ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ОН ДАР ЭҲЁИ ИЛМИ АСТРОФИЗИКАИ ТОҶИК

Ruzi-Prezident (1).jpg

Миллати воломақоми тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти худ ҳамчун миллати соҳибтамаддуну тамаддунофар шинохта шуда, дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштааст. Дар бунёди давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва таъмини пешрафти ҷомеа нақши шахсиятҳои барҷастаи миллат ҳамеша муассир будааст. Таҷрибаи таърихӣ собит менамояд, ки пойдории давлат, ҳифзи истиқлолият ва рушди устувори ҷомеа пеш аз ҳама ба ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, хирадмандии роҳбарият ва саъю талоши созандаи шаҳрвандон вобастагии мустақим дорад.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихии давлатсозӣ ворид гардид. Аммо ин раванд дар шароити мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ сурат гирифта, кишвар ба буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ рӯ ба рӯ шуд. Муноқишаҳои дохилӣ, заиф гардидани сохторҳои давлатӣ, қатъ шудани фаъолияти як қатор муассисаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва шиддат гирифтани вазъи сиёсӣ ба амнияти миллӣ ва ояндаи давлати тозаистиқлол таҳдид мекарданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992–1997 идома ёфт, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, аз ҷумла иқтисодиёт, маориф, фарҳанг ва илм, таъсири манфии ҷиддӣ расонид.

Дар чунин шароити сарнавиштсоз ҷомеаи Тоҷикистон ба қабули қарорҳои муҳимми сиёсӣ ва таърихӣ ниёз дошт. Маҳз дар ҳамин давраи ҳассос, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ба кори худ оғоз намуд. Ин иҷлосия дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз сабт гардида, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар заминаи муҳим фароҳам овард.

Аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ барои барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ қарорҳои муҳим қабул карда шуданд. Дар маҷмӯъ, дар иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид. Ин санадҳо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, барқарорсозии сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи сиёсати дохилию хориҷии кишвар аҳаммияти назаррас доштанд.

Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба зиммаи ӯ вогузор гардидани ваколатҳои Сарвари давлат аз рӯйдодҳои муҳимми иҷлосия ба шумор меравад. Сиёсати сулҳҷӯёна, иродаи устувори сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат барои барқарор намудани сулҳу субот, расидан ба ризоияти миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Аз ин нуқтаи назар, Иҷлосияи XVI на танҳо як рӯйдоди муҳими сиёсӣ, балки марҳалаи ибтидоии ташаккули низоми муосири давлатдории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Муҳимияти таърихии ин иҷлосияро инчунин аз таъсири он ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии мамлакат арзёбӣ кардан мумкин аст. Зеро пешрафти устувори давлат танҳо бо таҳкими сохторҳои сиёсӣ маҳдуд намегардад, балки рушди илму маориф, баланд бардоштани иқтидори зеҳнии ҷомеа, ташаккули муҳити мусоиди таҳқиқотӣ ва истифодаи самараноки дастовардҳои илмию техникиро низ тақозо менамояд. Дар ин раванд, рушди илм ва дастгирии муассисаҳои илмӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ба нақши илм, маориф, дониш ва технологияҳои муосир дар пешрафти ҷомеа таъкид намудаанд. Маҳз чунин муносибат барои таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳам овардааст.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Бо дарназардошти аҳаммияти ин соҳаҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва пешрафти технологияҳои муосир, бо ташаббуси Пешвои миллат солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълими илмҳои дақиқ, рушди тафаккури техникӣ, густариши фаъолияти таҳқиқотӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар низоми илмии кишвар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии таҳқиқоти астрономӣ мавқеи муҳим дорад. Фаъолияти институт ба омӯзиши сохтор ва хусусиятҳои физикию динамикии ҷирмҳои осмонӣ, қонуниятҳои ҳаракати онҳо, таҳқиқи ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, ситораҳо ва дигар ҳодисаҳои астрофизикӣ равона гардидааст. Расадхонаҳои астрономии институт, аз ҷумла расадхонаҳои Санглох ва Ҳисор, ҳамчун пойгоҳҳои муҳими мушоҳидавӣ дар рушди илми астрономияи тоҷик саҳми арзишманд мегузоранд.

Яке аз намунаҳои барҷастаи дастгирии давлатӣ дар самти рушди илми астрономияи тоҷик эҳё ва барқарорсозии фаъолияти Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох мебошад. Расадхонаи Санглох дар баландкӯҳи Санглох, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, дар масофаи тақрибан 90 километр аз шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Пас аз гузаронидани таҳқиқоти махсуси илмӣ дар солҳои 1960–1975 ва муайян намудани шароити мусоиди иқлими астрономии ин минтақа, соли 1980 расадхона ба фаъолият оғоз намуд. Дар он телескопи оинагии якметраи Сейсс-1000, ки аз ҷониби ширкати машҳури олмонии Carl Zeiss истеҳсол шудааст, насб гардид. Дар давраи фаъолияти пурсамари расадхона мушоҳидаҳои гуногуни астрономӣ, аз ҷумла омӯзиши ситораҳо, кометаҳо, астероидҳо ва таҳқиқоти поляриметрии ҷирмҳои осмонӣ гузаронида мешуданд. Бо назардошти шароити мусоиди иқлимӣ, шаффофияти атмосфера ва имкониятҳои техникии телескопи якметра, Расадхонаи Санглох яке аз пойгоҳҳои муҳими мушоҳидавии астрономии минтақа ба ҳисоб мерафт.

Мутаассифона, воқеаҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ба фаъолияти расадхона таъсири манфӣ расонида, низоми идоракунии телескопи якметра осеб дид ва фаъолияти мушоҳидавии он қатъ гардид. Дар натиҷа, таҷҳизоти асосии расадхона беш аз ду даҳсола дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт. Бо мақсади барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи илми астрономияи тоҷик солҳои 2014–2016 корҳои таъмиру навсозии телескопи Сейсс-1000 амалӣ карда шуданд. Дар натиҷаи ин тадбирҳо низоми идоракунии телескоп такмил ёфта, имконияти равонасозии автоматии он ба объектҳои осмонӣ аз рӯйи координатаҳо фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон, насби таҷҳизоти нимноқили барқӣ (камераи рақамии CCD) ва истифодаи барномаҳои махсуси компютерӣ имкониятҳои мушоҳидавӣ ва коркарди маълумоти астрономиро ба таври назаррас васеъ намуд.

8 июни соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох расман аз нав ба фаъолият оғоз намуд. Ин рӯйдод дар таърихи илми астрономияи тоҷик марҳалаи муҳим буда, барои эҳёи таҳқиқоти мушоҳидавӣ, рушди ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавон имкониятҳои нав фароҳам овард. Зимни шиносоӣ бо шароити фаъолияти расадхона Пешвои миллат ба аҳаммияти он дар рушди илми ватанӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зарурати густариши ҳамкорӣ бо марказҳои илмии кишварҳои пешрафтаро таъкид карданд. Ин дастгирӣ барои таҳкими минбаъдаи мавқеи Институти астрофизика дар низоми илмии кишвар заминаи муҳим гардид.

Дар шароити рушди босуръати илму техника ва ҷорӣ гардидани технологияҳои рақамӣ дар таҳқиқоти астрономӣ, навсозии пайвастаи таҷҳизоти мушоҳидавӣ яке аз талаботи асосии рушди астрофизика ба ҳисоб меравад. Имрӯз самаранокии таҳқиқоти астрономӣ на танҳо ба имкониятҳои оптикии телескопҳо, балки ба ҳассосияти камераҳои рақамӣ, дақиқии системаҳои ченкунӣ, имкониятҳои филтркунии спектрӣ ва сифати коркарди маълумоти мушоҳидавӣ вобастагии мустақим дорад.

Аз ин рӯ, тақвияти заминаи моддию техникии расадхонаҳои астрономӣ ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти муосир яке аз шартҳои муҳимми баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва рақобатпазирии таҳқиқоти ватанӣ мебошад. Дар ин замина, 1 октябри соли 2026 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидати Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо саҳми роҳбарияти Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими заминаи моддию техникии муассиса, институт бо се маҷмуаи таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид. Маҷмуаҳои мазкур камераи илмии рақамии истеҳсоли ширкати FLI (Finger Lakes Instrumentation), механизмҳои ивазкунандаи филтрҳо ва маҷмуаи филтрҳои оптикии фарохмаҷро ва тангмаҷроро дар бар мегиранд.

Дастрас гардидани ин таҷҳизот дар самти навсозии пойгоҳи техникии институт ва баланд бардоштани имкониятҳои мушоҳидавии расадхонаҳои он қадами муҳим ба ҳисоб меравад. Махсусан, истифодаи камераи илмии рақамии FLI имкон медиҳад, ки нури аз ҷирмҳои осмонӣ қабулшуда ба маълумоти рақамӣ табдил дода шуда, барои коркард ва таҳлили минбаъдаи илмӣ истифода гардад.

Камераҳои илмии рақамӣ дар астрономияи муосир яке аз воситаҳои асосии сабти маълумоти мушоҳидавӣ ба ҳисоб рафта, барои муайян намудани координатаҳо, чен кардани дурахшонӣ ва таҳқиқи тағйироти физикии объектҳои осмонӣ истифода мешаванд. Дар якҷоягӣ бо телескоп ва низоми мувофиқи коркарди тасвирҳо чунин камераҳо имконият медиҳанд, ки мушоҳидаҳои астрометрӣ ва фотометрӣ бо дақиқии баланд анҷом дода шаванд. Ҷанбаи дигари муҳимми таҷҳизоти нави дастрасгардида истифодаи механизмҳои ивазкунандаи филтрҳо мебошад. Ин механизмҳо барои тағйир додани филтрҳои оптикӣ дар ҷараёни мушоҳида хизмат намуда, имконият медиҳанд, ки объектҳои осмонӣ дар диапазонҳои гуногуни спектрӣ сабт карда шаванд. Истифодаи филтрҳои фарохмаҷро ва тангмаҷро барои ҳалли масъалаҳои гуногуни таҳқиқотӣ аҳаммияти махсус дорад.

Филтрҳои фарохмаҷро барои чен кардани дурахшонии объектҳо дар минтақаҳои муайяни спектри оптикӣ истифода шуда, дар омӯзиши хусусиятҳои фотометрии ҷирмҳои осмонӣ нақши муҳим мебозанд. Филтрҳои тангмаҷро бошанд, барои ҷудо намудани минтақаҳои нисбатан маҳдуди спектрӣ ва таҳқиқи хусусиятҳои муайяни радиатсияи объектҳо имконият фароҳам меоранд. Истифодаи якҷояи чунин филтрҳо барои таҳлили муқоисавии маълумоти мушоҳидавӣ ва омӯзиши хусусиятҳои физикии ҷирмҳои осмонӣ заминаи зарурӣ мегузорад.

Аз нуқтаи назари самтҳои илмии Институти астрофизика, истифодаи таҷҳизоти мазкур метавонад имкониятҳои таҳқиқотиро дар омӯзиши ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, аз ҷумла астероидҳо, кометаҳо ва метеороидҳо, васеъ намояд. Мушоҳидаҳои астрометрӣ барои муайян кардани координатаҳои объектҳо, такмил додани унсурҳои мадории онҳо ва таҳқиқи тағйироти ҳаракати мадорӣ аҳаммияти муҳим доранд. Маълумоти фотометрӣ бошад, барои омӯзиши тағйироти дурахшонӣ, даври гардиш, хусусиятҳои сатҳӣ ва баъзе параметрҳои физикии ин объектҳо истифода мешавад.

Махсусан, таҳқиқи астероидҳои наздизаминӣ ва объектҳои эҳтимолан хатарнок барои Замин яке аз масъалаҳои мубрами астрономияи муосир ба ҳисоб меравад. Барои муайян намудани мадори чунин объектҳо ва пешгӯии мавқеи онҳо дар оянда мушоҳидаҳои мунтазам ва ченкуниҳои дақиқи астрометрӣ заруранд. Дар баробари ин, таҳлили маълумоти фотометрӣ метавонад барои муайян намудани хусусиятҳои физикии астероидҳо, аз ҷумла тағйироти дурахшонӣ ва даври гардиши онҳо, маълумоти муҳим пешниҳод намояд. Дар омӯзиши кометаҳо низ мушоҳидаҳои рақамии фотометрӣ аҳаммияти калон доранд. Таҳқиқи тағйироти дурахшонии кометаҳо дар минтақаҳои гуногуни спектр метавонад барои арзёбии фаъолияти ядро, тағйироти кома ва равандҳои физикию химиявии марбут ба хориҷшавии моддаҳои газу чанг маълумоти иловагӣ фароҳам оварад. Ҳамзамон, мушоҳидаҳои метеороидҳо ва селҳои метеорӣ дар якҷоягӣ бо усулҳои дигари таҳқиқотӣ барои омӯзиши хусусиятҳои динамикӣ ва робитаҳои пайдоишии ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ аҳаммияти илмӣ доранд. Истифодаи филтрҳои оптикӣ инчунин дар омӯзиши ситораҳои тағйирёбанда ва дигар объектҳои астрофизикӣ имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад. Мушоҳидаҳои мунтазам дар якчанд диапазони спектрӣ барои муқоисаи маълумоти бадастомада, муайян намудани тағйироти дурахшонӣ ва таҳлили хусусиятҳои физикии объектҳо мусоидат мекунанд.

Дар баробари васеъ намудани доираи таҳқиқоти илмӣ, таҷҳизоти нави астрономӣ барои ташкили низоми муназзами мушоҳидаҳо ва ташаккули бойгонии рақамии маълумоти илмӣ низ заминаи муҳим фароҳам меорад. Ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумоти мушоҳидавӣ имкон медиҳад, ки натиҷаҳои таҳқиқот дар давраҳои гуногун муқоиса ва таҳлил гардида, барои омода намудани мақолаҳои илмӣ, рисолаҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ истифода шаванд. Ҷанбаи дигари ин бошад дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои омодасозии кадрҳои ҷавони илмӣ ифода меёбад. Ҷалби донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон ба раванди мушоҳидаҳои астрономӣ, коркарди тасвирҳои рақамӣ ва таҳлили маълумоти илмӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии онҳо мусоидат менамояд. Азхуд намудани усулҳои муосири мушоҳидавӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ яке аз омилҳои муҳимми ташаккули мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи астрономия ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дастрасӣ ба таҷҳизоти муосир барои густариши ҳамкориҳои илмии Институти астрофизика бо марказҳои байналмилалии таҳқиқотӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад. Истифодаи усулҳои муштараки мушоҳида, муқоисаи натиҷаҳои илмӣ ва мубодилаи маълумоти рақамӣ метавонад иштироки олимони тоҷикро дар барномаҳои байналмилалии омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ тақвият бахшад. Ҳамин тариқ, таъмин гардидани Институти астрофизика бо се маҷмуаи таҷҳизоти муосири астрономӣ дар соли 2026 идомаи мантиқии раванди навсозии пойгоҳҳои техникии расадхонаҳои кишвар ба ҳисоб рафта, барои рушди таҳқиқоти мушоҳидавӣ ва баланд бардоштани иқтидори илмии муассиса имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Хулоса

Таҳлили роҳи таърихии рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди минбаъдаи ҷомеа нақши муҳим бозидааст. Маҳз дар шароити сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ имкониятҳои зарурӣ барои пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илм, маориф ва технология, фароҳам омаданд.

Дар ин раванд, дастгирии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барои эҳё ва рушди иқтидори илмии кишвар аҳаммияти махсус дорад. Аз нав ба фаъолият оғоз намудани Расадхонаи Санглох дар соли 2016 ва таъмин гардидани институт бо таҷҳизоти муосири астрономӣ дар соли 2026 намунаҳои муҳими ин раванд мебошанд.

Дастрас гардидани камераи рақамии илмии FLI, механизмҳои ивазкунандаи филтрҳо ва маҷмуаи филтрҳои оптикии фарохмаҷрою тангмаҷро имкониятҳои нави мушоҳидавӣ ва таҳқиқотиро фароҳам оварда, барои баланд бардоштани сифати таҳқиқоти астрометрӣ ва фотометрӣ, омӯзиши хусусиятҳои физикии ҷирмҳои осмонӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ заминаи мусоид мегузорад.

Бешубҳа, истифодаи самараноки ин имкониятҳо, такмили усулҳои мушоҳида ва коркарди маълумоти астрономӣ, инчунин ҷалби насли ҷавон ба корҳои илмӣ барои таҳкими мактаби астрономии тоҷик ва рушди минбаъдаи илми астрофизикаи кишвар мусоидат хоҳад кард.

Аз ин лиҳоз, метавон таъкид намуд, ки дастгирии илм ва навсозии пойгоҳҳои техникии муассисаҳои илмӣ на танҳо сармоягузорӣ ба рушди имрӯза, балки саҳмгузорӣ дар ташаккули иқтидори зеҳнӣ, технологӣ ва илмии наслҳои ояндаи Тоҷикистон мебошад.

Муаллифон: Исмоилзода Ҷонмуҳаммад Абдуллохуҷҷа-ходими калони илмии Институти астрофизикаи АМИТ

Латипов Мунучеҳр Нурмаҳмадович-ходими илмии Институти астрофизикаи АМИТ

readers loved this