ ифода мегардад. Ишораҳои қадимтарин ба дирафш дар «Авесто» ба назар мерасанд, ки дар он Балх ҳамчун шаҳри «дирафшҳои барафрошта» ёд шудааст. Дар хотираи таърихии миллат бошад, Дирафши Ковиёнӣ – парчами Коваи оҳангар, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳамчун рамзи қиём бар зидди ситам тасвир ёфтааст, – ҷойгоҳи махсус дорад.

Дар давраи нав, парчам ба таври пайдарпай шакли ҳуқуқии давлатҳои дар ин минтақа мавҷудбударо инъикос мекард: аз парчамҳои Аморати Бухоро ва Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро то парчамҳои Ҷумҳурии Мухтор ва баъдан Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки ҳар кадоме бо тағйири мақоми конститутсионии ҷумҳурӣ дигар мешуд. Охирин парчами давраи шӯравӣ, ки соли 1953 қабул гардида буд, матои сурх бо рахҳои сафед ва сабз буд. Ин таҳаввулот худ гувоҳи он аст, ки парчам ҳамеша оинаи мақоми ҳуқуқии давлат мебошад: бо тағйири мақом рамз низ тағйир меёбад.

Гардиши куллӣ бо Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 оғоз ёфт, ки банди 18-и он ба рамзҳои давлатии ҷумҳурии соҳибихтиёр бахшида шуда буд ва аз ин рӯ, онро метавон нахустин манбаи ҳуқуқии рамзҳои истиқлол номид. Пас аз эълони Истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 1991 озмуни лоиҳаҳои рамзҳо эълон гардид, ки дар он беш аз 200 лоиҳа пешниҳод шуда, аз ҷониби комиссия таҳти роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ баррасӣ гардиданд. Дар натиҷа лоиҳае интихоб шуд, ки муаллифони он З. Ҳабибуллоев, А. Заневский, Л. Додхудоева, Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ қабули рамзҳоро ба таъхир андохт ва танҳо 24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб Парчами навро тасдиқ кард.

Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон 2 марти соли 1992 ба узвияти СММ ҳанӯз пеш аз тасдиқи Парчами нави худ қабул гардида буд. Ин ҳолат як ҳақиқати муҳими ҳуқуқиро равшан нишон медиҳад: эътирофи байналмилалӣ ба мавҷудияти давлат вобаста аст, на ба мавҷудияти рамз, вале давлати эътирофшуда бе таъхир кӯшиш мекунад, ки шахсияти худро тавассути рамзи нав ифода намояд.

Дар илми ҳуқуқи конститутсионӣ рамзҳои давлатӣ ба унсурҳои асосҳои сохти конститутсионӣ мансуб дониста мешаванд. Онҳо мисли забони давлатӣ, пойтахт ва шакли давлатдорӣ ҳувияти ҳуқуқии давлатро муайян мекунанд. Моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷумлаи кӯтоҳ, вале пурмазмун муқаррар кардааст, ки рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ мебошанд. Ҷойгиршавии ин меъёр дар боби аввал, дар қатори муқаррарот дар бораи соҳибихтиёрӣ ва забони давлатӣ, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки қонунгузори конститутсионӣ рамзҳоро ҷузъи бунёди давлат ҳисоб кардааст.

Ин меъёри конститутсионӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007, №254 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» инкишоф ёфтааст. Бо қабули он санади қаблӣ – Қонуни аз 24 ноябри соли 1992 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – аз эътибор соқит гардид. Тасвири расмии Парчам бошад, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз 14 марти соли 2007, №499 тасдиқ шудааст. Мувофиқи он, Парчам матои росткунҷа бо таносуби 1:2 буда, аз рахи сурхи болоӣ, рахи сафеди миёна ва рахи сабзи поёнӣ иборат аст; рахи сафед якуним баробари рахҳои дигар буда, дар маркази он тоҷи зарҳалӣ ва ҳафт ситора дар шакли нимдоира ҷой дода шудааст.

Аз нигоҳи назарияи давлат ва ҳуқуқ, Парчам дар дохили кишвар се вазифаро иҷро мекунад. Вазифаи ҳамгироӣ – муттаҳид сохтани шаҳрвандон новобаста аз мансубияти минтақавӣ, миллӣ ва иҷтимоӣ дар атрофи як арзиши умумӣ. Вазифаи легитиматсионӣ – тасдиқи қонунӣ будани ҳокимият: Парчам бар бинои мақомоти давлатӣ, судҳо ва прокуратура маънои онро дорад, ки қарорҳои ин мақомот аз номи давлат қабул мешаванд. Вазифаи тарбиявӣ – ташаккули ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, ки қонун онро бо ибораи «эҳтироми волои рамзҳои давлатӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванд аст» ифода кардааст.

