СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ СУБОТ: ТАҲЛИЛИ ИЛМӢ-ОММАВИИ ҲАМКОРИҲОИ АМНИЯТИИ ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ ДАР ПАРТАВИ САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА ДУШАНБЕ (20 НОЯБРИ СОЛИ 2026)
Дар низоми мураккаб ва зудтағйирёбандаи муносибатҳои байналмилалии асри XXI масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ ба меҳвари асосии сиёсати хориҷии давлатҳо табдил ёфтааст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи ҳассоси геополитикии Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, бо Афғонистон марзи тӯлонии зиёда аз 1344-километра дорад, ҳамкории зичи амниятӣ бо шарики стратегии худ — Федератсияи Россия аҳамияти ҳаётӣ ва тақдирсоз касб мекунад. Ин робитаҳо на танҳо ба пайвандҳои таърихӣ ва ҳуқуқӣ такя мекунанд, балки ба мувофиқати манфиатҳои воқеии ду давлат дар мубориза бар зидди таҳдидҳои фаромарзӣ, терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир асос ёфтаанд.
Муносибатҳои Душанбе ва Маскав дар соҳаи амният дар тӯли беш аз се даҳсолаи истиқлолият аз марҳилаҳои гуногуни таҳаввул гузашта, имрӯз ба сатҳи баланди ҳампаймонӣ расидаанд. Сафари кории Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ба шаҳри Душанбе дар рӯзи 20 ноябри соли 2026 ва истиқболи гарму самимии ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани он аст, ки муколамаи олии сиёсӣ миёни ду кишвар на танҳо идома дорад, балки ба таҳкими бештари меъмории амнияти минтақавӣ нигаронида шудааст.
Ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистон ва Россия дар заминаи пойгоҳи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд, ки беш аз 300 созишномаву аҳдномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад. Дар меҳвари ин низом Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила (соли 1993) ва Аҳднома дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ, ки ба асри XXI нигаронида шудааст (соли 1999), қарор доранд. Ин санадҳои бунёдӣ механизмҳои вокуниши муштаракро ба хатарҳои низомӣ ва ғайринизомӣ муайян мекунанд. Илова бар ин, дар солҳои охир, бахусус пас аз сафари давлатии Президенти Россия ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2025, заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар бахшҳои нави амниятӣ низ густариш ёфт. Аз ҷумла, тасдиқи созишномаҳо оид ба вазъи ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва муҳоҷират, инчунин санадҳои ҳамкорӣ миёни воҳидҳои иктишофи молиявии ду кишвар, ки 19 ноябри соли 2026 дар ҳошияи ҷаласаи Гурӯҳи Авруосиёӣ ба имзо расиданд, нишон медиҳанд, ки шарикии амниятии ду давлат ҳамаи паҳлуҳои муқовимат бо ҷинояткориро фаро мегирад.
Яке аз рукнҳои асосии таъмини амнияти минтақавӣ ҳузури Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия дар қаламрави Тоҷикистон мебошад, ки бузургтарин пойгоҳи низомии Россия дар хориҷи кишвар ба шумор меравад. Тибқи созишномаҳои дуҷониба, ин пойгоҳ на танҳо ҳамчун омили боздорандаи таҳдидҳои беруна аз самти ҷануб хизмат мекунад, балки дар омодасозии мутахассисони низомӣ ва табодули таҷрибаи ҷангӣ бо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад. Дар баробари ин, Барномаи таҷдиди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки бо дастгирии техникии Федератсияи Россия амалӣ мегардад, имкон медиҳад, ки артиши миллии Тоҷикистон бо аслиҳаи муосир, техникаи зиреҳпӯш, воситаҳои дифои зиддиҳавоӣ ва системаҳои иктишофӣ муҷаҳҳаз гардад. Баргузории машқҳои муштараки низомӣ дар машқгоҳҳои Тоҷикистон, ба монанди «Ҳарбмайдон» ва «Лоҳур», нишон дод, ки ҳамоҳангии амалиётии қисмҳои низомии ду кишвар барои пешгирии убури ғайриқонунии марз ва безараргардонии гурӯҳҳои террористӣ дар сатҳи баланд қарор дорад.
