АЗ ИҶЛОСИЯИ XVI ТО ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ: РОҲИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТ

43dd19357c_sesijai-16-um-1992-kopija (1).webp

16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама сола ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн аз яке руйдодҳои сарнавиштсоз ва тақдирсози таърихи навини давлатдории тоҷикон сарчашма мегирад. Маҳз 16 ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва роҳбарии давлатро ба уҳда гирифтанд. Баъдан ин санаи таърихӣ расман бо қарори Парлумони кишвар аз 15 апрели соли 2016 ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд. Ин як нуқтаи гардиш дар таърихи кишвар ҳисобида мешавад, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ оварда расонид.

Бинобар ин, ташаккули давлатдории миллии Тоҷикистон на дар шароити орому осуда, балки дар вазъияти буҳронӣ ва дар мубориза барои ҳифзи истиқлолият сурат гирифт. Иҷлосияи XVI низ маҳз дар чунин шароити ҳассос баргузор гардид ва иштирокдорони он дар таърихи навини Тоҷикистон нақши худро гузоштанд. Санаи 16 ноябр дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хос дорад. Ин сана моро ба андеша дар бораи таърихи давлатдории навини кишвар, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва нақши шахсиятҳое, ки дар марҳилаҳои сарнавиштсози таърихӣ барои ояндаи давлат масъулияти бузург ба уҳда доштанд, водор месозад.

Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо рӯйдодҳои муҳиму тақдирсозе пайваст мебошад, ки яке аз онҳо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иҷлосия аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар кори он аз 222 вакил 197 нафар иштирок намуд ва дар он 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид.

Дар он рӯзҳои тақдирсоз масъулияти бузурги таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва муттаҳид намудани ҷомеа ба зиммаи роҳбарияти нави кишвар вогузор гардид. Яке аз хусусиятҳои муҳими фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра таваҷҷуҳи пайваста ба масъалаи сулҳу оштии миллӣ буд. Ӯ ҷонибҳои даргирро ба канор гузоштани кинаву адоват, даст кашидан аз муқовимати мусаллаҳона ва барқарор намудани ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекарданд. Дар чунин шароит, андешидани тадбирҳои сиёсӣ ва баргузории гуфтушунидҳои минбаъда бо мақсади ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ ва таъмини амнияти кишвар аҳаммияти махсус пайдо намуданд. Ҳамзамон, барқарорсозӣ ва таҳкими сохторҳои давлатӣ, таъмини фаъолияти мунтазами мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташаккули заминаҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ба самтҳои асосии фаъолияти роҳбарияти кишвар табдил ёфтанд. Ин раванд дар солҳои минбаъда идома ёфта, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 марҳилаи муҳими худро пайдо кард.

Иҷлосияи тақдирсоз ва нақши вакилони мардумӣ дар он шароити хеле бузург буд. Он рӯзҳо барои Тоҷикистони соҳибистиқлол давраи бисёр мураккаб буда, сохторҳои давлатӣ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида, дар ҷомеа ихтилофҳои сиёсӣ ва нооромӣ ҳукмфармо буданд. Дар чунин вазъият баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ худ як масъулияти бузурги таърихӣ ба шумор мерафт. Дар миёни иштирокдорони он иҷлосияи таърихӣ чеҳраҳои гуногуни сиёсиву ҷамъиятӣ қарор доштанд, ки бо мавқеи худ дар қабули қарорҳои тақдирсоз саҳм гузоштанд. Яке аз чунин шахсиятҳо Адолат Раҳмонова, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мебошад. Ӯ дар ёддоштҳо ва суҳбатҳои худ борҳо таъкид кардааст, ки вазъияти он рӯзҳо бисёр мураккаб буд. Ба гуфтаи ӯ, баргузории иҷлосия дар Душанбе ба далели вазъи ноором имконнопазир гардида буд ва маҳз барои таъмини имкони кори вакилони мардумӣ шаҳри Хуҷанд интихоб гардид. Ӯ ёдовар мешавад, ки дар он рӯзҳо ҳатто амнияти вакилон кафолат дода намешуд. Ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки иштирок дар иҷлосия барои вакилони мардумӣ танҳо иҷрои вазифаи расмӣ набуд. Онҳо дар шароите қарор доштанд, ки ҳар қарор метавонист ба раванди минбаъдаи давлатдорӣ таъсири ҷиддӣ расонад.