Вақте ки давлат ба арсаи байналмилалӣ ворид мешавад, Парчам вазифаи навро соҳиб мегардад – вазифаи фардикунонии давлат дар байни дигар субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ. Ҳарчанд Конвенсияи Монтевидео дар бораи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои давлатҳо (1933) парчамро ба қатори аломатҳои ҳатмии давлат дохил намекунад, маҳз тавассути он қобилияти давлат ба муоширати байналмилалӣ ба таври аёнӣ ифода меёбад.

Таҷрибаи Тоҷикистон дар ин замина хеле ибратбахш аст. Кишвари мо 2 марти соли 1992 бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ A/RES/46/233 ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Афрохтани парчами давлати нав дар қатори парчамҳои давлатҳои аъзо дар назди қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ифодаи рамзии эътирофи дастаҷамъии он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аҳамияти ин маросимро қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ 69/320 аз 10 сентябри соли 2015 низ тасдиқ мекунад, ки ба давлатҳои нозири ғайриаъзо ҳуқуқи афрохтани парчамҳояшонро дар паҳлӯи парчамҳои давлатҳои аъзо дод. Ҳамин тариқ, дар амалияи муосир ҳуқуқ ба ҳузури парчам дар минбари умумиҷаҳонӣ худ ба ҷузъи мақоми байналмилалии давлат табдил ёфтааст.

Меъёрҳои байналмилалие, ки ба Парчами давлатӣ дахл доранд, дар як санади ягона ҷамъ нашудаанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқи байналмилалӣ ҷойгиранд ва дар маҷмӯъ ҳуқуқи давлатро ба истифода ва ҳифзи рамзи худ кафолат медиҳанд.

Ҳуқуқи дипломатӣ ва консулӣ. Моддаи 20 Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ (1961) ба намояндагӣ ва сардори он ҳақ медиҳад, ки парчам ва нишони давлати фиристандаро дар бинои намояндагӣ, қароргоҳи сардор ва воситаҳои нақлиёти ӯ истифода баранд. Моддаи 29 Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои консулӣ (1963) чунин ҳуқуқро ба муассисаҳои консулӣ медиҳад, вале бо шарти ба назар гирифтани қонунҳо ва урфу одатҳои давлати қабулкунанда. Тоҷикистон ба ҳар ду Конвенсия 6 майи соли 1996 ҳамроҳ шудааст. Бояд таъкид кард, ки ин ҳуқуқ ба давлат тааллуқ дорад, на ба шахси дипломат, ва аз ин рӯ, ҳар гуна таҳқири парчам дар бинои сафорат ҳамчун халалдор кардани шаъну эътибори намояндагӣ, ки давлати қабулкунанда мувофиқи банди 2 моддаи 22 Конвенсияи соли 1961 бояд пешгирӣ кунад, баҳо дода мешавад.

Ҳуқуқи баҳрӣ. Дар ин соҳа парчам маънои ҳуқуқии мустақимро касб кардааст: киштӣ тобеияти давлатеро дорад, ки зери парчами он шино мекунад. Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи баҳр (1982) дар моддаи 90 муқаррар мекунад, ки ҳар як давлат, хоҳ соҳилӣ бошад, хоҳ дар дохили қитъа ҷойгир бошад, ҳақ дорад киштиҳоро зери парчами худ дар баҳри кушод ба шино барорад. Ин қоида ҳанӯз дар Эъломияи Барселона (1921) эътироф шуда буд. Барои Тоҷикистон ҳамчун давлати бесоҳил ин меъёр рамзи баробарҳуқуқии давлатҳо дар фазои уқёнуси ҷаҳонӣ мебошад.

Ҳифз аз тиҷоратикунонӣ. Моддаи 6(ter) Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ (1883) давлатҳои иштирокчиро ӯҳдадор мекунад, ки ба қайд гирифтани нишонаҳои молии дорои парчамҳои давлатӣ ё тақлиди онҳоро бе иҷозати мақомоти салоҳиятдор рад кунанд. Тоҷикистон аз 25 декабри соли 1991 иштирокчии ин Конвенсия мебошад. Ин маънои онро дорад, ки Парчами мо дар қаламрави аксари давлатҳои ҷаҳон наметавонад ба моликияти хусусии ширкате табдил ёбад.