Масъалаи таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти олии ҳарду кишвар қарор дорад. Аз нигоҳи илмӣ-таҳлилӣ, сарҳади ҷанубии Тоҷикистон на танҳо марзи миллии як кишвар, балки хатти аввали мудофиаи тамоми фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ (СААД) мебошад. Барои ҳифзи боэътимоди ин марз, хадамоти марзбонӣ ва ниҳодҳои махсуси Тоҷикистон ва Россия дар самтҳои гуногун фаъолияти муштаракро ба роҳ мондаанд. Машваратҳои мунтазами байниидоравӣ оид ба муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав, аз ҷумла машваратҳои 12 ноябри соли 2026 дар Маскав, ба мубодилаи фаврии маълумоти иктишофӣ ва пешгирии таблиғоти ифротӣ мусоидат мекунанд. Ҳамзамон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар амалиётҳои муштаракро барои қатъи масирҳои интиқоли маводи мухаддир роҳандозӣ намуда, ба ин васила сарчашмаҳои молиявии гурӯҳҳои ҷинояткорро хушк мекунанд. Илова бар ин, бо рушди технологияҳои рақамӣ, мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ва таъмини амнияти фазои иттилоотӣ низ ба як самти нави афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба табдил ёфтааст.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи амниятии Тоҷикистон ва Россия бо фаъолияти муштараки онҳо дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, пеш аз ҳама дар доираи СААД, СҲШ ва ИДМ, тақвияти бештар меёбанд. Дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД, ки 10–11 ноябри соли 2026 дар шаҳри Маскав бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, татбиқи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон яке аз мавзуъҳои меҳварӣ буд. Ин барнома имкон медиҳад, ки бо ҷалби захираҳои муштарак инфрасохтори дидбонгоҳҳои сарҳадӣ навсозӣ гардида, васоити муосири назорати техникӣ насб карда шаванд, ки ин дар маҷмуъ амнияти тамоми минтақаро ба сатҳи сифатан нав мебарорад.
Дар ҳамин замина, ташрифи кории Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 20 ноябри соли 2026 ва пазироии гарму самимии ӯ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди муҳими сиёсӣ ва рамзи эътимоди баланди мутақобила ба шумор меравад. Аҳамияти вижаи ин сафар дар он зоҳир мегардад, ки он бевосита пас аз мулоқоти кории сарони ду давлат дар Маскав ва иштироки Президенти Россия дар нишастҳои сатҳи олии байналмилалӣ сурат гирифта, имкон фароҳам овард, то муҳимтарин масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва минтақавӣ дар фазои созанда баррасӣ шаванд.
Дар меҳвари музокироти сатҳи олӣ дар Душанбе, ки ба маҷмӯи васеи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бахшида шудаанд, таъмини амнияти минтақавӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Пеш аз ҳама, сарони ду давлат ба ҳамоҳангии мавқеъҳо оид ба вазъи Афғонистон, арзёбии вазъи кунунии амниятӣ дар ин кишвари ҳамсоя ва натиҷаҳои тамосҳои дипломатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, зеро ҳамоҳангии сиёсати Душанбе ва Маскав дар ин самт барои пешгирии паҳншавии нооромӣ ба Осиёи Марказӣ нақши калидӣ мебозад. Ҳамчунин, баррасии масъалаҳои вобаста ба таъмини фаъолияти самаранок ва рушди минбаъдаи Пойгоҳи ҳарбии 201-ум ҳамчун кафили субот дар минтақа яке аз мавзӯъҳои асосии гуфтушунидҳои Душанбе маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, роҳбарони ду давлат бар он назаранд, ки амнияти устувор бидуни рушди иқтисодӣ имконнопазир аст; бинобар ин, тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, рушди саноат ва танзими мутамаддини равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки дар ҷараёни ин сафар мавриди баррасӣ қарор мегиранд, заминаи иҷтимоии суботро дар ҳарду кишвар таҳким мебахшанд.
Хулоса кардан мумкин аст, ки ҳамкориҳои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба як низоми мукаммал, бисёрсатҳа ва озмоишшудаи шарикии стратегӣ табдил ёфтаанд. Ин ҳамкориҳо на танҳо манфиатҳои миллии ду давлати дӯстро ҳифз мекунанд, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун сипари боэътимоди сулҳу субот хизмат менамоянд. Сафари кории Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ба шаҳри Душанбе дар таърихи 20 ноябри соли 2026 ва музокироти созандаи ӯ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа ба ин робитаҳои ҳампаймонӣ нерӯи тоза бахшида, уфуқҳои нави ҳамкориро дар роҳи таъмини амнияти пойдор ва шукуфоии ду кишвар боз мекунад.
Зиёев С.Н. – номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон