16 НОЯБР – ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ruzi-Prezident2 (1).jpg

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябр ҳамчун яке аз санаҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон таҷлил карда мешавад. Ин сана ба яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз ва тақдирсоз дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар иртиботи бевосита дорад. Дар як давраи ниҳоят вазнин ки ба ҳеҷкас на мансаб ва на вазифа муҳим буд, яъне 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ роҳбари давлат интихоб гардиданд ва савганд ёд намуд, ки ман тамоми ҳастиямро барои ин давлату миллат мебахшам. Ин рӯйдоди муҳим дар шароити ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ ба амал омад ва дар таърихи навини кишвар ҳамчун оғози марҳилаи муҳими барқарорсозии сохти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини ягонагии миллӣ нақши муассир гузошт.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба президент ва нақши он дар давлатдории муосири Тоҷикистон, тибқи қонунгузории кишвар 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид. Рӯзи Президент моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлатдорӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ назар афканем, дастовардҳои бадастомадаро арзёбӣ намоем ва дар баробари ин, масъулияти шаҳрвандии худро дар назди Ватан ва наслҳои оянда дарк кунем. Интихоби роҳбари давлат дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар даврае сурат гирифт, ки Тоҷикистон бо мушкилоти ниҳоят вазнини сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд. Давлат ба таҳкими сохторҳои идоракунӣ, барқарор намудани фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ ва пеш аз ҳама, ба таъмини сулҳу субот ва барқарорсозии эътимоди мардум ниёз дошт.

Дар чунин вазъияти мураккаб Президенти интихобшуда тамоми ҳасти худро фидои давлату миллат намуда масъалаи ҳифзи давлатдории миллӣ, пешгирии парокандагии ҷомеа ва фароҳам овардани шароит барои бозгашт ба зиндагии осоишта аҳамияти аввалиндараҷа дод, аз ин рӯ давраи мазкур яке аз марҳилаҳои муҳимми таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.Миллате, ки таърих ва фарҳанги худро хуб медонад, метавонад бо эътимод ба оянда қадам гузорад.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд танҳо як чорабинии тақвимӣ набошад. Ин сана метавонад ҳамчун фурсати муносиб барои дарки амиқи таърихи давлатдории навини кишвар, таҷасуми дастовардҳои даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки рушди давлат танҳо ба фаъолияти мақомоти давлатӣ вобаста нест. Пешрафти кишвар аз меҳнати созанда, дониш, фарҳанги ҳуқуқӣ, масъулиятшиносӣ ва мавқеи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа низ вобастагии зиёд дорад.

Рӯзи Президент моро ба қадршиносии давлатдорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди Ватан даъват менамояд. Ояндаи Тоҷикистон аз суботи имрӯза, аз сатҳи маърифати ҷомеа ва аз талошҳои созандаи насли имрӯз вобастагии зиёд дорад.

Садриддинов М.Р - ходими илми озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растании Институти ботаника, физиалогия ва генетикаи растании АМИТ

reader loved this