ВАЗЪИ ИҚЛИМИ САЙЁРА ДАР СОЛИ 2026 АЗ МЕЪЁР БЕРУН МЕРАВАД

piryah.jpg

Тибқи гузориши нави Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (СҶМ), дар соли 2026 давраи тӯлонии ҳарорати ниҳоят баланди ҷаҳонӣ, обшавии яхҳо ва баландшавии сатҳи баҳр идома дорад ва интизор меравад, ки падидаи хеле шадиди Эл-Нинйо боиси боз ҳам афзоиш ёфтани гармӣ ва падидаҳои шадиди обу ҳаво, аз ҷумла дар соли 2027 гардад. Дар гузориш хатарҳои пайдарпай (каскадӣ)-и марбут ба ин раванд барои муҳити зист, иқтисодиёт ва ҳаёти рӯзмарра таъкид шудаанд.

Паёмҳои калидӣ:

• Соли 2026 яке аз чаҳор соли гармтарин дар тамоми таърихи мушоҳидаҳо хоҳад шуд.

• Падидаи Эл-Нинйо гармиро шадидтар карда, хатарҳоро чандин маротиба меафзояд.

• Сатҳи баҳр ва захираи гармии уқёнус ба нишондиҳандаҳои рекордии баланд расидаанд.

• Падидаҳои шадиди обу ҳаво боиси талафоти бузурги иқтисодӣ ва инсонӣ мегарданд.

• Пешгӯиҳо ва огоҳиҳое, ки ба мушоҳидаҳои муттасил асос ёфтаанд, аҳамияти ҳаётан муҳим доранд.

Ҳарорати ҷаҳонӣ. Аномалияи ҳарорати миёнаи руизаминии ҷаҳонӣ дар моҳҳои январ – сентябри соли 2026 (баландтар аз нишондиҳандаи миёнаи солҳои 1850–1900 ба андозаи 1,47 °C ± 0,13 °C) бо нишондиҳандаҳои миёнаи солонаи соли 2025 (1,43 °C) ва соли 2023 (1,46 °C) муқоисашаванда буда, аз нишондиҳандаи рекордии соли 2024 (1,55 °C) пасттар аст. Ин арзёбӣ ба нӯҳ маҷмӯи додаҳои эътирофшудаи байналмилалӣ асос ёфтааст. Чаҳор соли охир, аз соли 2023 то соли 2026, гармтарин солҳо дар тамоми таърихи мушоҳидаҳо гардиданд.

Пиряхҳо дар соли 2025 беш аз 400 гигатонна яхро аз даст доданд, ки ин ба баландшавии сатҳи баҳр тақрибан ба андозаи 1 мм баробар аст. Ин ҳаҷми обшавии солона барои он кифоя мебуд, ки ҳар сония дар тӯли тамоми сол панҷ ҳавзи олимпӣ пур карда шавад. Дар соли 2025 обшавии яхҳо дар ҳамаи 19 минтақаи яхбандии ҷаҳон соли чорум пай дар пай мушоҳида гардид. Обшавии пиряхҳо ба омилҳои хатарҳои геологӣ, экология, захираҳои обии минтақавӣ ва сифати об ҳам дар наздикии бевоситаи пиряхҳо ва ҳам дар поёноби онҳо, инчунин ба тавозуни энергетикии ҷаҳонӣ ва тавозуни тағйирёбии сатҳи баҳр таъсир мерасонад.

Захираҳои обӣ - захираҳои ҷаҳонии об дар хушкӣ (обҳои зеризаминӣ, дарёҳо, обанборҳо, пиряхҳо ва қабати барф) аз соли 2014 инҷониб коҳиш меёбанд. Дар соли 2025 дар 42 %-и минтақаҳои таҳқиқшудаи саросари ҷаҳон захираҳои об дар обанборҳои рӯизаминӣ нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи бисёрсола дар сатҳи 25 фоиз поёнтар аз меъёр буданд.

Падидаҳои шадиди офатҳои табии ба ҳаёти одамон ва манбаъҳои зиндагии онҳо таъсир расонида, амнияти озуқавориро халалдор карданд, камбизоатиро амиқтар сохтанд ва ба кӯчиши аҳолӣ дар бисёр минтақаҳо мусоидат намуданд. Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, мавҷҳои гармӣ, хушксолӣ ва сӯхторҳои табиӣ дар Аврупо боиси беш аз 30 000 фавти бармаҳал гардида, ҳадди ақал дар ҳашт кишвар рекордҳои миллии ҳарорат ба қайд гирифта шуданд ва паёмадҳои вазнин дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёт мушоҳида шуданд.

Тибқи арзёбиҳо, ҳангоми мавҷи гармӣ дар моҳи апрели соли 2026 гармии шадид дар Ҳиндустон 146,5 млн нафарро фаро гирифт. Фурӯравии пирях дар Ҳимолой ва обхезии фалокатбори босуръат инкишофёбанда дар поёноби он дар охири моҳи август ҷони беш аз 1300 нафарро рабуда, ба иқтисодиёти Непал хисороти бузург расонид.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш изҳор дошт, ки «Мо ба давраи нави падидаҳои шадиди иқлимӣ ворид шудем. Падидаи пуриқтидортарини Эл-Нинио ба сайёрае зарба мезанад, ки бе ин ҳам бар асари тағйирёбии антропогении иқлим аз меъёр берун шудааст. Рекордҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои иқлимӣ нав шуданро идома медиҳанд. Талафот барои инсоният рӯ ба афзоиш аст. Ва онҳое, ки дар ҳодисаҳои рухдода камтар гунаҳкоранд, бештар ва сахттар аз ҳама зарар мебинанд. Роҳбарон бояд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат карда, раванди коҳиш додани партовҳоро суръат бахшанд, талошҳоро барои гузариши одилона аз намудҳои сӯзишвории истихроҷшаванда фаъол гардонанд ва кишварҳои осебпазирро бо маблағгузорӣ ва ҳимояе, ки ба он ниёз доранд, таъмин намоянд».

Ҳомидов Анвар-мудири шуъбаи гидрометеорология ва тағйирёбии иқлими Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ, номзади илмҳои географӣ.

readers loved this