Ҳифз дар низоъҳои мусаллаҳона. Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона истифодаи фиребгаронаи парчамро қатъиян манъ мекунад. Моддаи 39 Протоколи иловагии I ба Конвенсияҳои Женева (1977) истифодаи парчамҳои давлатҳои бетараф ва инчунин парчами тарафи муқобилро ҳангоми ҳамла ё барои пинҳон кардани амалиёти ҳарбӣ манъ менамояд. Оинномаи Румии Суди байналмилалии ҷиноятӣ (1998) дар зербанди «vii» банди «b» қисми 2 моддаи 8 истифодаи нодурусти парчами душман ё СММ-ро, ки боиси марг ё ҷароҳати вазнин гардидааст, ҷинояти ҳарбӣ эълон мекунад. Тоҷикистон 13 январи соли 1993 нисбат ба Конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагии онҳо изҳороти ворисиро пешниҳод кардааст.

Яке аз хусусиятҳои пешқадами Қонуни «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар моддаи 1 он ифода ёфтааст: қонунгузории кишвар дар бораи рамзҳои давлатӣ аз Конститутсия, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад. Ин муқаррарот, ки бо Қонуни аз 14 ноябри соли 2016, №1376 ворид гардид, бо моддаи 10 Конститутсия комилан мувофиқ буда, меъёрҳои байналмилалиро бевосита ба низоми ҳуқуқии рамзҳо ворид мекунад.

Ҳамоҳангӣ дар меъёрҳои мушаххас низ дида мешавад. Моддаи 5 Қонун афрохтани доимии Парчамро дар биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Тоҷикистон дар хориҷа ва дар назди созмонҳои байналмилалӣ, инчунин дар воситаҳои нақлиёти роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ берун аз кишвар пешбинӣ мекунад. Ба ин васила ҳуқуқе, ки Конвенсияҳои Вена ба давлат додаанд, ба ӯҳдадории дохилии мақомоти давлатӣ табдил меёбад. Моддаи 6 ҷойгир кардани тасвири Парчамро дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳои дар қайди Тоҷикистон буда муқаррар мекунад, ки ба мантиқи «давлати қайд» дар ҳуқуқи байналмилалии ҳавоӣ ва баҳрӣ мувофиқ аст. Моддаи 10 бошад, гузаронидани маросимҳои расмиро дар хориҷа бо назардошти муқаррароти давлати мизбон пешбинӣ менамояд.

Ҳифзи ҳуқуқии рамзҳо дар низоми миллӣ ду сатҳ дорад. Дар сатҳи маъмурӣ моддаи 483(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатӣ ҷаримаро вобаста ба субъект – шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ – пешбинӣ мекунад. Дар сатҳи ҷиноятӣ моддаи 342 Кодекси ҷиноятӣ барои таҳқири рамзҳои давлатӣ ҷазоро аз ҷарима то маҳрум сохтан аз озодӣ то як сол муқаррар кардааст. Ин ду сатҳ дар якҷоягӣ бо моддаи 43 Конститутсия, ки ҳифзи Ватан ва манфиатҳои давлатро вазифаи муқаддаси шаҳрванд эълон мекунад, механизми яклухти ҳифзи Парчамро ташкил медиҳанд.

Парчами давлатӣ дорои табиати дугонаи ҳуқуқӣ мебошад. Дар дохили кишвар он институти ҳуқуқи конститутсионӣ, рамзи ваҳдати миллӣ ва легитимияти ҳокимият аст. Дар арсаи байналмилалӣ бошад, он «шиносномаи рамзии» давлат буда, тааллуқи ҳуқуқии намояндагиҳо, воситаҳои нақлиёт ва ҳайатҳои расмиро ба давлати муайян ифода мекунад. Маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқи дипломатӣ, баҳрӣ, моликияти зеҳнӣ ва башардӯстона ин мақомро кафолат медиҳанд ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо асосан ҳамоҳанг аст.

Парчами мо, ки дар рӯзҳои душвори Иҷлосияи XVI қабул гардид, бо сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ бо эҳтиром афрохта мешавад. Эътибори парчамро на андозаи он, балки эътибори давлате, ки онро намояндагӣ мекунад, муайян менамояд. Аз ин рӯ, ҳифзи шаъну шарафи Парчам дар асл ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Мирзозода Парвон - директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

readers loved this