ПАРЧАМ - РАМЗИ ИФОДАГАРИ СУЛҲУ СУБОТ ОСОИШТАГӢ ВА ВАҲДАТӢ МИЛЛИИ КИШВАРҲО
“Парчами давлатӣ барои мо –тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Парчами давлати Тоҷикистон ин рамзи ҳастии миллати тоҷик, ҳастии давлатдории тоҷикон, нангу номуси миллат, муқаддасоти давлатдории миллӣ, таъриху фарҳанги мо, хушбахти ва осоиштагии миллати мо аст. То ба ин рӯз расидан чи қадар фарзандони фарзонаи миллат, барои ҳифзи парчам, нишони миллӣ, Суруди миллӣ ҷоннисориҳо карданд.
Баъди он, ки Тоҷикистон истиқололи давлатиро ба даст овард, дар ин раванд, яке аз нишонҳои асосии давлатдорӣ, Парчами давлатӣ ифода мегардад. Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи кишвар ҳамеша роҳнамову роҳкушо ба сӯи ояндаи неку осуда мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ парафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе идомаи суннати қадимаи парчамдории мардуми ориётаборӣ тоҷик ба ҳисоб меравад. Рӯзи Парчами давлатӣ боз як нишонаи равшан ва ҳастии мустаҳками соҳибдавлатӣ ва мустақилият буда, арзиши маънавии он дар ҷодаи иттиҳод, ризояти аҳли ҷомеа ва сафарбарии миллӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву ормонҳои волоии ватандорӣ хеле бузург аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзҳои ид” ниҳоят 24 ноябри соли 1992 бо тасдиқи Низомномаи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба шакли имрӯзааш пазируфта шуд.
Ба ин муносибат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2009, 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рамзҳо ва рукнҳои асосии давлатдории тоҷикон, инчунин таҷассумгари хештаншиносӣ ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳимтарини давлатӣ буда, ҳуввияти миллӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллиро таҷассум мекунад. Парчам дорои се рахи уфуқӣ — сурх, сафед ва сабз аст, ки дар маркази рахи сафед нишони тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир мебошанд. Ҳар як унсури парчам маънои амиқ дошта, таърихи бойи миллатро дар худ таҷассум мекунад.
Ранги сабзро дар бештари парчами кишварҳои ҷаҳон монанди парчами Эрон, Афғонистон, Арабистон, Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаронро метавон мушоҳида кард, ки нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.
Ранги сурх — рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз — нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили Рӯзи парчами Тоҷикистон гузаронида шуд. 30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи махсус барафрӯхта шуд. Баландии он 165 метр буда, яке аз баландтарин пояи парчами давлатӣ дар миёни кишварҳои ҷаҳон мебошад. Ҳамчун рекорди Гиннес сабт шудааст.
Парчам дар дидорҳои Дипломатӣ ва расмии мақомҳои кишварҳои мухталиф, ҳамчун зарофатҳои рафторӣ, макон ва тарзи истиқбол, шеваи насб, овезон, усули истифода аз Парчам аст. Парчамҳо дар конфронсҳои байналмилалӣ сатҳи баланд, барои намоиши ҳуввияти кишварҳо ва бастани қарордодҳо ба кор мераванд.
Таҷлили рӯзи Парчами давлатӣ ҷашни фарзандони шуҷои ватан лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад. Парчами миллии мо таърихи бою ғании чандинҳазорсоларо дар худ бо рамзи шери паррони ниёкони ориёӣ ва тоҷи заррини Исмоили Сомонӣ таҷассум намуда, моро бо қавмҳои ориёӣ, ки яке аз аввалин қавмҳои олам буда ойини парчамдориро ҷорӣ кардаанд, пайванд медиҳад. Илова бар ин, Парчам моро бо аввалин давлати комили миллӣ, ки тавонист рушду нумуи фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодии кишварро таъмин намуда, пойдевори миллати тоҷикро гузорад, тавъам месозад.
Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои таърихии миллату давлатдории тоҷикон аст. Боиси тазаккур аст, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 19-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба Парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд: “Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад”.
Воқеаи таърихӣ ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистон парафшонӣ мекард, ки ин боиси ифтихори на фақат давлатдории тоҷикон балки тамоми тоҷикони сайёра мебошад.
Ҳамин тариқ, Парчам - рамзи ҳастии миллати тоҷик буда, меҳанпарастӣ, давлатдории тоҷикон, худшиносӣ, ватандӯстӣ, таъминкунандаи бахту иқбол, амнияту осоиш, нангу номуси миллати соҳибтамаддуни тоҷикон ба шумор меравад. Илова бар ин, ҳар вақте, ки шумо ба хориҷи кишвар сафар доред, ё дар мусобиқаву озмунҳо муваффақ мешавед, хоҳ дар самти варзиш, илм, фарҳанг, Олимпиадаҳои соҳавӣ, тимми футбол, намоишҳои фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ албатта бо ифтихор Парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд, ки ин воқеан ифтихори ҳаммаи мо тоҷикону тоҷикистониён мебошад.
Воқеаи таърихӣ ин аст, ки вақте ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомҳои наҷотбахши ҷаҳони мутамаддин суханронӣ мекунанд. Дар минбари СММ суханронӣ мекунанд, Парчами Тоҷикистон парафшонӣ мекунад.
Ин боиси ифтихори тамоми ҳастии миллати миллати мардуми тамаддунофару ориёи аст!
Аз фурсат истифода бурда тамоми мардуми Тоҷикистонро ба рӯзи Парчами миллӣ табрику таҳният гуфта ба мардуми Тоҷикистон зиндагии осоишта дар фазои Сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, инчунин арзишҳои миллиро Ҳамчун “гавҳараки чашм” ҳифз кунем.
Воҳидова Санавбарбону, мудири шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ. доктори илмҳои таърих, профессор