Адолат Раҳмонова - иштирокчии воқеаҳои сарнавиштсоз буда, нақши ӯ дар он давраи таърихӣ танҳо бо иштирок дар ҷаласаҳо маҳдуд нашудааст. Тибқи маълумоти нашршуда, ҳангоми омодагӣ ва оғози кори Иҷлосияи XVI гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ мавқеъҳои мухталиф доштанд ва барои расидан ба мувофиқа зарурати гуфтугӯ ва созиш ба миён омада буд. Дар яке аз нақлҳои худ ӯ мегӯяд, ки барои мувофиқа ва ба роҳ мондани кори иҷлосия комиссияи оштӣ таъсис дода шуд ва ӯ низ узви ин комиссия буд. Комиссия масъалаҳои марбут ба рӯзномаи иҷлосияро баррасӣ карда, барои ба кори муназзам оғоз намудани он талош намудааст. Ин саҳми ӯро метавон яке аз намунаҳои масъулияти вакилони мардумӣ дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ арзёбӣ кард. Зеро дар чунин шароит роҳи осони ҳалли масъалаҳо вуҷуд надошт ва расидан ба тавофуқ миёни неруҳои гуногун сабру таҳаммул, гуфтугӯ ва эҳсоси масъулияти миллӣ талаб мекард. Ӯ дар суҳбатҳои баъдӣ аҳаммияти Иҷлосияи XVI-ро барои таърихи Тоҷикистон махсус таъкид намуда, интихоби роҳбарияти нави кишварро аз муҳимтарин қарорҳои он медонад. Ба гуфтаи ӯ, вакилони мардумӣ бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ дар шароити ҳассоси онвақта қарор қабул карданд, ки аҳаммияти таърихии худро минбаъд нишон дод.

Дар он лаҳзаҳои пурмасъулият, бояд гуфт, ки иштирок дар чунин рӯйдоди таърихӣ дар шароити мураккаби сиёсӣ худ далели масъулияти бузурги шаҳрвандӣ буд. Адолат Раҳмонова дар яке аз мусоҳибаҳои худ аз воқеаҳои пурошӯби он солҳо ёд карда, аз ҷумла гуфтааст, ки дар оғози гирдиҳамоиҳои соли 1992 як қатор вакилон ва аъзои Ҳукумат гаравгон гирифта шуда буданд. Ӯ ин воқеаҳоро ҳамчун шоҳиди бевоситаи он давра баён кардааст. Аз ин рӯ, нақши шахсоне чун Адолат Раҳмонова дар омӯзиши таърихи Иҷлосияи XVI муҳим аст. Зеро таърих танҳо аз қарорҳо ва санадҳо иборат нест. Хотираҳои иштирокдорони воқеаҳо имкон медиҳанд, ки насли имрӯза фазои он рӯзҳоро беҳтар дарк кунад ва бифаҳмад, ки қарорҳои давлатӣ дар чӣ гуна шароит қабул шудаанд.

Адолат Раҳмонова баъдтар дар бораи аҳаммияти ин интихоб чунин мавқеъ баён кардааст, ки вақт дурустии қарори вакилони мардумиро нишон дод. Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки Иҷлосияи XVI дар роҳи ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва гузоштани заминаҳои сулҳу субот дар кишвар аҳаммияти бузург дошт. Дар ҳақиқат, барои дарки таърихии ин давра муҳим аст, ки саҳми ҳар як иштирокчии иҷлосия дар доираи нақши воқеии ӯ омӯхта шавад. Ӯ ҳамчун вакили мардумӣ ва иштирокчии бевоситаи иҷлосия яке аз шахсоне мебошад, ки хотира ва мавқеи ӯ барои таҳқиқи он рӯзҳои сарнавиштсоз аҳаммияти таърихӣ дорад. Қиссаи зиндагӣ ва фаъолияти ӯ дар ин замина барои насли ҷавон низ омӯзанда аст. Он нишон медиҳад, ки дар лаҳзаҳои душвор мавқеи шаҳрвандӣ, ҷасорати инсонӣ, масъулиятшиносӣ ва талош барои ба даст овардани ҳамдигарфаҳмӣ метавонанд аҳаммияти бузург пайдо кунанд.

