ҶАВОНОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, нишонаи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва таҷассумгари ормонҳои таърихии халқи тоҷик ба шумор меравад. Он на танҳо рамзи расмии давлат, балки ифодагари ҳастии миллат, ҳувияти миллӣ, озодиву истиқлол ва пайванди наслҳои гузаштаву имрӯза мебошад. Ҳар боре ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои Ватани азизамон парафшон мегардад, дар қалби ҳар фарди ватандӯст эҳсоси ифтихор, муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ва масъулиятшиносӣ нисбат ба ояндаи давлату миллат бедор мешавад.
Дар ин раванд, ҷавонон ҳамчун неруи созанда, идомадиҳандаи анъанаҳои неки ниёгон ва бунёдгузорони фардои дурахшони Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Маҳз ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст, ташаббускор ва дорои ҷаҳонбинии васеъ метавонанд Парчами миллатро на танҳо дар майдонҳои тантанавӣ, балки дар арсаҳои илму маориф, фарҳанг, варзиш, иқтисодиёт ва фаъолияти байналмилалӣ баланд бардоранд.
Аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтиром ба таърих, фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти Ватанро дорад.
Ҷавонон дар ҳама давру замон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими рушду пешрафти давлат шинохта мешаванд. Ояндаи ҳар миллат аз сатҳи дониш, маърифат, ахлоқ, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси масъулиятшиносии насли наврасу ҷавон вобастагии калон дорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника ва густариши технологияҳои иттилоотӣ, ҷавонони Тоҷикистон бояд ҳамқадами замон бошанд. Онҳо бояд дар баробари аз худ намудани донишҳои муосир, таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро ҳифз намоянд.
Парчамбардори ҳақиқии миллат будан танҳо бо баланд бардоштани Парчами давлатӣ дар чорабиниҳои идона маҳдуд намешавад. Парчамбардорӣ пеш аз ҳама масъулият, садоқат, худшиносӣ, донишандӯзӣ ва хизмат ба халқу Ватан мебошад. Ҷавоне, ки бо меҳнати ҳалол, рафтори намунавӣ, таҳсили босифат ва дастовардҳои илмии худ ба рушди ҷомеа саҳм мегузорад, дар асл парчамбардори миллат аст.
Дар замони муосир яке аз роҳҳои муҳимтарини баланд бардоштани нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ рушди илму маориф, таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи технологияҳои нав мебошад. Давлате, ки ҷавонони соҳибилм, муҳаққиқони навовар ва мутахассисони баландихтисос дорад, метавонад барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии худ заминаи боэътимод фароҳам оварад.
Ҷавонони Тоҷикистон бояд кӯшиш намоянд, ки дар соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, химия, физика, биология, технологияҳои муҳандисӣ, саноат ва иқтисодиёт донишҳои амиқ ба даст оранд. Зеро пешрафти иқтисоди миллӣ, рушди истеҳсолоти саноатӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист ба мавҷудияти мутахассисони соҳибкасб вобаста мебошад.
Ҳар як дастоварди илмии ҷавонон, ҳар як ихтироъи муфид, ҳар як муваффақияти донишҷӯ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҳар як натиҷаи арзишманди муҳаққиқони ҷавон метавонад ба муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Яке аз лаҳзаҳои пурифтихор барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон он аст, ки Парчами давлатии кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, озмунҳои илмӣ, ҳамоишҳои фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ парафшон мегардад.
Вақте ҷавонони тоҷик дар чунин чорабиниҳо ба муваффақият ноил мешаванд, онҳо на танҳо дастоварди шахсии худро муаррифӣ мекунанд, балки номи давлату миллатро низ баланд мебардоранд. Ин гуна комёбиҳо барои насли наврас намунаи ибрат гардида, онҳоро ба донишандӯзӣ, меҳнатдӯстӣ ва талош барои расидан ба ҳадафҳои бузург ҳидоят менамоянд.
Дар баробари ин, ҷавонон бояд дарк намоянд, ки муаррифии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар танҳо ба натиҷаҳои мусобиқаҳо вобаста нест. Одоби муошират, фарҳанги муносибат, эҳтиром ба дигар миллатҳо, донистани забонҳои хориҷӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ низ аз омилҳои муҳими баланд бардоштани обрӯю эътибори миллат мебошанд.
Насли ҷавон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки Парчами давлатӣ рамзи ягонагии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз маҳалли зист, касбу кор ва мавқеи иҷтимоии онҳо мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарғиби фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як ҷавони бонангу номус аст.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як санаи идона набуда, балки рӯзи андеша дар бораи сарнавишти миллат, арзиши истиқлолият, масъулияти шаҳрвандӣ ва ояндаи давлат мебошад.
Ҷавонон ҳамчун ворисони арзандаи тамаддуни ниёгон бояд бо дониш, маърифат, ахлоқи ҳамида, ташаббускорӣ ва меҳнати созанда дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳми назаррас гузоранд. Зеро баланд нигоҳ доштани Парчами миллат, пеш аз ҳама, баланд бардоштани обрӯ, нуфуз ва эътибори Тоҷикистон тавассути дастовардҳои воқеӣ мебошад.
Карамбахшов Ҳошим, номзади илмҳои техникӣ, ходими калони илмии озмоишгоҳи «Ғанигардонии маъдан»-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ.