ҲАМКОРИИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИНТАҚАВӢ: АҲАМИЯТИ САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН БА ТОҶИКИСТОН
Сафари кории Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20 ноябри соли 2026 оғоз гардид, дар шароити тағйирёбии муҳити геополитикӣ, мураккаб гардидани вазъи амнияти байналмилалӣ ва афзоиши таҳдидҳои фаромиллӣ аҳаммияти хоси сиёсӣ ва стратегӣ касб менамояд. Ин сафарро на танҳо дар доираи робитаҳои анъанавии дуҷониба, балки ҳамчун идомаи раванди таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии ду давлат, бахусус дар соҳаи амнияти минтақавӣ, арзёбӣ кардан зарур аст.
Тоҷикистон ва Россия дар тӯли даҳсолаҳои охир ҳамкории густурдаи сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва иқтисодиро ба роҳ мондаанд. Хусусияти муҳими ин муносибатҳо дар он ифода меёбад, ки масъалаҳои амниятӣ на танҳо самти мустақили ҳамкории байнидавлатӣ, балки яке аз омилҳои муайянкунандаи устувории муносибатҳои стратегии ду кишвар ба ҳисоб мераванд.
Дар ин замина, ҷойгоҳи географии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми амнияти Осиёи Марказӣ, ҳамсоягӣ бо Афғонистон ва узвият дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) зарурати густариши ҳамоҳангсозии сиёсати амниятии Душанбеву Москваро тақозо менамояд.
Ин сафар пас аз иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди Созмони ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором (АТЭС), ки рӯзҳои 18–19 ноябр дар шаҳри Шэнчжэни Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардиданд, сурат гирифт.
Аҳаммияти сафари Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар идомаи муколамаи мустақими роҳбарони ду давлат ва баррасии масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ бояд ҷустуҷӯ намуд. Тибқи самтҳои эълоншудаи рӯзномаи мулоқот, масъалаҳои асосии мавриди таваҷҷуҳ инҳоянд:
1. таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия;
2. таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла баррасии вазъи сиёсӣ ва ҳарбию амниятии Афғонистон;
3. рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои аҳаммияти стратегӣ;
4. ҳамоҳангсозии мавқеи ду давлат оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ.
Аз нигоҳи таҳлили сиёсати хориҷӣ, муҳим будани чунин мулоқотҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо имконият фароҳам меоранд, то масъалаҳои амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар сатҳи олии сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳои минбаъдаи ҳамкории байниидоравӣ ва байнидавлатӣ муайян карда шаванд.
Яке аз масъалаҳои калидии муносибатҳои Тоҷикистону Россия таъмини амният дар Осиёи Марказӣ, махсусан дар заминаи вазъи Афғонистон мебошад. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 километр сарҳади давлатӣ дошта, бинобар ин, тағйирёбии вазъи сиёсӣ ва амниятӣ дар кишвари ҳамсоя ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва амнияти тамоми минтақа таъсири бевосита мерасонад.
Вазъи Афғонистон аз чанд ҷиҳат аҳаммияти махсуси амниятӣ дорад. Аввалан, хатари паҳншавии фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, инчунин имконияти истифодаи қаламрави Афғонистон аз ҷониби сохторҳои ифротгаро барои фаъолияти фаромиллӣ боқӣ мемонад. Дуюм, қочоқи маводи мухаддир, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромиллӣ метавонанд ба суботи сиёсӣ ва иҷтимоии кишварҳои минтақа таъсири манфӣ расонанд. Сеюм, масъалаҳои муҳоҷирати маҷбурӣ, буҳронҳои башардӯстона ва ноустувории иҷтимоию иқтисодӣ низ ҷузъи муҳими муҳити амниятии минтақа ба ҳисоб мераванд.
Аз ин лиҳоз, таъмини амнияти сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон бояд ҳамчун ҷузъи таркибии амнияти минтақавӣ баррасӣ гардад. Дар ин самт ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дорои аҳаммияти махсус буда, фарогири табодули иттилооти оперативӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омодасозии кадрҳои низомӣ, такмили имкониятҳои техникии ҳифзи сарҳад ва муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ мебошад.
Ҳамзамон, зарур аст таъкид намуд, ки таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон танҳо бо чораҳои ҳарбӣ маҳдуд намегардад. Он муносибати маҷмуӣ, аз ҷумла ҳамкории дипломатӣ, мубодилаи иттилоот, чораҳои пешгирикунанда, рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҳамкории байналмилалиро талаб мекунад.
Аз ин нуқтаи назар, ҳамкории Тоҷикистон ва Россия бояд на танҳо ба вокуниш ба таҳдидҳои мавҷуда, балки ба ташаккули механизмҳои пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ва таҳкими иқтидори устувории амниятии минтақа равона карда шавад.
Ҷанбаи дигари муҳими ҳамкории ду кишвар иштироки фаъолонаи онҳо дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мебошад. СААД ҳамчун механизми бисёрҷонибаи таъмини амнияти дастҷамъӣ барои ҳамоҳангсозии иқдомҳои давлатҳои аъзо дар муқобили таҳдидҳои ҳарбӣ ва ғайриҳарбӣ заминаи институтсионалӣ фароҳам меорад.
Боиси зикр аст, ки 10 ноябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои СААД ба Федератсияи Россия сафар намуда, 11 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии ин созмон дар шаҳри Москва иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҳими ҳамкории давлатҳои аъзо, аз ҷумла таҳкими мубориза бар зидди терроризм, ҳамоҳангсозии иқдомҳои зиддитеррористӣ, рушди ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва ҳарбию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин зарурати истифодаи васеи имкониятҳои созмон ва таҳкими ҳамкории байнипарлумониро таъкид намуданд.
Ин рӯйдодро дар робита бо сафари кории Президенти Россия ба Тоҷикистон аз нигоҳи пайдарҳамии равандҳои дипломатӣ ва амниятӣ муҳим арзёбӣ кардан мумкин аст. Мулоқоти роҳбарони ду давлат дар ҳошияи чорабиниҳои СААД ва идомаи муколамаи онҳо дар Душанбе барои ҳамоҳангсозии мавқеъҳо оид ба масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ заминаи иловагӣ фароҳам меорад.
Дар баробари ин, бояд таъкид намуд, ки СААД ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Россия вазифаҳои ба ҳам алоқаманд, вале аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ фарқкунанда доранд. Ҳамкории дуҷониба имкон медиҳад, ки масъалаҳои мушаххаси амниятӣ тавассути механизмҳои мустақими байнидавлатӣ ҳаллу фасл гарданд, дар ҳоле ки СААД барои ҳамоҳангсозии иқдомҳои дастаҷамъонаи давлатҳои аъзо хизмат мекунад.
Аз ин рӯ, самаранокии сиёсати амниятии минтақа ба ҳамоҳангии механизмҳои дуҷониба ва бисёрҷониба вобастагии назаррас дорад.
Дар низоми муносибатҳои Тоҷикистону Россия ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Яке аз унсурҳои асосии ин ҳамкорӣ ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар заминаи созишномаҳои байнидавлатӣ фаъолият мекунад.
Аҳаммияти ин пойгоҳро бояд дар доираи ҳамкории низомӣ, омодагии ҷангӣ, такмили малакаҳои касбии ҳайати шахсӣ ва ҳамоҳангсозии иқтидори мудофиавии ду давлат таҳлил намуд. Ҳамзамон, масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ танҳо бо ҳузури сохторҳои ҳарбӣ маҳдуд набуда, рушди низоми миллии мудофиа, тақвияти неруҳои сарҳадӣ ва баланд бардоштани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро низ дар бар мегирад.
Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, асоси чунин ҳамкорӣ санадҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ва уҳдадориҳои тарафҳо дар доираи механизмҳои байналмилалии амниятӣ мебошанд. Аз ин рӯ, эҳтироми соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва манфиатҳои миллии ҳар ду давлат бояд ҳамчун принсипи бунёдии рушди минбаъдаи ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ баррасӣ гардад.
Дар шароити муосир доираи таҳдидҳои амниятӣ пайваста тағйир меёбад. Агар қаблан масъалаҳои амният асосан бо ҳифзи сарҳад ва муқовимат ба таҳдидҳои ҳарбӣ алоқаманд бошанд, имрӯз онҳо ҳамчунин амнияти киберӣ, мубориза бо маблағгузории терроризм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳифзи инфрасохтори муҳими давлатиро фаро мегиранд.
Бинобар ин, густариши ҳамкории Тоҷикистону Россия дар самтҳои зикршуда метавонад ба ташаккули низоми мукаммалтари муқовимат ба таҳдидҳои муосир мусоидат намояд.
Муносибатҳои амниятии Тоҷикистон ва Россия аз равобити сиёсӣ ва иқтисодии ду давлат ҷудонашаванда мебошанд. Таҷрибаи муносибатҳои дуҷониба нишон медиҳад, ки рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, саноат ва нақлиёт барои таҳкими суботи иҷтимоию иқтисодӣ ва фароҳам овардани заминаҳои устувори ҳамкории стратегӣ аҳаммияти калон дорад.
Моҳи октябри соли 2025 сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки самтҳои гуногуни муносибатҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро фаро мегирифтанд. Дар байни онҳо Изҳороти муштараки сарони ду давлат оид ба амиқтар намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ ҷойгоҳи махсус дошт.
Омили дигари муҳими муносибатҳои дуҷониба муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Дар Россия қисме аз шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ доранд ва ин раванд на танҳо аҳаммияти иҷтимоию иқтисодӣ, балки ҷанбаи муайяни амниятӣ низ касб мекунад. Аз ин рӯ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи муҳоҷират, такмили механизмҳои бақайдгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ҳамчун самти муҳими ҳамкории байнидавлатӣ баррасӣ гардад.
Дар ин замина, ҳамкории иқтисодӣ ва амниятӣ хусусияти мутақобилан тақвиятдиҳанда доранд: суботи амниятӣ барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ шароит фароҳам меорад ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дар навбати худ, ба коҳиш додани омилҳои осебпазирии амниятӣ мусоидат мекунад.
Ҳамин тариқ, сафари кории Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун идомаи муколамаи сатҳи олии сиёсӣ ва марҳилаи муҳими баррасии масъалаҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии ду давлат арзёбӣ намуд. Мазмун ва аҳаммияти он, пеш аз ҳама, дар робита ба зарурати таҳкими амнияти минтақавӣ, муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати амниятии Тоҷикистону Россия зоҳир мегардад.
Дар маҷмуъ, метавон таъкид намуд, ки шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи амният дорои хусусияти бисёрҷанба буда, на танҳо ба ҳалли масъалаҳои ҷории ҳарбӣ ва сиёсӣ, балки ба ташаккули муҳити устувори амниятӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.
Аз ин нуқтаи назар, сафари кории Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон аҳаммияти худро ҳамчун як рӯйдоди муҳими дипломатӣ ва заминаи идомаи муколамаи стратегии ду давлат дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ касб менамояд.
РАҲИМОВ Анвар Зуҳурович, ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои МустақилиИнститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