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ масъалаҳои муҳими давлатӣ баррасӣ гардида, роҳбарияти нави кишвар интихоб шуд, як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки дар боло зикр кардем ва барои таҳкими сохторҳои давлатӣ замина гузошта шуд. Аз ҷумла, 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Интихоби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 1992 яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихи навини давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Аҳамияти ин интихоб пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардид, ки кишвар дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ қарор дошт ва ҷомеа ба роҳбарияте ниёз дошт, ки тавонад барои барқарор намудани сулҳу субот, ҳифзи тамомияти арзӣ ва муттаҳид сохтани мардум иқдом намояд. Дар он шароит интихоби Эмомалӣ Раҳмон бо умеди барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ ва пешгирӣ аз парокандашавии кишвар алоқаманд буд. Ӯ дар нахустин марҳилаи фаъолияти роҳбарии худ масъалаи расидан ба сулҳ, ҳифзи истиқлолият ва барқарор намудани давлатдориро ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян кард. Аҳамияти таърихии ин интихобро метавон дар чанд самт арзёбӣ намуд, якум ташаккули роҳбарияти нави сиёсӣ дар шароити буҳрони шадиди давлатӣ (1); дуюм гузоштани заминаи раванди музокироти сулҳ ва оштии миллӣ (2); сеюм барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ (3); чорум фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол (4) ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар (5). Бояд таъкид намуд, ки натиҷаҳои минбаъдаи раванди сулҳ маҳсули фаъолияти ҷонибҳои гуногун ва миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ низ буданд. Аммо нақши роҳбарияти давлат дар ба роҳ мондани музокирот ва расидан ба созиши умумӣ аз аҳамияти бузург бархӯрдор буд. Аз ин ҷиҳат, интихоби соли 1992 дар таърихи сиёсӣ ҳамчун марҳилаи муҳими гузариш аз буҳрон ба барқарорсозии давлатдорӣ арзёбӣ мегардад.

Хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории миллии Тоҷикистони муосирро метавон дар заминаи як қатор равандҳои муҳимми сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ намуд.

Якум, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ. Яке аз дастовардҳои муҳимтарини давраи роҳбарии Ӯ ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 мебошад. Ин созишнома барои қатъи муқовимати мусаллаҳона, оғози марҳилаи оштии миллӣ ва барқарорсозии ҳаёти осоишта замина гузошт.

Дуюм, ташаккули заминаҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихи давлатдории навини кишвар мебошад. Конститутсия Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, асосҳои сохтори сиёсӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва принсипҳои фаъолияти мақомоти давлатиро муайян кард.

Сеюм, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ. Дар марҳилаи баъдиҷангӣ барои таҳкими мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташаккули низоми қонунгузорӣ, тақвияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амнияти миллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Чорум, рушди иқтисоди миллӣ ва инфрасохтори. Барқарорсозии роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, рушди соҳаҳои саноат, энергетика ва нақлиёт аз самтҳои муҳими сиёсати давлат гардиданд. Ин раванд барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва таҳкими истиқлолияти иқтисодии кишвар аҳамияти калон дошт.

Панҷум, таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ. Ба омӯзишу ҳифзи таърихи миллӣ, эҳтиром ба забони давлатӣ, фарҳанг, анъана ва мероси ниёгон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таҷлили ҷашнҳои таърихӣ, аз ҷумла 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ саҳм гузоштанд.

Шашум, ташаккули сиёсати хориҷии мустақил. Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви созмонҳои байналмилалӣ гардид ва дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ фаъолона иштирок кард. Ҳамин тариқ, хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули давлатдории миллӣ пеш аз ҳама дар заминаи ҳифзи истиқлолият, раванди сулҳ, таҳкими сохтори конститутсионӣ, барқарорсозии давлат ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ таҳлил кардан зарур аст.

Имрӯз, ки Тоҷикистон роҳи рушди худро идома медиҳад, омӯзиши воқеаҳои солҳои аввали истиқлол аҳаммияти махсус дорад. Насли ҷавон бояд донад, ки давлатдории соҳибистиқлол чӣ гуна ташаккул ёфт, кадом мушкилот паси сар шуданд ва барои ҳифзи сулҳу субот чӣ гуна талошҳо сурат гирифтанд. 16 ноябр, ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонад на танҳо рӯзи таҷлили як санаи давлатӣ, балки рӯзи эҳтиром ба таърих, давлатдорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Хотираи иштирокдорони Иҷлосияи XVI, аз ҷумла, Адолат Раҳмонова, яке аз сарчашмаҳои муҳими шинохти воқеаҳои он давра мебошад. Омӯзиши чунин хотираҳо ба мо имкон медиҳад, ки таърихи давлатдории навини Тоҷикистонро амиқтар дарк намоем ва арзиши сулҳу ваҳдату суботро бештар қадр кунем. Таърих аз мо танҳо ёдоварӣ намехоҳад, балки моро ба хулосабарорӣ ва масъулиятшиносӣ даъват мекунад ва дар ин роҳ таҷрибаи наслҳое, ки рӯзҳои душвори давлатсозиро аз сар гузаронидаанд, барои имрӯзу фардои кишвар аҳаммияти хос дорад.

Сомон Ғоибназарзода, ходими хурди илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

reader loved this